Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Яке аз зимодҳои аз барои ин [омос] хуб ин аст, ки бо ҳамомои тар ва ё хушке, ки онро бо шароби тунд ҷӯшонидаанд, ё бо сунбулу равғани писта ва фаросиюн, ё бо фаросиюну шибити ҷӯшонидашуда ва бо зимоде, ки аз орди шанбалит, анҷир, судоб, шоҳафсар ва натрун сохта шудаст, зимод кунанд. Ё аз уша сад дирамсанг, аз муқл бисту панҷ дирам (379) ва аз заъфарон дувоздаҳ дирамсанг гирифта, ҳамаро бисованд ва бо мумравғане якҷоя созанд, ки аз мум ва равғани ҳино ба ҳасби мушоҳада сохта бошанд. Ё зимодеро [ба кор баранд], ки аз орди ҳулба, саргини буз, қардамоно, пудина, каранб, ушна ва судоб сохта бошанд.
Аз барои омосе, ки сабабаш кӯфтагист ва ба пайдо шудану сахт гардидан оғоз кардааст, созгортарини зимодҳо марҳами мурдисфарам мебошад. Яке аз тадбирҳои хуб ин аст, ки ҳар гоҳ ошомиданиҳо ва зимодҳоро ба кор бурдӣ, бояд бар андом миҳҷамаи гармкарда бигузорӣ, вале теғ назананд, балки бар ин маҳалл девча биовезанд. Сипас доруҳоеро ба кор баранд, ки андар латифсозӣ ва ҳалкунандагӣ қавитар буванд. Бар маҳалли [омос] пайваста, масалан, натрун ва гӯгирди зард ниҳанд ва онро ҳар панҷ рӯз ва ё ҳар як ҳафта иваз кунанд. Баъд аз он ҳар даҳ рӯз як бор бо хардал тило намуданро ба кор баранд ва сипас беморро бо турб қай оваранд. Агар омос саркашӣ кунад, харбақи сафедро ба кор бар. Агар омос саратонӣ бигардад, умеди шифо ёфтан камтар хоҳад буд ва агар ягон чизе онро суд дошта бошад, ин танҳо доруи Асқлибиёдусест, ки андар Қарободин [ёд шуда] аст, вале бояд бидуни заҳраи хирс бошад. Аз ғизоҳо [ба бемор] чизҳои зудгуворе аз қабили зардии хояи нимбиришт ва кашки ҷав ва ғизоҳои касеро бидиҳанд, ки андар ҷигар судда дорад. [Низ] ба миқдори ниҳоят кам шароби тунук бидиҳанд ва аз гӯшт парҳез фармоянд.
Илоҷи омосҳои мароқ ва мушакҳо: Илоҷи инҳо аз ҷиҳати доруҳо ба илоҷи омосҳои ҷигар наздикӣ дорад, вале бояд бо ҷасорати қавитаре нахуст моддаро пас гардонд ва сипас ҳал кард ва аз қабзшавию таҳлил бимнок набояд буд, чунонки ҳангоми омоси ҷигар бимнок буванд.
Илоҷи омосҳои мосориқо: Илоҷи онҳо мисли илоҷи омосҳои бахши фурӯрафтаи ҷигар аст.
Фасли дувоздаҳум андар баёни кӯфтагии ҷигар, афтидан бар он ва садма хӯрдани он

Гоҳе ҷигарро садма ё афтидагӣ ва ё кӯфтагӣ ориз бигарданд. Андар ин ҳангом бояд чорабинӣ намуд, то ба
сабаби он хунравӣ ва ё омоси бузурге руй надиҳад. Агар
омос падид ояд, онро бо илоҷи омоси аз паси кӯфтагӣ
ба амал ояндае муолаҷа кунанд, ки мо ёд кардем. Гоҳе
аз [кӯфтагӣ], хусусан агар сахт бошад, чунин ориз бигардад, ки аз миёни фузуниҳои ҷигар фузунии бузург аз
ҷояш беҷо шавад ва баъд аз кӯфтан, ё паридан ва ё афтидан аз зери сари паҳлуҳои рост дард бархезад. Ин ҳолатро аз тариқи афшондан ва фишурдан ва баробари он
рост кардани синаи каси осебдида ва бархостан ислоҳ
кардан мумкин аст ва ба иллати ба ҷои худ баргаштани
фузунӣ дард якборагӣ фурӯ нишинад. [Андар дигар ҳо

латҳо] эҳтиёҷ бад-он бошад, ки нахуст аз раг задан оғоз карда шавад. Агар ҳарорати баланд ҷой дошта бошад, ба бемор доруҳои сардиоварандаи моддаро пасгардонанда биошомонанд ва тило кунанд. Агар хун берун ояд, бо онҳо доруҳои қабзкунанда биафзой. Агар гармӣ баланд набошад ва ҷорӣ шудани хун ҷой надошта бошад ва ё [хунравии] ҷойдошта боз монда, қатъшуда бошад ва мақсади ту танҳо аз ҳал кардани хуни мурда иборат бошад, доруҳои ҳалкунандаро ба кор бар. Ҳеҷ чиз ба дараҷаи тило кардани мумиё ва равғани савсани сафед намерасад. Аз барои ҳамаи ин [ҳолатҳо] доруҳое судманданд, ки андар боби омосҳои аз садма падид омада ёд шудаанд.
Доруи зерини хуб аз барои ин [беморӣ] андар оғози он ё ҳангоми ҳарорат ва афрӯхтагӣ ва ё сайлони хуне, ки бимнок аст, судманд бувад: аз рованд, гулнор, хуни сиёвушон ва замчи яманӣ бахшҳои баробар бигиранд.
Як ошомидании он ба андозаи як мисқол ва бо оби биҳӣ бувад. Агар андар ин миён ҳарорати зиёде набошад ва агар бихоҳӣ, ки доруҳои дорои хусусияти пасгардонӣ, андаке таҳлил ва часпандагиро ба кор бибарӣ, аз барои ин ғараз таркиби зерин судманд аст: даҳ дирам каҳрабо, даҳ дирам шоҳафсар, панҷ дирам гул, чаҳор [дирам] ақоқиё, шаш [дирамӣ] сунбули ҳиндӣ ва заъфарон, чаҳор [дирамӣ] мастако ва пӯсти кундур, ҳафт [дирам] гили арманӣ ва ҳашт [дирам] гавзи сарв гирифта, ҳамаро бо оби «забони барра» маъҷун кунанд ва аз он қурсҳои якмисқолӣ созанд.
Доруи дигари хуб: даҳ [дирам] бофилун,26 ҳафт [дирам] локи шуста, чаҳор дирамсанг рованди чинӣ, севуним дирам заъфарон, [195] (380) чаҳор дирам ҳошо, ҳафт дирамсанг нахӯди сиёҳ, панҷ дирамсанг мурр ва даҳ дирамсанг гили арманиро гирифта, бо равғани савсан бисованд ва андар он мумиё афзуда, аз он қурсҳо созанд ва ба бемор бидиҳанд. Як ошомидании он то се дирам бувад. Агар рованди чинӣ ва гили набиштаро бо миқдоре аз мӯрддона биомезанд, чунонки ман санҷидаам, аз барои ин [беморӣ] яке аз чизҳои судмандтарин хоҳад буд. Андар охири кор ҳангоме ки афрӯхтагию омосидани мавриди бимнокӣ ба амал наояд, бояд ба бемор аз қурси зерин бидиҳанд: рованд, лок ва занҷабилро гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд ва гоҳе агар бо онҳо як миқдор зирнихи зард ҳамроҳ кунанд, ин ҳангоми кӯфтагию реза шудан ва аз барои ҳал кардани хун қувваи аҷибе дорад. Аз ин [қурсҳо] ба бемор бидиҳанд.
Бар маҳалли [беморӣ] тилои зеринро бимоланд: уд, заъфарон, донаи даҳмаст, муқл, наи бӯё, мастако, мум, равғани савсани сафед ва майсавсанро гирифта, ба шакли зимод биниҳанд.
Фасли сездаҳум андар баёни пора гардидан ва бурида шудани ҷигар

Буқрот тасдиқ кунад, ки ҳар киро ҷигар шикофта шавад, бимирад. Муроди ӯ гусаста шудани пайвастагиест,
ки ҳамаи ҷирм ва рагҳои [ҷигарро] фаро бигирад. Вале
агар камтар аз ин бошад, умеди наҷот аст. Гоҳе ҳангоми
ин [ҳолат] ба ҳасби ду паҳлуи ҷигар ё пешоби хунӣ ва ё исҳоли хуни ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ