Қонуни тиб

Бояд амсоли инҳо дубора такрор наёбанд. Баръакс, ҳар гоҳ маълум шавад, ки омос кайҳо падид омадааст, беҳтарин зимодҳо он зимодҳое бошанд, ки аз биҳӣ ва ҳамроҳи доруҳои дигар сохта шудаанд. Аз ҷумла биҳиро бо орди ҷав ва оби гул кӯфта зимод кунанд. Ё биҳиро бо сирко ва об чандоне биҷӯшонанд, ки қариб бипазад, сипас онро бо сандал биомезанд ва бар вай андаке равғани гул пошида, ба кор баранд. Аз ҳамин қабил биҳиро бо шароби райҳоние, ки андаке қабзкунанда бошад, биҷӯшонанд, бар вай фишурдаи садпайванд биафзоянд, бо андаке аз сунбул, афсинтин ва мушки замин тақвият диҳанд ва бо писти ҷав қивом дода, ба кор баранд. Гоҳо андар он равғани биҳӣ ё равғани мастако ва равғани ҳино ва аз обҳо оби мӯрд, оби барги себ, оби биҳӣ ва монанди инҳоро ҳамроҳ кунанд. Гоҳе аз биҳии андар пухтакови афсинтин ҷӯшонида зимод кунанд. Агар бихоҳанд, ки [таъсири] ҳалкунандагии онро ба ягон дараҷа бардоранд, андар он мастако, бобуна, шоҳафсар, орди ҷав ва шанбалитро бо баъзе чизҳои тунд ва зағир биафзоянд ва аз равғанҳо равғани шибит, равғани бобуна ва шанбалит ҳамроҳ кунанд. Аз ҷумлаи зимодҳои бакорбаранда, зимоди Филибус,16 зимоди Филағриюс, зимоди шоҳафсар, зимоди Қаритун17 ва зимодҳои дигареанд, ки андар Қарободин ёд кардем.
Нусхаи зимоде, ки афрӯхтагиро фурӯ нишонад: як бахшӣ аз хурмои буср ва фишурдаи авсаҷ, ним бахшӣ аз заъфарон ва мастако, чаҳор бахш равғани гул ва аз мум ба қадри эҳтиёҷ бигиранд. Ба охири [беморӣ] зимодҳои суддакушояндаи ҳалкунандаро омехта ба доруҳои гиранда ба кор баранд, то қувват нигоҳ дошта шавад. Мисоли ин зимодҳоест, ки аз бехи савсани осмонгун, асорун, ушна, гесугуна, саътар, дермана, тухми каранб, муқл ва монанди инҳо бисозанд. Гоҳе андар инҳо доруҳои қавигардонанда биафзоянд. Низ зимодҳоеро [ба кор баранд], ки аз мӯрд, рӯян, донаи даҳмаст, заъфарон, мурр, мастако, мум ва равғани занбақ сохта бошанд. Равғанҳое, ки гоҳе бо онҳо биомезанд, равғани наргис ва равғани савсани озод буванд.
Нусхаи зимоде, ки омосҳои ҷигарро ҳал кунад ва мансуб ба Қобус буда, сутудаи санҷидашуда аст: даҳ драхмигӣ аз майъа ва мум, чаҳор драхмигӣ аз мастако, заъфарон ва ҳамомо, ду драхмигӣ аз равғани дарахти мастако ва равғани гул ва (З75) дуним қутулӣ аз шароб бигиранд.
Мум ва равғанро гудохта, ҳамаи [дигар доруҳоро] бо онҳо биомезанд.
[Зимоди] дигари сахт судманд: ду драхмигӣ аз савсан, ҳамомо ва созаҷ, бист драхмигӣ аз мӯрд, майъа ва мум, як драхмигӣ аз кундур, заъфарон ва асорун ва аз равғани дарахти мастако ба миқдори ҳоҷат бигиранд. [Зимоди] дигари хуб: се уқия сабр, як уқия мастако, чаҳор уқиягӣ аз бобуна ва шоҳафсар, ду уқиягӣ аз заъфарон, рӯян, наи бӯё ва асорун, шаш18 уқиягӣ аз мум ва уша, шаш уқиягӣ аз ҳамомо, сунбули румӣ ва донаи баласон ва аз равғани савсан ба миқдори кифоят бигиранд. [Зимоди] дигар, ки ҳалкунандаи қавист: ду уқия заъфарон, ҳафт уқия муқл, чаҳор уқиягӣ шухи ошёни магаси ангубин,
се уқия мастако, нуҳ19 уқиягӣ аз майъа, зифт, мум ва уша, шаш уқиягӣ аз ҳамомо, сунбули румӣ ва донаи баласон ва аз равғани савсан ба қадри кифоят гирифта, ҳамаро биомезанд ва ба кор баранд. Агар ҳамроҳи омос исҳоли нотавонкунандаи қувват ба амал ояд ва аз барои эҳтиёт бастани он лозим ояд, бояд [ба бемор] қурсҳои зиришк ва қурсҳои рованди исҳолбоздоранда бидиҳанд.
Оид ба ғизо: беҳтарини он кашки ҷав аст, зеро он сардӣ оварда бизудояд, боиси судда нагардад ва зуд бигузарад. Аммо оид ба ҷави румӣ ва аз он ҳам қавитар гандум бояд гуфт, ки андар онҳо аз будани ситабрӣ чора нест ва омосро тангӣ оваранд. Агар аз истеъмоли нон чора набошад, бояд нони бо хамирмояи на аз орди сафед ва на аз гандуми ғоздор сохташуда ва бояд андар танӯр пухташуда бошад. Бояд ба ғизо аҳамияти бе андоза зиёд дод. Барои касоне, ки чизҳои ширин андар меъдаашон ба сафро табдил намеёбад, аз тараҳо коҳу, сармаҷ ва аз меваҳо анори ширин [хубанд]. Бояд аз ширинвориҳо ба қадри имкон дурӣ ҷӯянд.
Илоҷи сурхбод. Илоҷи сурхбод ба илоҷи [омоси] фалағмунӣ наздик аст, вале исҳол овардану пешоб тозондан бояд ба нармӣ ва бо ёрии он доруе иҷро карда шаванд, ки моил ба сардист. Доруҳоро бар [сурхбод] бо барф сард карда бигузоранд ва онҳоро нав ба нав сард кардан гиранд, то бемор ба андарун гузаштани сардиро ҳис кунад. Зимодҳои аз нилуфар, оби арӯси андар парда, оби биҳӣ, сандал, кофур ва мо нанди онҳо сохташударо ба кор баранд, вале ҳар қадар ки битавонанд, доруҳои гармкунанда ба кор набаранд.
Илоҷи кафгирак. Ба аввали ин реш ҳангоме ки ҳамчун омоси гарм оғоз меёбад ва тахминан пай бурда мешавад, ки он рим карда истодааст, зимодҳои пасгардонандаи моддаро ба иътидол ва тилоҳоро ба кор баранд ва [ба бемор] оби ҷав ва сикангубин бидиҳанд. Агар ҳолат тақозои раг задан кунад, босалиқро бизананд ва ё бар он бахши ҷигар, ки аз сӯи пушт аст, миҳҷама бигузоранд.
Гоҳе эҳтиёҷ ба исҳол биафтад. Агар аз рим кардани он чора набошад, воҷиб аст, ки пазиш ва кушода шудани он тезонида шавад. Ночор онро аз тариқи буронидану латиф сохтан ёварӣ намуд, зеро ба ҳангоми ин гуна омосҳо аз ҷой доштани хилтҳои ситабре чора нест, ки андом онҳоро ба худ кашида бошад. [Низ] аз ба кор бурдани доруи нармсозанда чора нест, то хилт омодаи ҳалшавӣ бигардад. Ҳар гоҳ пазиш зоҳир гардад, вале омос накафад, аз тариқи ошомидан ва ё зимод кардани доруҳои кушояндаи қавӣ ба он ёварӣ карда шавад ва сипас агар табиатро барои рондани модда эҳтиёҷ ба ёрӣ бошад, онро ёрӣ бирасонанд. Баъд ба ҷиҳати майли [модда] бингаранд ва агар исҳол ва ё пешоб тозондан тақозо кунад, чунин кунанд, вале пешобро ба чизи қавӣ ва ба чизи тез натозонанд, зеро ин андар обгаҳ зиён хоҳад овард ва ҳифзи обгаҳ ҳангоми ин иллат ва ба наздики кафидани омос ва ба сӯи он ҷорӣ шудани рим, ки ё худ ба худ ва ё бо ёрии доруи пешобтозонанда сурат гирад, воҷиб аст. Ҳар гоҳ омос пурра бикафад, рим пурра ронда шавад ва агар эҳтиёҷ ба шустани боқимондаи рим биафтад, [бояд онро] бо мисли оби ангубин ва монанди он [шуст]. Сипас эҳтиёҷ ба доруе бошад, ки решро фароҳам оварад ва агар қуввати [бе мор] бардошти исҳол кунад, исҳоли на ба андозаи ифрот аз барои фароҳам омадани [реш] ёрии бузург хоҳад расонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор