Қонуни тиб

Ӯ [насиҳати] Ҷолинусро напазируфт ва Ҷолинус ҳангоми ҷамъ омадан бар сари як бемор ӯро огоҳ кард, ки ин бемор ба сабаби ҳал шудани қувват ва ба зоҳир шудани арақи андаке часпак хоҳад мурд. Дар воқеъ бемор бимурд ва ҳол чунон буд, ки Ҷолинус мепиндошт. Ба ин гуна ҳалкунӣ ҳангоме эҳтиёҷи шитоб кардан аст, ки пас гардонидани [модда] воҷиб шуда бошад ва [дору] ҳатто андар ҳангоми воҷиб будани ҳалсозандагии холис ҳам набояд аз қабзкунандагӣ ва часпонандагӣ холӣ бошад. Риоя кардани ҳамаи ин чизҳо кори нозук аст.
Бидон, ки ин андом, чунонки зуд пазирандаи сангшавист, ҳамчунин сустшавиро низ зуд бипазирад. Гоҳе кушода шудани [судда] ва ҳалшавӣ сабабгори кафидани [омос] бигарданд. Ҳар гоҳ ягон чизи ҳалкунандаро ба кор барӣ, он намудеро ба кор набар, ки сӯзиш оварда, омосро биангезонад. Оби ангубин ҳарчанд бидуни сӯзиш зудоянда аст, вале ширин буда, аз худ судда ба мерос бигузорад. Бинобар ин, оби ҷав сутудаи кифояткунанда аст, аз баҳри он ки вай бидуни сӯзиш бизудояд, вале судда наоварад. Сипас, агар ба кушояндагию зудояндагии қавитаре эҳтиёҷ афтад, метавон бо он чизе биомехт, ки онҳоро афзоиш диҳад. [Доруҳои] сӯзишоваранда ва қабзкунанда аз [омоси бари] кӯжии ҷигар дида ба [омоси бари] фурӯрафтаи он бештар зиён бирасонанд, зеро онҳо бо [тамоми] қувват қабз карда, андар аввали маҷроҳо судда оваранд, вале андар бари кӯжии [ҷигар] қувваташон шикаста бигардад ва [таъсираш] то охири даҳонҳои [рагҳо] рафта бирасад. Сипас бояд паҳлуи дардмандро бидонӣ. Зинҳор ҳангоми андар паҳлуи фурӯрафта будани иллат пешобро натозон ва ё ҳангоми андар паҳлуи кӯжи [ҷигар] будани он исҳол наовар, чароки андар ҳар ду ҳолат моддаро андарунтар бибарӣ. Баръакс, бояд аз роҳи наздиктарин [моддаро] истифроғ кунанд. Моддаи [омосеро], ки андар бари фурӯрафта аст, аз тариқи исҳол ва онеро, ки аз бари кужист, аз тариқи пешобтозонӣ истифроғ кунанд. Зинҳор табиатро бар ҳоли гирифтагӣ нагузор, зеро андар ин газанди азим ва хатари бузург бувад ва на низ онро ба ифрот кушода бидорӣ, то қувват биафтад ва табиат беҳол шавад. Баръакс, бояд табиати гирифтаро ба иътидол нарм кунӣ ва кушодаро ба иътидол сахт.
Аммо доруҳои аз барои омосҳои ҷигар андар ибтидои ҳол созгор бад-ин гунаанд, ки агар андар ин миён гармии беандоза зиёд ҷой дошта бошад, оби коснӣ ва оби рӯбоҳразак бо сикангубини шакарӣ, оби ҷав, оби садпайванд, оби «забони барра», оби кокана, оби кашнизи тар, каду ва хиёри дароз ва оби зарпечакро [ба кор баранд].
Бояд бо инҳо, масалан миқдоре аз афсинтин ва наи бӯё биомезанд. Низ, қурсҳоеро [истеъмол кунанд], ки нусхаашон чунин аст: даҳ дирам дилаи зиришк, панҷ дирамӣ аз гул ва табошир, се дирамӣ аз мағзи донаи бодранг, мағзи донаи каду, донаи хурфа ва донаи коснӣ ва як15 дирам тухми бодиёнро гирифта, аз онҳо қурс бисозанд ва аз он ба миқдори як15 мисқол ба бемор бидиҳанд. Агар
гармиро бештар хомӯш кардан бихоҳанд, андар онҳо андаке кофур биафзоянд ва агар ҷигарро бештар қавӣ гардонидан бихоҳанд, андар онҳо лок ва зарованд биафзоянд. Агар андар ин миён сурфа ҷой дошта бошад, андар онҳо рубби ширинбаён, миқдоре аз касиро ва андаке тарангубин биафкананд.
Аммо доруҳое, ки қавитар буда, аз барои омосҳое созгоранд, ки андар онҳо гармӣ ба андозаи ниҳоят зиёд мавҷуд нест, инҳоянд: оби бодиён, «забони барра», гӯргиё, карафси кӯҳӣ ва печак. Ҳамаи инҳоро бо сикангубин [ба кор баранд]. Ҳамаи ин доруҳо ва доруҳои ба инҳо монанд аз барои омосҳое судманданд, ки андар табақаи якум ҷой дошта, андаке ба пухтан оғоз карда бошанд. Қурсҳои гул низ хусусан аз барои омосе [судманданд], ки аз бари фурӯрафтаи [ҷигар] ҷой дорад. Бисёр бошад, ки сабаби омос ва ибтидои он маъюбӣ ва кӯфтагӣ бувад. Яке аз чизҳое, ки падид омадани омосро баъди ин ду [иллат] пешгирӣ кунад, ин аст, ки баъд аз раг задан ба бемор якчанд рӯз ҳар рӯзе се дирамӣ рӯян ва рованди чинӣ бидиҳанд. Ҳар гоҳ бидонӣ, ки омос андар бари фурӯрафта аст, беҳтар он аст, ки оби печакро омехта бо доруҳои сардифизояндаи ёдшуда ва омехтанашон лозим, инчунин оби чугундар, ҳамаи чизҳои пазонанда, пасгардонандаи [модда] ва нармсозандаи табиатро ба кор барӣ. Ба ҳангоми оғоз ёфтани пазиш хиёршанбар бо оби бодиён, оби рӯбоҳразак ва оби печак судманданд ва бояд андар ғизоҳо миқдоре аз тухми хасакдона, андаке газна ва баспоя биафзоӣ. Ҳар гоҳ [омос] паст шавад, доруҳои қавиеро аз қабили (374) сабр, ғорикун ва турбид ба кор бар. Гурӯҳе ҳалилаи зард ба кор баранд, вале ман инро нодуруст бишморам, чаро ки андар он қувваи гирандаи дер ба ҷой монанда бувад ва бими он дорад, ки бахши тунуки [моддаро] берун кунад ва бахши ситабр санг бигардад. Андар замони [мо] гоҳе беибо, масалан, тухми хасакдона, тухми газна ва баспояро андар таом ва афитимунро ба кор баранд. Гоҳе мо ба ҳасби ҳоҷат ба истеъмоли харбақ барин чизҳо иқдом намудем.
Ҳуқнаҳоро андар оғози [беморӣ] ва ҳангоме [ба кор баранд], ки иттифоқан табиат гирифта бошад. Мисоли онҳо фишурдаи барги чугундар бо ангубин, намак ва бура ва ё бо шакари сурх бувад. Ба ҳангоми пастшавии [омос] ҳуқнаро қавӣ гардонида, андар он баспоя, қантуриюн, зуфо ва саътар биафзоянд. Гоҳе андар он ҳанзал афкананд.
Агар [омос] андар бари кӯжии [ҷигар] бошад, бояд муолаҷаро аз ба кор бурдани доруҳои пешобтозонандаи сард, сипас аз доруҳои муътадил оғоз намуд. Баъд аз он ҳар гоҳ ки пазиш оғоз ёбад, доруҳои қавии хубро ба кор бибар.
Ин гуна таъхир аз барои он воҷиб аст, ки бими санг гардидан бошад. Ин гуна доруҳо, масалан, рӯян, [192] карафси кӯҳӣ, асорун, гӯргиё, қурсҳои бузурги зиришк, қурсҳои алафи гулӯдарди қавӣ ва дигар доруҳои пешобтозонандаи қавие буванд, ки андар лавҳҳои рондани [моддаҳо] ва андар боби пешобтозонӣ ёд шудаанд.
Аммо зимодҳоро набояд сард ва чуноне ба кор бурд, ки ҳангоми дигар омосҳо ба кор баранд, балки нимгарм бояд ба кор бурд. Он зимодҳое, ки боистӣ ба ҳангоми пай бурдани оғозёбии омос зуд ба кор баранд, фишурдаҳои сарди қабзкунанда, фишурдаи хурфа, каду, ҳаме шабаҳор, оби гул, сандал, кофур ва зимодҳоеанд, ки аз сарнавдаҳои нарми ток, гули хушк ва пист сохта бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор