Қонуни тиб

Фасли севвум
андар баёни омоси гарми ҷигар
Сабабҳои он аз ҷумлаи он сабабҳои омосест, ки дорои гармист. Нишонаҳояш нишонаҳои ёдшудаи омосҳоеанд, ки римкунанда буда, андар бархе аз [бахшҳои ҷигар] падид оянд. Агар омоси [гарм] андар бахши гӯштӣ ҷой дошта бошад, таби тез падид ояд, ташнагӣ шиддат ёбад, иштиҳо бикоҳад, ҳукаку маниши гаштан рӯй диҳанд ва [бемор] нахуст сафро, сипас [моддаи] зангорӣ ва ганданоӣ ва баъд аз он савдо қай кунад. Дасту пойҳо сард бигарданд, забон сиёҳ шавад ва беҳушӣ рӯй диҳад.
Ҳамаи ин хусусан ҳангоме хоҳад буд, ки агар омос андар бари фурӯрафтаи [ҷигар] бошад. Хусусан ҳангоми андар бари кӯжии [ҷигар] будани омос баднафасӣ, дарди ба суи пушт ва охурак раванда ва сӯзиш ба амал оянд.
Агар омос андар бари фурӯрафта бошад, ҳангоми ҳавои ниҳоят зиёд кашидан ба сабаби хиҷобро кашидан ва фишор овардани омос андар кори нафасгирӣ таъсир расонида, ҳангоми кашидани ҳаво тангӣ оварад ва гоҳе мумкин аст боиси сурфа бигардад. [Омос] чи гунае набошад, забон сахт зард ва сурх шуда, сипас ба сиёҳӣ бизанад ва баъди он хусусан агар омос андар бахши кӯжии [ҷигар] бошад, ранги тан бигардад.
Агар қувват умуман ва қувваи меъда хусусан қавӣ бошад, хусусан ба ҳангоми омоси андар бари фурӯрафта буда табиат баста шавад, вале агар қувват андар тан ва меъда заиф бошад, [омос] исҳол хоҳад овард. Буқрот гуфтааст: «Бирози ситабри сиёҳ ба оғози бемории тез далели он аст, ки андар ҷигар омоси гарми бузург ҷой дорад». Ба изофаи он набз мавҷӣ, бузург, думодум ва тез хоҳад шуд. Омоси гарм ё ҳал гардида, бо ҳамин аразҳояш бекор бигарданд, ё рим карда, баробари он нишонаҳои реши ғарбелак зоҳир шаванд, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард ва ё сахт гардида, [аразҳои] он низ ба нишонаҳои омоси сахт табдил ёбанд ва нишонаҳои омоси гарм бекор шаванд. Аксар вақт сабаби ба омоси сахт табдил ёфтани он ҳангоми омоси гарм ба ифрот тарифизоию қабз кардан ва ба кор бурдани доруҳои ситабрсозанда бувад.
Фарқи миёни ин ва барсом он аст, ки аз паси сурфа [балғам] наояд, дард андар бари рост бошад ва гарон ҳис карда шавад, ранги забон ва ранги тан баробари он бигарданд, набз чандон аррагӣ набошад ва агар омос ба наздики кужии [ҷигар] ҷой гирифта бошад, ба даст андарояд.
Агар омос андар бари [фурӯрафта] ҷой дошта бошад, ба иллати он омос ҳиҷобро фишор дода аз ҳам бикашад, ба такаллуф нафаси бузург кашидан ва ҳавои бисёр фурӯ бурдан аз он гувоҳӣ диҳад. Гоҳе ба ҳангоми он сурфа ба амал ояд. Буҳрони омосҳои гарми кужии ҷигар ва омосҳои мушакии гарм низ бо омадани хуни бинӣ (371) хусусан аз тарафи рост, ё арақ кардан ва ё пешоб омадан, ки ҳар ду сутудаанд, зоҳир гардад. Ҳангоми [омосҳои] бахши фурӯрафта [буҳрон] бо арақ кардан, ё шикамрави зардавӣ ва ё омадани қай зоҳир бигардад.
Фасли чаҳорум андар баёни мошарои ҷигар
Ҳангоми мошаро гаронӣ камтар ва афрӯхтагӣ, сӯзиш,
сиёҳ шудани забон ва ниҳоят рангин шудани пешоб беш
тар бигарданд, ранг ба зардӣ бизанад ва навбатҳои шиддат ёфтани таб рӯз андар миён ба амал оянд. [Бемор] аз чизҳои сарди тар бештар суд бинад, набз сахттар ва аз мавҷии холис дида бештар ба аррагӣ монанд гардад ва хурдтар гардида, думодумию зудияш шадидтар шавад.
Фасли панҷум андар баёни [омоси] фалағмунӣ
Бар ин нишонаҳои омоси гарм ва чизҳое далолат кунанд, ки аз ҷиҳати хосият мухолифи чизҳои ба мошаро нисбат додаамон бошанд. Низ сурхии ранги рӯй ва пурии рагҳо [аз он гувоҳӣ диҳанд].
Фасли шашум андар баёни омосҳои сарди ҷигар
Ҳангоми ин гуна омосҳо гаронӣ ҷой дорад, лекин на ташнагӣ, на таб ва на сиёҳ шудани забон ба амал нахоҳанд омад. Ба изофаи ин андар меъда чизе шабеҳ ба ташаннуҷ падид ояд. Бар [омоси сард], чунонки медонӣ, синну сол, тадбири [ғизо], мизоҷ ва ранг далолат кунанд.
Фасли ҳафтум андар баёни омоси балғамӣ
Бар ин [омос] бодгирифтагии пӯст ва арзизӣ будани ранг гувоҳӣ диҳанд ва [ҳангоми он] сахтии шадид, нармии набз ва дигар нишонаҳои омоси сард ҳис карда нашаванд.
Фасли ҳаштум андар баёни омоси сахти саратонӣ
Аксар вақт ки ин [омос] рӯй диҳад, аз сабаби омоси
аз он пеш омада рӯй диҳад, вале гоҳе аз ибтидо ҳамин
гуна падид ояд. Гоҳе мумкин аст ба сабаби кӯфтагӣ ба
амал омада, зуд сахт бигардад. Андар касоне, ки ноҳияи
ҷигари эшонро аз тариқи басовандагӣ дарёфтан мумкин
аст, басовандагӣ бад-ин омос гувоҳӣ диҳад ва агар чунин касон зуд ба истисқо гирифтор намешуданд, ин [омос]
ниҳоят ошкоро ба ҳис андар ҳамеомад, чаро ки мароқ
баробари он лоғару заиф шуда, омоси ҳилолишакле аз
ғайри дард мушоҳада карда шавад, балки гоҳе андар оғози хӯрдани таом ранҷе ба амал ояд ва ҳангоми гуруснагӣ ором шавад. Ин гуна [омос] андар роҳи ба истисқо
табдил ёфтан аст. Гоҳе бар [чунин омос] гаронии ниҳоят
шадиди бе таб, лоғарии тан, афтидагии иштиҳо ва тирагии ранг гувоҳӣ диҳанд ва пешоб бикоҳад. Гоҳе он аз
паси аразҳои омоси гарм падид ояд. Ҳар гоҳ [аразҳои
омоси гарм] бираванд, ҷуз гаронӣ чизе боқӣ намонад ва
ба сабаби он душвории нафас фузунӣ ёбад, [ҳамаи] ин
далели он бошад, ки омоси гарм сахт шудааст. Душвории нафас ва гаронии бе таб барои омоси сахт ва суддаҳо муштараканд ва ин ду аз ҳам бо дигар [нишонаҳое] фарқ кунанд, ки гуфта шуданд. Аз паси [омоси сахт]
истисқо ва хусусан навъи гӯштии он падид ояд, аз баҳри он ки бахши обӣ ба таври суст ҷудо шавад ва танҳо
бахши тунуки он битаровад. Бинобар ин, бахши обӣ ҳамроҳи хун ба сӯи андомҳо равона шавад ва истисқои гӯштӣ ва дамидагӣ ба амал оварад. Қисми ситабртари бахши обӣ гоҳо низ ба фазои шикам гузарад, чунонки мо
инро андар боби истисқо ёд хоҳем кард ва боиси падид омадани истисқои машкӣ бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор