Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар киро чунин ҳол рӯй диҳад, ба сабаби судда ба иллати душвории пешоб гирифтор шавад ва ба изофаи он аз сабаби офати андар мушакҳо афтода пешоб қатра-қатра ояд». Ман бигӯям: Шояд (368) бахши обии палид, ки чун аз тариқи пешоб берун наояд, ба ягон роҳе ба сӯи андомҳои атрофӣ гузашта ба сабаби талхӣ ва буранокии худ хориши сахт ба амал оварад.
Нишонаҳо: Нишонаи ҳар як [дардро] аз он гуфторе донистӣ, ки андар боби хоси он овардем.
Илоҷ: Илоҷи ҳар як [дард] низ андар боби худаш ёд карда шудааст, лекин мардум аз барои дардҳои ҷигар доруҳоеро ёд карда гуфтаанд, ки бархе аз онҳо ба таври мутлақ ва аксарияташ аз барои навъи дарди аз заъфи [ҷигар] ба амал омада судманданд. Мо баъзе аз онҳоро меоварем, вале бояд ба он чизе такя намуд, ки ёд кардем. Эшон гуфтаанд, ки аз барои ин [иллат] нусхаҳои гуногуни қурси рованд, маъҷуни рованд, доруи куркум, маъҷуни шикаморандаи судоб, маъҷуни қардамоно, маъҷуни Қардиёнус, маъҷуни қайсар, асоносиёи хурд ва бузург, [гувориши] хурмоӣ, қуқиё, маъҷуни Асқли

биёдус, қурсҳои даҳдору ва маъҷуни Ҷолинус, ки мансуб ба Юнофис аст, суд доранд. Низ гуфтаанд, ки яке аз чизҳои аз барои ин [иллат] судманд ду уқия фишурдаи барги тозаи сарв бо сикангубин ва ё ҷӯшонидаи он бо ним дирам рованд, се дирам заъфарон ва бо андаке аз тухми карафс ва бодиён мебошад. Инчунин: чаҳор дирам гул, ду дирамӣ аз мастако ва сунбул, як дирамӣ аз фишурдаи алафи гулӯдард, фишурдаи афсинтин, лок, рованд, заъфарон, шукуфаи гӯргиё, рӯян, асорун, тухмиҳои сегона12 ва уди хом ва ним дирам аз шохаҳои баласон бигиранд. Агар дард [189] бо исҳол бошад, аз барои он доруи зеринро тавсиф кардаанд: аз дурди хамри ҷӯшонида, лок, рованд ва сунбул як мисқолӣ ва аз рими оҳан ҳафт дирамсанг гирифта, аз болои ду уқия оби кашниз биошоманд. Ҳангоми истеъмоли ҳамаи ин [доруҳо] ва хусусан агар андар ин миён ҳарорат бошад, бояд аз ғизоҳо ва гӯштҳои ситабр парҳез карда шавад ва чунонки медонӣ, танҳо бо гӯшти сабуки латиф аз қабили [гӯшти] парандагон ва ғайра кифоят кунанд. Аз зимодҳо зимоди қардамоно, зимоди фурбиюн, зимоди шоҳафсар ва зимодҳои ба ин [беморӣ] мансубро [ба кор баранд].

Мақолаи севвум
АНДАР баёни омосҳои ҷигар ва
гусастани пайвастагии он

Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни омосҳои
ҷигар ва чизҳои бад-он вобаста

Омосҳое, ки андар ноҳияҳои ҷигар падид оянд, бархе
аз онҳо андар худи ҷигар, бархе андар мушакҳои бар ҷигар ниҳода ва бархе андар мосориқо падид оянд. Бархе
аз омосҳои андар худи ҷигар падидоянда андар бахшҳои барини ҷигар моил ба паҳлуи кӯжи он, бархеи онҳо
андар бахшҳои зерин моил ба паҳлуи фурӯрафтаи он ва
бархеи дигари онҳо андар ҳиҷобҳо, пардаҳо ва рагҳои
ҷигар падид оянд. Қисми [ахир] камтар рӯй диҳад. Гоҳе
омос якчанд намуди бахшҳоро фаро бигирад. Сипас худи омос берун аз ин нест, ки ё фалағмунии кафгиракӣ ва
ё ғайри кафгиракӣ, ё сафровӣ, ё балғамӣ, ё сахти саратонӣ ва ё ғайри саратонӣ бувад ва ё ин ки ба шакли дамидагии бодӣ ба амал ояд. Сабабҳои ҳамаи инҳо ё мизоҷи гарми якҷоя бо табҳои сахт азобдиҳанда ва ё бидуни табҳост, ё мизоҷи сардест, ки гуворишро боз дорад, ё
ронда шудани [фазлаҳост], ё нотавониест, ки андар меъда рӯй дода бошад ва ё суддаест, ки хилтҳоро ҷамъ карда, сипас онҳоро аз ғайри тариқаи табиӣ ба сӯи бахшҳои ҷигар ронда бошад. Инчунин сафро13 ва монанди он
аз ҷумлаи сабабҳои ин суддаанд. Агар судда моил ба тарафи заҳра бошад, ба сабаби бисёрии талха хунро маҷ

бур кунад, ки биҷӯшад ва аз ғайри тариқаи табиӣ андар бахшҳои ҷигар ҷабида шавад. Умуман, бисёрии талха яке аз сабабҳои омоси гарми ҷигар бувад. Гоҳе мумкин аст аз сабаби офате ба амал ояд, ки ба анбозии меъда бошад ва гуворишро табаҳ созад. Ғизоҳои гармиоваранда ва ситабр ва ғизоҳое, ки хуб гуворида нагарданд, барои андар ҷигар падид омадани омосҳо ёварӣ кунанд. Ҳамчунин агар ҷигар ниҳоят сахт кашанда буда, [ғизоҳоро] беш аз андозаи лозима бикашад ва аз паси он як миқдори дуруст аз чизҳое кашида шаванд, ки ҳаққи ронда шудан доранд, ин [ҳол низ ҷигарро] аз барои омос омода созад. Гоҳе омос ба сабаби ягон кӯфтагӣ ва ё маъюбие14 ба амал ояд.
Ҳар як омоси ҷигар буҳронӣ шавад: агар омос андар бари кӯжии [ҷигар] бошад, буҳронаш аз тариқи арақ омадан, ё пешоб тохтан ва ё хуни бинӣ шудан зоҳир бигардад; (369) агар аз бари фурӯрафта бошад, бо арақ овардан, ё қай кардан ва ё исҳол шудан буҳронӣ шавад. Омосе, ки андар кӯжии ҷигар аст, бадтар аз омосе бошад, ки ба наздики фурӯрафтагӣ падид ояд. Ҳар як омос чи гарм ва чи сард, ки андар ҷигар ба амал меояд, аз тариқи судда овардан ба сӯи тан ҷуз хуни обакӣ дигар чизро гузаштан нагузорад. Ба изофаи он ҷигар бахши обиро ҷудо кардан натавонад ва гузашта аз он бисёре аз бахши обӣ андар мосориқо банд бигардад. Инҳо сабабҳои истисқои гӯштӣ ва истисқои машкӣ буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ