Қонуни тиб

Ҳар гоҳ омоси гарм аз ҷигар ба сӯи испурч гузарад, ин хуб аст ва агар аз испурч ба сӯи ҷигар гузарад, бад хоҳад буд.
Нишонаҳои ҳамагонии омосҳои ҷигар, ки ба анбозӣ бошанд: Аммо нишонаҳои ҳамагонӣ чунинанд, ки бемор пайваста андар зери сари паҳлуҳо гароние ҳис кунад ва андар он ҷой дарде дарёбад, ки гоҳ-гоҳе шиддат ёфта, мисли дарди ҳангоми суддаҳо буда набошад, зеро суддаҳо аз дарди сахт холӣ буванд. Ҳангоми омос намуди зоҳирӣ дигаргун шуда, на мисли он бошад, ки ба ҳангоми дамиш бетағйир бимонад ва ба изофаи он аксар вақт охурак ба фурӯсӯ кашида шавад, вале ин на ҳамеша. Ин кашиш ба сабаби аз ҳам кашида шудани [раги] дарунтиҳӣ ва меълоқҳо ба амал ояд. Ҳангоми омосҳои гарми ҷигар ва дигар омосҳо [дарди] дилзананда ориз нагардад, зеро шараёнҳо андар пардаи ҷигар паҳн бигарданд ва андар он ҷуз ба миқдори ҳиснашаванда гаронӣ нахоҳад буд. Паҳлуҳои пушт гоҳе андар дардҳои ҷигар ва омосҳои болоӣ ва болобарояндаи он агарчи ба таври доимӣ ҳам набошад, анбозӣ кунанд. Худовандони омосҳои ҷигар ва хусусан омосҳои гарм ва бузург бар паҳлуи рост хоб рафтан натавонанд ва хобидан бар паҳлуи чап низ барои эшон гарон бошад, зеро омос ба сӯи поин кашида шавад. Баръакс, майли бештари эшон бар пушт хобидан бувад. Агар омос андар бари кӯжии [ҷигар] бошад, андар он ҷой гаронӣ дарёфта шавад, ба наздики меълоқҳо кашидагӣ ҳис карда шавад ва ҳангоми ламс, хусусан андар касони лоғар, даст ба таври ошкоро бар омос биафтад. [Низ] сурфаи хушк падид ояд ва нафас, хусусан ҳангоми сахт нафас кашидан, танг бигардад, аз баҳри он ки ҳиҷобу шуш андар ранҷи ҷигар анбозӣ кунанд. Пешоб бикоҳад ва агар омос бузург бошад, мумкин аст тамоман баста гардад, зеро ин гуна [омос] андар бари кӯжии [ҷигар] судда ба амал оварад ва боиси заъфи қувваи ронанда бигардад. Гаронӣ ба ҳангоми ин [омос] бештар аз гаронии [омосе] бошад, ки ба наздики бари фурӯрафта падид ояд, чаро ки бари фурӯрафтаи ҷигар бар меъда такя дорад ва бад-ин сабаб гаронии он камтар бувад. Кашида шудани охурак ба фурӯсӯ аз тарафи рост ва хусусан андар касоне камтар ҳис карда шавад, ки ҷигарашон сахт часпида ва пайваста бо паҳлуҳо офарида нашудааст. Аммо кашида шудани охурак ба фурӯсӯ ва анбозии он андар дарди ҷигар андар касоне, ки ҷигарашон бо паҳлуҳо пайвастааст, бештар ва зоҳиртар бувад. Ҳукак ҳангоми омоси андар кӯжии ҷигар буда камтар ва ҳангоми омоси андар бари фурӯрафтаи ҷигар буда бештар ба амал ояд, зеро бари кӯжии [ҷигар] аз даҳони меъда дуртар ҷой гирифтааст.
Агар омос андар бари фурӯрафта ва андар фурӯсӯ ҷой дошта бошад, гаронӣ камтар хоҳад буд, зеро ин [бахш] бар меъда такя дорад. [Низ] сурфа ва тангии нафас начандоне бошанд, ки қобили эътибор бошад ва [омос] ҳангоми даст-даст кардан ба андозаи қобили мулоҳаза андар даст наояд. Лекин дард ба сабаби тангии андар он мавзеъ баамаломада, хусусан агар мароқ кашида шуда бошад, шадидтар хоҳад буд. Агар омосҳои ҷигар бузург бошанд, табиат аз паҳлу задан рӯ гардонда, ба хобидан бар пушт майл пайдо кунад ва агар ба ифрот бузург шаванд, бар
пушт хобидан ҳам номумкин бигардад. Омосҳои бари фурӯрафта аксар вақт ёри омосҳои мосориқоянд. Умуман, агар омос андар бари фурӯрафта бошад, меъда сахт андар он анбозӣ кунад ва ҳукак, маниши гаштан ва ҳангоми омоси гарм ташнагӣ ба амал оянд. Бархе аз [пизишкон] гуфтаанд, ки анбозии миёни [меъдаву ҷигар] ба воситаи асаби борике бувад, ки миёни ҷигар ва даҳони меъдаро пайваста аст ва бинобар ин ҳукак падид ояд. Бархе дигар гуфтаанд, ки ҳукак танҳо ба ҳангоми омоси бузург ба амал ояд ва он даҳони меъдаро фишор диҳад. Ба ақидаи Ҷолинус сабаби он баъзе хилти тезест, ки аз омоси гарм ба сӯи меъда гузашта, андар даҳони он бирезад. Умуман, ҳукак ба наздики умуми [пизишкон] ҷуз ба сабаби омоси бузург ба амал наояд, зеро масофаи миёни ҷигар ва даҳони меъда зиёд аст ва агарчи асаби барои ҳар ду муштарак ҷойдошта миёни ҳар дуро пайвандад ҳам, вале он ниҳоят борик аст. Умуман, агар омоси бузург набошад, миёни ҷигар ва меъда ҳам андар бештари ҳол анбозӣ нахоҳад буд. Он омоси ҷигар, ки ба пардаҳо ва рагҳо наздиктар воқеъ бигардад (370) ва агар гарм бошад, дардаш шадидтар ва табаш заифтар буванд. Аммо агар омос андар ҳар ду бари [ҷигар] ҷой дошта бошад, нишонаҳои хоси ҳар ду бар зоҳир бигарданд. Гоҳе як бар бари дигарро ба таври начандон зиёд анбозӣ кунад. Мумкин аст ҳамаи намудҳои омоси ҷигар, чи гарм ва чи сард, боиси падид омадани истисқо бигарданд. Бидон, ки ҳар гоҳ исҳол ҷуфти омоси ҷигар шавад, ин ҳалоккунанда бувад.
Фасли дуввум андар баёни фарқ миёни омоси ҷигар ва омоси мушакҳое, ки андар мароқ ва бар болои ҷигар ҷой гирифтаанд
Фарқи миёни ин дуро аз тариқи ниҳод, аз тариқи шакл ва аз тариқи аразҳо бишиносанд. Аз тариқи ниҳод бад-ин гуна бошад, ки омоси мушакҳо ҳамеша намоён бошад ва омоси ҷигар хусусан агар андар бари фурӯрафта ва андар каси фарбеҳ бошад ва агар ҳолат чандон хафвнок нагардида бошад, мумкин аст, ки намудор нагардад. Ниҳоди омоси мушакӣ андар дарозо, ё паҳно ва ё вуребӣ ба равиши мушак бошад ва мо инҳоро андар [боби] ташреҳ нишон додем. Аз тариқи [190] шакл бад-ин гуна бошад, ки омоси намудори ҷигар ба ҳасби ниҳоди ҷигар ҳилолишакл бошад ва [маҳалли] ҷудошавии бурриши муштараки он ҳис карда шавад. Аммо омоси мушакӣ бошад, дарозрӯя буда як сари он ситабр ва сари дигараш борик ва мисли думи муш бувад, бинобар ин маҳалли ҷудошавии бурриши муштараки он ҳис карда намешавад, балки чунин дарёфта шавад, ки он ба дарозо кам-кам борик шудан гирад. Гоҳе агар омос андар мушакҳои дарунии вуребӣ ҷой гирифта бошад, танҳо як қисме аз он андар умқ дарёфта шавад, ки дарозрӯя бувад ва ин гуна [омос] бештар ба омоси ҷигар монанд бошад. Аз тариқи аразҳо бад-ин гуна [фарқ тавон] кард, ки аз аразҳои хос ва муштараки ба ҳангоми омосҳои ҷигар рӯйдиҳанда андар омосҳои мушакҳо чандоне рӯй нахоҳанд дод, ки қобили эътибор бошад. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки мароқ зуд ба лоғарию хушкӣ гароида истодааст, чунин ҳадс бизан, ки омос ҷигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор