Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Яке аз чизҳое, ки барои ин гуна [омосҳо] ва хусусан барои омоси ба сахтӣ гароянда судманд аст ва инчунин аз дардҳои гурда ва испурч нофеъ бувад, доруест, ки бо унсул ва ба намуди нусхаи зерин сохта шудааст: аз ҳар кадоми унсули кабобкарда, савсани осмонгун, асорун, му, фу, тухми карафс, анисун, сунбули хушбӯй, салиха, гунди бедастар, пудинаи кӯҳӣ, зира, пудинаи рӯдӣ, ваҷ, сиреш, оқирқарҳо, дорфилфил, газари даштӣ, ҳамомо, уфурбиюн, тухми хитмӣ, устухудус, гесугуна, сисолиюс, тухми судоб, тухми бодиён, пӯсти бехи кабар, зарованди гирд, қирфа, занҷабил, донаи даҳмаст, афюн, тухми банг, қуст, нонхоҳ ва тухми каравиёи сафед як бахшӣ гирифта, бо ангубини кафкаш баргирифта маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Доруе, ки бо сири даштӣ сохта шудааст ва айнан таъсири доруи ёдшударо дошта бошад: аз ҳар кадоми сир, ҷентиёнои сафед, алафи гулӯдард, қуст, зарованд, кошим, сисолиюс ва дорфилфил сӣ драхмигӣ, аз тухми карафс, асорун, му, фу, газари даштӣ, нонхоҳ ва ангудони сиёҳ понздаҳ драхмигӣ, аз барги судоби хушк, пудинаи кӯҳӣ, зира, пудинаи рӯдӣ ва саътари даштӣ даҳ драхмигӣ ва аз гунди бедастар, борзад ва мурр23 дувоздаҳ драхмигӣ гирифта, ин [бахши ахирро] бо шароб ҳал кунанд ва боқимондаро бисованд. Ҳамаро якҷоя сиришта, чизи ягона созанд ва бо ангубини кафк баргирифта ҷамъ созанд.
Илоҷи омоси сахти ҷигар: Аз омоси сахте, ки ҷой гирифта мустаҳкам шудааст, ҳеҷ кас шифо наёбад ва онҳое, ки аз он шифо ёбанд, касонеанд, ки андар оғози он ба муолаҷа пардохтаанд. Қонуни муолаҷаи эшон чунин будааст, ки баъд аз пок сохтани тан аз хилтҳои ситабр ба истеъмоли доруҳои аз гиёҳҳо таркибёфтае бипардозанд, ки ба таври муътадил нармкунанда, ҳалсозанда, латифсозанда, ба таври муътадил гармиоваранда буда, суддакушоияшон ғолибтар аз нармсозӣ аст ва қувватбахшӣ, қабзкунандагӣ ва хушбӯияшон ба андозаи лозимӣ бошанд, на ба андозае, ки ба ду ғарази дигар24 халал бирасонанд. Бар бештари ин доруҳо талхӣ ва қабзкунандагии андаке ғолибанд. Ин доруҳоро ба шакли ошомиданӣ, ба шакли зимод ва ба шакли пухтаковҳо ба кор бибаранд.
Агар табиат баста бошад, боистӣ бо чизҳои сабук ва хусусан ҳуқнаҳо онро нарм сохт. Чилғӯза, тухми катон ва сақизи хинҷак, ки низ аз барои омос суд дорад, ин гуна таъсир тавонанд расонд. Набояд ба исҳол овардани шикам бо чизҳои ниҳоят гарм иқдом намуд, зеро ин шикамро дардманд намуда, озурдагиро зиёдтар кунад.
(378) Бояд [194] бемор бар паҳлуи рост бихобад. Ин яке аз василаҳоест, ки ҳал карданро сахт ёварӣ кунад.
Аз ҷумлаи доруҳои содаи аз барои ин [омос] судманд чилғӯза, мағзи устухон, пиҳҳои муътадил ва моил ба гармӣ ва орди ҳулбае, ки андаке нармкунандагӣ ва изофа ба он пазонандагӣ дорад, мебошанд. Қуст сахт судманд аст.
Агар аз он ба миқдори аз ним дирам то як мисқол бо тилои омехта ва ё бо шароб ба бемор бидиҳанд, суди намоёне бахшад. Гоҳе ба бемор ошомонидани равғани нордин, ё равғани баласон ва ё равғани қуст бо обе, ки андар он судоб ва шибит ҷӯшонида бошанд, аз ин [омос]

нофеъ бувад. Як ошомиданӣ аз равғани нордин чаҳор дирам буда, агар онро як ҳафта ба кор баранд, суди азим бахшад. Яке аз чизҳое, ки аз барои ин ғараз судманд аст, фишурдаи дерманаи тар мебошад, ки онро як чанд рӯз ба кор баранд. Дигар чизи аз барои ин ғараз судманд ин як дирамсанг панҷангушт бо баъзе шаробҳо, як дирам алафи гулӯдард бо оби карафс, ё бодиён ва ё коснӣ, як мисқол «забони барра»и хушконида, ҷӯшонидаи боқилии мисрӣ, ки андар он ним дирам сунбул ва ё камтар аз он мурч афкандаанд ва бодоми талх бо шароб буванд. Бехи дарахти хуни сиёвушон, инчунин пӯсти (лиҳоъ) дарахти даҳмаст, донаи даҳмаст, бехи рӯян, бехи луф, нахӯди сиёҳ, гесугуна, камозариюс ва гандано судманданд.
Яке аз доруҳои мураккаби аз барои ин [омос] судманд қурси муқл мебошад ва сифаташ чунин аст: даҳ дирам гули орд кардашуда, ду дирам сунбули хушбӯй, як дирам заъфарон, як дирам мурр, якуним дирам қуст, як дирам мастако, якуним дирам бодоми талх ва се дирам муқлро гирифта, доруҳоро бикӯбанд, муқлро бо шароб ҳал кунанд ва доруҳоро бо он сиришта, қурсҳо созанд.
Як ошомиданӣ се дирамсанг ва бо оби ангубин ва ё бо ҷӯшонидаи тухмиҳо бувад, вале агар ҳарорат ҷой дошта бошад, онро бо оби печак ва коснӣ биошоманд.
Аз ҷумла доруи Асқлибиёдус аст, ки бо заҳраи хирс сохта шудааст. Вай санҷидашуда ва аз баҳри он судманд аст, ки намудҳои гуногуни доруҳои аз барои ин ғараз нофеъро мувофиқи шартҳои ёдкардаи мо дар бар гирифтааст. Нусхаи он бад-ин гуна аст: аз камофитус, фаросиюн, тухми карафси кӯҳӣ, ҷентиёно, тухми панҷангушт, заҳраи хирс, хардал, тухми хиёри дароз, усқулуфандариюн, бехи говшир, гили набиштаи Буҳайра, рӯян, тухми каранб, зарованд, мурч, сунбули ҳиндӣ, қуст, тухми карафси бӯстонӣ, тухми индов, тараи яҳудӣ, гесугуна, афюн, алафи гулӯдард ва бурсғунда бахшҳои баробар гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он ба андозаи як бундуқа буда, бо як қавосус шароби ангубин биошоманд. Яке аз доруҳои аз барои ин [беморӣ] судманд доруи куркум ва асоносиё мебошад. Тарёки чаҳордору ва саҷазаниё низ аз барои ин ғараз судманданд.
Аз ҷумлаи доруҳои мураккаби сабуки ин [беморӣ] доруи талхчакуке, ки андар боби кафгирак ёд шуд ва низ он доруҳое мебошанд, ки мо онҳоро андар боби омосҳои сард ба таври мутлақ ёд кардем. Агар ҳар рӯз ба муддати як ҳафта аз якуним дирам сар карда то дуним дирам қурси зиришкро бо об биошоманд, судманд бошад. Агар [омос] андаке об дуздида бошад, ба тадриҷ аз як дирам то се дирам қурси [ҳалилаи] зард25 ва шибрамро ба кор бар ва бикӯш, ки ин [беморро] ба қазои ҳоҷат рафтан маҷбур накунад ва [низ] андар кушодани судда [бикӯш].
Яке аз ошомиданиҳое, ки андар ин ҳангом биошоманд, ҷӯшонидаи қуст, шохаҳои алафи гулӯдард, шанбалит ва мавиз мебошад ва чаҳор уқияи онро бо як уқия равғани бодом ва ё равғани гавзи тар [биошоманд] ва ё ҷӯшонидае бувад, ки аз ҷентиёно, афсинтин, шоҳафсар, мавиз ва анҷир сохта бошанд. Ё ҷӯшонидаи рованд, афсинтин, судоб, шукуфаи гӯргиё, мавиз ва ҳулба ва ҷӯшонидаи боқилии мисрӣ, қуст ва афсинтинро бо равға ни беданҷир [ба кор баранд].

пешина
аз 1215
навбатӣ