Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба ду сабаб эҳтиёҷ ба исҳол бошад: яке пеш аз кафидан буда, аз барои он аст, ки то модда бикоҳад ва табиатро сабукие ҳосил шавад; дуввумӣ баъд аз кафидан ва ё ба наздики кафидан, баъди ба охир расидани пазиш ва ҳангоме бувад, ки ба сӯи рӯдаҳо бештар майл доштани модда пай бурда шавад ва кафгирак андар паҳлуи фурӯрафта ҷойгир бошад. Баъзе аз чизҳои сабуке, ки ба воситаи онҳо пеш аз кафидан ба тариқи ёварӣ ба табиат исҳол оварда шавад, тарангубин, ширхишт, (376) хиёршанбар, шакари сурх ва амсоли инҳост, ки андар обҳои печак ва коснӣ афканда, ба тариқи ошомиданӣ [ба кор баранд].
Андаке аз инҳо қавитар ҷӯшонидаи тухмиҳо ва бехҳост, ки андар он алафи гулӯдардро ҷӯшонида ва тарангубин, ширхишт, хиёршанбар ва монанди онро андар вай гудохта бошанд. Гоҳо андар он сабр ва афсинтин биафзоянд. Аз ҳуқнаҳо хуқнаҳои сабуки маъруфро [ба кор баранд]. Аз доруҳои исҳоловарандае, ки баъд аз пазиш ба кор бурда шаванд ва низ барои пазиш ва кафидан кумак кунанд, бояд чаҳор дирам равғани хори хасак ва ду дирам [равғани] занбақро [193] бо ним уқия шакар ва ним уқия хиёршанбар ҳамроҳ карда, андар ҷӯшонидаи бехҳо ва алафи гулӯдард афкананд ва [ба бемор] бидиҳанд. Агар модда рӯ ба сӯи кӯжии [ҷигар] дошта бошад, доруҳои шикаморанда набояд ба кор бурда шаванд, магар ба тариқи ёварӣ ва сабукӣ овардан ҳангоми оғози [беморӣ] ва пеш аз пазиш. Аммо ба наздики пазиш бояд доруҳои пешобтозонандаи ёдшуда мувофиқи тартибашон ба кор бурда шаванд, яъне ҳар андоза, ки пазиш бештар бошад, доруи ҳамон андоза қавитарро ба кор баранд.
Доруҳои ошомидание, ки аз барои пазиш кумак расонанд, масалан, шири хар бо шакари сурх ва ё бо шакари ушар, масалан, оби бехҳо бо мавиз ва анҷир, пари сиёвушон ва шанбалит бо равғани бодоми ширин ва ё талх, равғани шанбалит ва ё равғани хори хасак мебошанд.
Агар аз ин ҳам қавитар бихоҳанд, андар он хурмо биафзоянд. Ба бемор ношито ҷӯшонидаи гесугуна ва шароби қавии зуфо биошомонанд, ангубини аз тариқи ҷӯшонидан кафкаш баргирифта ва анҷир бихӯронанд ва оби ангубинро андар оби ҷав бидиҳанд. Ё як дирам талхчакуки хушк, якуним дирам тухми марв ва як дирам орди ҳулбаро гирифта бо се уқия шири хар ва шакар ба бемор бидиҳанд. Доруҳоеро ба кор баранд, ки дорои хусусияти кушояндагӣ, латифсозӣ ва низ қувватбахшӣ мебошанд ва масалан, инҳоянд: афсинтин, заъфарон, сунбул, бехи фовониё, бехи ҳошо, бехи рӯян, мастако, ҳар ду намуди сунбул, донаи панҷангушт, фишурдаи алафи гулӯдард ва бехи қантуриюн. Аз равғанҳо равғани нордин, равғани дарахти мастако ва равғани савсанро [ба кор баранд]. Зимодҳое, ки [пазишро] ёрӣ расонанд, масалан, он зимодҳоеанд, ки андар таркиби онҳо орд, шоҳафсар, бобуна, бехи савсан, пудина, бехи хитмӣ, анҷир, мавиз, ҷамиз,20 пиёзи бирён ва равғани тухми [катон] бидароянд. Агар ба доруи қавитаре аз инҳо эҳтиёҷ афтад, зимоди орди ҷав, бура, саргини кабӯтар, пудина, сақизи хинҷак, зифт, кундури кӯфта ва монанди инҳоро ба кор бибар.
Ҳар гоҳ пухтагӣ ҳис карда шавад, бояд бар ҷигар хо

бид ва бо оби гарм пайваста гармоба кард. Гоҳе агар [беморӣ] имконият бидиҳад, эҳтиёҷ ба варзишу пиёда рафтан биафтад. Ҳар гоҳ омос бикафад, бояд аз паси он ягон чизе аз қабили оби гарми ангубин хӯрд, то онро шуста пок кунад. Сипас, агар эҳтиёҷ бошад, аз паси он чизе ба кор баранд, ки [омосро] аз тариқи майли он ё ба исҳол ва ё ба пешоб тозондан пок созад ва ё ягон чизе аз ин қабилро бо оби ангубин биомезанд. [Ба бемор] набояд доруҳои пешобтозонандаи сахт қавӣ дод, зеро инҳо маҷроҳои пешобро озурда созанд. Агар чунин иттифоқ афтад, ки маҷроҳои пешоб ва обгаҳ реш шаванд ва ё рим онҳоро зиён расонад, маслаҳат он аст, ки [ба бемор] ғизоҳое дода шавад, ки дорои зудояндагӣ ва бегазанд, балки то андозае часпанда буванд. Мисоли ин оби ангубинест, ки ба таври муътадил ҷӯшонида шуда аст ва бо вай андаке нашоста, хояи мурғ ва равғани гул омехта бошанд. Низ, масалан, паниракро бо ҷави румӣ [ба кор баранд]. Умуман, инро бояд мисли решҳои андомҳои дарунӣ тадбир кард ва ҳолатро ба тавре бояд дошт, ки ба ҳангоми решҳои гурда бидоранд.
Ҳар гоҳ [ҷигар] ба ғоят пок гардад, бояд пагоҳиҳо ба бемор оби ҷав ва сикангубин бидиҳӣ. Чун ду соат аз он бигузарад, аз кундур ва хуни сиёвушон як мисқолӣ ва аз тухми коснӣ, тухми карафс ва мастако як мисқолӣ гирифта, андар сикангубин, ё гулоб ва ё оби ангубин [ба бемор] бидеҳ. Баъд аз он ӯро бо ғизо қавӣ бисоз ва решашро, масалан, бо доруҳое муолаҷа кун, ки андар боби решҳои гурда ёд кунем. Агар чунин иттифоқ биафтад, ки хуноба ба фазои шикам бирезад, ночор бояд пӯсти наздикии пайғулаҳо чок карда, мушакҳоро як сӯ сохт, то сифоқи даруние, ки «бориторун»21 ном дорад, намудор гардад. Сипас (377) андар он шикофӣ сохта андар шикофӣ найча биниҳанд, то аз тариқи он рим берун ояд. Баъд аз он онро бо марҳамҳо муолаҷа кунанд.
Аммо оид ба ғизоҳо [бояд гуфт], ки ба оғоз [ба бемор] ғизоҳои латиф бояд бидиҳӣ ва бар кашки ҷав ва сикангубин иктифо кунӣ. Сипас ғизоҳои кушояндаи мо ёдкарда, зардии хояи нимбиришт ва ошомҳои нармсозандаро ба кор бибар. Ҳар гоҳ [омос] кафида [аз рим] пок шавад, ба чизи қависозандае аз қабили оби гӯшт, гӯштҳои нарми барра, бузғола ва паранда, оби онҳо, ки бо дегафзорҳо туруш сохта шудааст, зардии хояи нимбиришт ва монанди инҳо ва андаке аз шароб эҳтиёҷ биафтад. [Низ] бӯиданиҳои қависозандаро ба кор баранд.
Илоҷи омосҳои сард. Ба ҳангоми инҳо эҳтиёҷ ба истеъмоли доруҳои латифсозандаи зудоянда биафтад ва дармони онҳо ба дармони суддаҳо ва ба дармони кафгиракҳое монандӣ дорад, ки барои пухтан омодаанд. Ту доруҳои пазонандаро кайҳо донистӣ. Бояд онҳо дорои қувваи қабзкунанда буда, қависозандаи хушбӯй бошанд. Андар таркиби онҳо ва зимодҳои аз барои [чунин омосҳо] сохташуда аз равғанҳо равғани беданҷир, равғани ёсамин ва равғани занбақ бидароянд. Беҳтарин зимодҳо барои онҳо зимоди Фулорҳиюм22 марҳами Филағриюс, марҳами устумахикун ва марҳами тухмиҳо буванд. Аз барои ин [омосҳо] доруи куркум, доруи лок ва монанди онҳо судманданд. Ба ҳангоми онҳо писта ва инчунин қурсҳои ҳар ду навъи сунбул суди бузург доранд. Аз ошомиданиҳо шароби тухмиҳое [хуб аст], ки андар он камозариюс ва гесугуна ҷӯшонида бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ