Қонуни тиб

[Чунин беморон] аксар вақт ба сабаби ҳал шудани табиат бимиранд, аз баҳри он ки роҳҳо ба сӯи ҷигар баста шаванд ва қувваҳои эшон ҳал бигарданд. Ин гуна бемор онро ҷуз ба ҳангоми оғози [беморӣ] муолаҷа накунанд ва гоҳо илоҷ суд бахшад, вале агар иллат дароз кашида бошад, муолаҷа суде надорад. Агар [омоси] сахт саратонӣ бошад ва агар андар ин миён дарди шадидтар ҳис карда шавад, пас, андар ранг, иштиҳо ва ғайра офати бештаре падид хоҳад омад ва гоҳо низ ҳукак ва маниши гаштани бе таб ба амал оянд. Вале [агар] дард ҳис карда нашавад, пас, [омос] роҳи миронидани андомро пеш гирифта бошад. Бидон, ки ҷигар зуд ба судда гирифтор шавад ва санг бандад.
Ин хусусан ҳангоме рӯй диҳад, ки аз барои муолаҷаи омоси гарм доруҳои ситабрсозанда ва қабзкунандаро ба ифрот ба кор баранд.
Фасли нуҳум андар баёни кафгирак
Бештари ин баъд аз омоси гарм падид ояд. Ҳар гоҳ [омос] рим кунад, кафгирак бигардад: нахуст таб, дард ва дигар аразҳо шиддат ёбанд, сипас намудҳои гуногуни фарошо ба амал оянд ва бар пушт хобидан душвор бигардад, чи ҷои он ки бар паҳлу хобида шавад. Ҳар гоҳ омос рим кунад, ҳангоми даст задан нарм бинамояд ва аразҳо фурӯ нишинанд. Ҳар гоҳ бикафад, табларза ба амал ояд ва аз шикам риму хуноба ва ё чизе шабеҳ ба дурди шароб берун омада, баробари он сабукӣ ва барҳам хӯрдани гаронии ҳисшаванда дарёфта шавад. Кафидани он (372) ё ба сӯи рӯдаҳо буда, [рим] аз тариқи бироз берун ояд, ё ба сӯи гурдаҳо буда, аз тариқи пешоб берун ояд ва ё ба сӯи фазои андар шикам буда кафида, сабукию пучӣ дарёфта шавад, вале берун омадани [ягон чизе] аз тариқи бироз ва ё пешоб мушоҳада нашавад. Кафгирак гоҳо андар гӯшти ҷигар амиқ ҷой гирифта бошад ва гоҳе андар зоҳири он падид омада, ғайри амиқ бувад. Хуноба ба ҳангоми ҳар ду намуд гуногун бошад: ҳангоми намуди амиқ сиёҳ бувад ва ҳангоми намуди ғайри амиқ ба сафедӣ бигарояд.
Фасли даҳум андар баёни омоси мосориқо
Нишонаҳои омоси ҷигар барои он муштараканд, лекин ҳангоми намуди гарми он таб суст буда, ба андозаи шиддатнокии таби омоси ҷигар нарасад ва гаронӣ баробари азҳамкашидагӣ фурӯтар ба сӯи шикаму меъда дарёфта шавад. Гоҳе ба ҳангоми [омоси мосориқо] азҳамкашидагӣ бештар аз гаронӣ бувад. Ҳар гоҳ на нишонаҳои суддаи ҷигар ва на нишонаҳои омоси он дарёфта нашаванд, вале бирозро ба шакли килуси тунуке дарёбӣ, ки на ба сабаби заъфи гувориши меъда бувад ва далелҳои он [мавҷуд набошанд], пас, чунин ҳукм кун, ки андар мосориқо омоси гарм аст. Аммо ҳангоми омоси сахт миёни ӯ ва суддаҳои мосориқо фарқ ниҳодан душвор аст, магар ба ҳадси дур. Ҳар гоҳ баъд аз рӯзгоре чанд чизи зардобмонанде берун ояд, бидон, ки ин аз сабаби омос аст. Ин [191] зардоб аз зардоби аз ин гуна [омоси] ҷигар падидомада бо он фарқ дорад, ки ранги он ба сурхӣ ва хунӣ бизанад ва ранги ин ба римӣ ва зардӣ.
Фасли ёздаҳум
андар баёни илоҷи омоси гарми хунӣ
Нахустин коре, ки бояд кунӣ, ҳолати пурӣ, ҳолати қувват, син, фасли сол ва дигар ҳолатҳоеро бингар, ки худ медонӣ ва аз тариқи онҳо имконияти раг заданро биҷӯй.
Агар имконият ёбӣ, аз босалиқ хун бигир, агар не, аз акҳал ва агар аз ин ҳам имконият набошад, пас, қифолро бизан. Агар қувват қавӣ бошад, хуни гирифтанаш мавриди эҳтиёҷро ба як бор раг задан бигир ва агар қавӣ набошад, баҳра-баҳра ва як чанд маротиба хун бигир. Бидон, ки агар раг назанӣ ва моддаро андар ҷигар ба ҳоли хеш гузошта, доруҳои қабзкунанда ва [моддаро] пас гардонанда ба кор барӣ, мумкин аст андар ин ҳол омос сахт бигардад ва агар доруҳои ҳалкунанда ба кор бибарӣ, мумкин аст ин дард ва омос биангезад. Бинобар ин нахуст раг бизан ва агар ягон боздорандаи қавие андар миён набошад ва агарчи хуни зиёде бирезад ҳам, танҳо ба ин кифоят накун. Бидон, ки туро андар ибтидои [беморӣ] ба пас гардондан ва сард сохтани [моддае] эҳтиёҷ аст, ки андар ин гуна ҳолат [иҷрои он] қонунист, лекин бар ту воҷиб аст, ки аз ҷиҳати сахтшавии [омос] эҳтиёт кунӣ, зеро он чи, ки бояд сахт шавад, зуд сахт хоҳад шуд.
Бинобар он бояд ин [доруҳо] бо доруҳои латифсозанда ва доруҳои суддакушой омехта бошанд. Гоҳе ба ифрот ба кор бурдани тилоҳои сард боиси сахтшавии [омос] хоҳад шуд. Гоҳе [барои кафидани омос] ба гармоба рафтан кифоят бошад ва гоҳе он ба сӯи гурда бикафад.
Бидон, ки бисёре аз доруҳои дорои қабзкунандагию сардӣ ва ҳамчунин бархе аз ғизоҳои бад-ин сифат буда, масалан, анор, себ ва амруд, аз ҷиҳати дигар зиён доранд.
Аз баҳри он ки ин гуна [доруҳо] гузаргоҳи ба сӯи заҳра бударо танг созанд ва дар натиҷа сафро кашида нашавад ва ин омосро афзоиш дода, бадии зиёде оварад. Ҳангоми қабзоварӣ, бо вуҷуди он ки аз он чора нест, андар аввали иллат ва низ андар охири он ҳангоме ки аз барои нигоҳ доштани қувват ҳал кардан воҷиб ояд, бими ду чиз аст: сангшавӣ ва банд шудани сафро андар ҷигар.
Бинобар он туро инчунин эҳтиёҷ бад-он аст, ки аз дигар омосҳо дида бештар ҳангоми ин иллат зуд ба тадбири ҳал кардан бипардозӣ. Ин [корро] аз бими сангшавӣ ва сахт шудани [омос] ва аз барои рондани зардоби баде, ки шояд битаровад ва омосҳои гарм аз таровидани он холӣ нестанд, бояд кард. Лекин ҳал кардану кушодан гоҳе қувватро суст карда, маргро наздик оварад, чунонки Ҷолинус аз ҳоли пизишке ҳикоят кардааст. [Ин пизишк] омосҳои ҷигарро бо доруҳои ковоккунандае, ки дигар омосҳоро бо онҳо муолаҷа кунанд, масалан, бо зимодҳои аз равғани зайтун, гандум ва об сохташуда муолаҷа мекардааст ва ба [бемор] аз ҷави румӣ ғизо медодааст, ҳол он ки мебоист чизе бидиҳад, ки дорои хусусияти зудояндагӣ буда, часпаку ситабр набошад ва бо доруҳои ҳалкунанда доруҳоеро аз қабили мушки замин, наи бӯё ва афсинтин меомехт, ки дорои хусусияти қабзкунандагӣ, қувватбахшӣ ва хушбӯиянд. Аз инҳо ба андозаи қувватро нигоҳдоштан, на ба ифрот, бояд ба кор мебурд (373) ва ҳарчанд ба тақвияти ҳалкунандагӣ ва тезонидани вақти он эҳтиёҷи зиёд аст, вале андар оғози [беморӣ] ба пас гардонидани қавӣ, андар миёнаи [бе морӣ ба пас гардонидану қабз кардан] ва андар охири беморӣ ба ҳал кардан [бо доруҳои ҳалкунандае], ки бо доруҳои қабзкунандаи аз ҳамин қабил буда омехтаанд, бояд такя мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор