Қонуни тиб

Муолаҷа: Инро бо доруҳои гиранда ва часпонанда дармон кунанд, чунонки ту инро ҳамедонӣ ва чунонки
андар боби хун партофтан гуфта омад. Гоҳе агар ба бемор ду дирам гул бо оби сард ва гулнор бидиҳанд ва ё
ин ҳар дуро зимод кунанд, судманд хоҳад буд.27
Мақолаи чаҳорум
АНДАР баёни рутубатҳое, ки ҷигарро ориз шуда, ба сабаби ҷигар ё ба
таври ошкоро ронда шаванд ва ё ба таври ноаён банд бигарданд
Фасли нахустин
андар баёни намудҳои гуногуни чизҳое,
ки аз ҷигар ронда шаванд
Навъҳои ронда шудан гоҳо ба ҳасби гавҳари чизи рондашаванда гуногун буванд ва гоҳо ба сабабе, ки аз барои
он ронда шаванд. Аммо гавҳари чизи рондашаванда мумкин аст чизи килусӣ бошад, мумкин аст обакӣ бошад,
мумкин аст ба обе монанд бошад, ки андар он гӯшти тозаро шуста бошанд, мумкин аст заҳравӣ бошад, мумкин
аст чизи зардобӣ бошад, мумкин аст хунобагӣ бошад,
мумкин аст сиёҳи тунук, сиёҳи дурдмонанд ва сиёҳи савдовӣ бошад, мумкин аст бадбӯй бошад, мумкин аст ғайри
бадбӯй бошад ва мумкин аст хуни холис буда, гоҳе ин
гуна чиз аз тариқи меъда ба шакли қай берун ояд ва бар
ин ҳолат набудани дард гувоҳӣ диҳад. Ё мумкин аст он
чизи ситабри сиёҳ, яъне гавҳари гӯшти ҷигар бошад. Сабабе, ки аз барои он [модда] берун ояд, гоҳо омосе бошад,
ки бикафад, ё суддае бошад, ки кушода шуда, [аз рагҳо
модда] ронда бигардад, ё фатқ ва порашавие бошад, ки
андар ҷирм ва ё рагҳои ҷигар падид омада, сабаби он порашавӣ, ё кӯфтагӣ, ё маъюбӣ, ё реш, ё хӯра ва ё нотавонии қувваи нигоҳдоранда буда, чизи ҳосилшударо нигоҳ
доштан натавонад, ё нотавонии қувваи кашанда буда, он
кашидан натавонад ва ё нотавонии қувваи гуворанда
буда, он чизи андар [ҷигар] ҳосилшударо гуворидан натавонад ва ҳар гоҳ ногуворида бошад, тан онро напазирад
ва онро биронад. Ё мумкин аст сабаб қавӣ будани қувваи
ронанда бошад, ё бадмизоҷии гарме бошад, ки [моддаро]
бигудозад ва ё бадмизоҷии сарде бошад, ки ба иллати сабабҳои сардиоваранда ва аз ҷумла ба иллати истифроғҳои
зиёд [ҷигарро] нотавон кунад. Ё мумкин аст ронда шудан
ба пурӣ ва зиёдие вобаста бошад, ки табиат ниёзманди
рондани он бувад. Гоҳе пурӣ ба ҳасби тамоми тан бошад
ва гоҳе мумкин аст ин пурӣ андар худи ҷигар буда, зоиши
хун беҳ гардида бошад, вале андар [ҷигар] боқӣ мондан
гирад ва ба сабаби тангии рагҳо, ё ба сабаби нотавонии
қувваи кашанда, ё ба сабаби суддаҳо ва ё омосҳои ёдкардаамон ба сӯи рагҳо нагузарад. Гоҳе сабаби пурие, ки боиси ронда шудан бигардад, тарки варзиш, ё ба фузунӣ
ғизо хӯрдан, ё чунонки андар Китоби умури ҳамагонӣ ёд
кардем, бурида шудани андом ва ё банд гардидани сайлони одатие бувад, ки аз қабили бавосир, хуни ҳайз ва ғайра
мебошанд. Гоҳе сабаб газандагӣ ва тезии модда буда, табиатро ба рондани он маҷбур кунад, ҳарчанд қувваҳои
[ҷигар] ҳанӯз андар модда он кореро накардаанд, ки агар
ин гуна ранҷ намебуд, мекарданд. Гоҳе [модда] (381) ҳар
чизи андар роҳ ёфтаро ҳамроҳи худ оварда, ин боиси фишор додану сахтӣ бигардад ва ин гуна ҳолат ҳангоми
буҳронҳо рӯй диҳад. Гоҳе мумкин аст сабаб на андар худи ҷигар, балки андар мосориқо бошад. Ҳарчанд андар мосориқо ҳамаи гунаҳои ин сабабҳо мумкин аст набошанд, вале мумкин аст аз тариқи омосҳо ва суддаҳо ба амал омадани он ҷой дошта бошад, зеро ба эҳтимоли зиёд мумкин аст ва ё аслан мумкин нест, ки ҷигар [моддаро] кашаду мосориқо накашад ва аз он кори қобили мулоҳазае ба амал ояд. Кашиши якум мар ҷигаррост, на мосориқоро. Кашиши як худи мосориқо чандоне нест, ки қобили мулоҳаза бошад. Бисёр дарунрави ҷигарӣ аз баҳри он ба амал ояд, ки тан ғизоро напазирад ва он ба иллати ягон судда ва ё чизи дигаре пас бигардад.
Ҳамаи намудҳои ин рондашавиҳо ба ҳақиқат ё ба нотавонӣ истинод доранд ва ё ба қувват, [рондашавии] фатқӣ, решӣ ва оне, ки ба бадмизоҷӣ ва заъфи қувваҳои [ҷигар] мансуб аст, аз ҷинси рондашавии аз нотавонист ва рондашавиҳое, ки ба сабаби кушода шудани суддаҳо, кафидани кафгиракҳо ва ронда шудани фазлаҳо ба амал оянд, аз ҷинси рондашавии қуввагӣ буванд.
Чунки қувват то қавӣ набошад, рими кафгирак, фазлаи хуне, ки ба сабаби ҷамъ шудан ва камии ҷудошавӣ фосид шудааст, инчунин фазлаи хуни бисёр ва дигар чизҳоро рондан натавонад. Агар хун ба таври бадбӯй берун ояд, набояд гумон кард, ки андар он ҷой нотавонист, зеро вай гоҳо ба сабаби бисёр истодан бадбӯй бигардад ва сипас агар зиёдатӣ кунад ва табиат онро биронад, вай мисли дурди сиёҳ берун ояд. Ҳамин гуна ба ҳангоми решҳо низ он бадбӯй шавад. Лекин он хуне, ки аз сабаби қувва ронда мешавад, аз паси он сабукӣ ҳис карда шуда, баробари он ҳолатҳо хуб буванд.
Агар хуни бадбӯй ба ҳар ҳол бад набошад, хуни сиёҳ аз он ҳам бештар ба ҳар ҳол бад нахоҳад буд, Ҳамчунин, гоҳе ҳангоми ба намудҳои гуногун берун омадани [хун аз ҷигар] бемор шифо ва ё сабукӣ ёбад ва касе, ки ин намудҳои гуногуни ба ҳар гуна ҳолат рӯйдиҳандаро бибандад, хато хоҳад кард. Хатои аз ин ҳам сахттарро касе кунад, ки онҳоро бо доруҳои суддаовари гиранда бибандад. Бояд бидонад, ки аз эҳтамол дур нест [нахуст] қувват заиф буда, фазлаҳоро ҷудо ва пуриро бартараф кардан натавонистааст, сипас чунин ориз шудааст, ки қувват қавӣ гардидааст ва ё моддаҳоро қобилияти ронда шудан ва суддаҳоро кушоише ҳосил шудааст, ки баробари он рондашавии ба мушкилӣ ба амал оянда осон гардидааст ва бинобар он фазлаҳо ронда шудаанд.
Сабаби исҳоли килусие, ки ба [иллати] ҷигар ва [андомҳои] атрофи он ба амал ояд, ё ба нотавонии қувваи кашандаи ҷигар ва ё ба суддаҳову омосҳои бахши фурӯрафтаи ҷигар ва мосориқо вобаста буда, он на кашида шавад ва на тамоман тағйир ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор