Қонуни тиб

Вале он гоҳе [хилти] ситабрро кашида, [хилти] тунукро бигузорад, чунонки [доруи] исҳоловарандаи савдо [чунин бувад]. Гуфтаи он касе, ки гӯяд: «[доруи исҳол] чизе бизояд, ки бо ёрии он [хилтро] бикашад ва ё он нахуст тунуктари онро бикашад», ба ҳеҷ намеарзад. Ҷолинус бо вуҷуди ин ақида доштан ба таври мутлақ гӯяд: «Доруи исҳоловарандае, ки андар вай [бахши] заҳрӣ нест, агар исҳол наоварад ва гуворида гардад, хилте аз худ бизояд, ки [хилтро] бикашад». Ин гуфта чандон рост нест. Ба таҳқиқ пайдост, ки Ҷолинус ақида дорад кашандаи доруӣ ва кашидашавандаи хилтӣ андар гавҳар ҳамшакланд ва бадон сабаб кашида бишаванд. Ин нодуруст аст. Агар кашидан бо ҳамшаклӣ мебуд, бояд оҳан чун фузун ояд, оҳанро ва тило чун миқдораш биафзояд, тилоро бикашанд. Лекин таҳқиқи пурраи ин бар уҳдаи ғайри пизишк аст.
Бидон, ки кашида шудани хилтҳо ҳангоми ошомидани доруи исҳол ва қай андар роҳҳое ба амал ояд, ки аз онҳо ронда шуда, андар рӯдаҳо биёянд ва андар ин ҷо табиат барои ба берун рондани онҳо ба ҷунбиш дарояд.
Кам иттифоқ биафтад, ки ҳангоми ошомидани доруи исҳол [хилт] ба сӯи меъда барояд ва агар барояд, рӯ ба сӯи қай биниҳад. [Хилтҳо] ба ду сабаб ба сӯи меъда намебароянд: якум ин ки доруи исҳол зуд ба сӯи рӯдаҳо гузарад; дуввум ин ки ҳангоми ошомидани доруи исҳол табиат зуд ба рондани он аз рагҳои мосориқо ба зер – ба сӯи бахши фурӯсӯвин пардозад, зеро ин [роҳ] наздиктар ва осонтар аст ва низ он чи ки аз паси вай ояд, онро бо музоҳамат бифишорад ва ин аз қабили чизе бошад, ки табиатро барои ҳар чи зудтар берун рондани он ба ҳаракат оварад. Агар доруро қувваи кашандае, ки хилтро лозим аст, аз паси худ бикашад, [боз] афзалияти ғолиб омадан андар шахси тандурусти қавитар қувваи ронандаи табииро мебуд, чаро ки дору хилтро ба роҳи муайян бикашад.
Аммо ҳоли доруи қай бар хилофи ин аст. Вай агар андар меъда биравад, андар он ҷой биистад ва хилтро аз рӯдаҳо ба сӯи худ кашида, бо қувва ва муқовимати хеш бо табиат қай оварад.
Бояд донист, ки бештари аз тариқи доруҳо кашидашавии [126] хилтҳо аз сӯи рагҳост. Вале он бахше, ки бисёр ҳамҷавор аст, аз он ҷой ба сӯи рагҳо ва ба ғайри рагҳо кашида шавад. Масалан, хилтҳое, ки андар шушанд, агар аз роҳи рагҳо берун наоянд, аз тариқи ҳамҷаворӣ ба сӯи меъда ва рӯдаҳо кашида шаванд.
Бидон, ки бисёр вақт хушкшавие, ки аз доруҳои хушккунанда ба амал меояд, сабабгори аз тан берун омадани тариҳо бигардад, чунонки ҳангоми истисқо чунин бошад.
Фасли панҷум гуфтор андар баёни исҳол ва қонунҳои он
Моро пеш гуфта омад, ки танро пеш аз [истеъмоли] доруи исҳоловаранда, хусусан ҳангоми иллатҳои сардмизоҷ,
барои пазируфтани он омода бояд кард ва [бояд] масомро
фарох ва табиатро нарм намуд. Умуман, пеш аз исҳол табиат нарм кардан қонуни хубест, ки андар вай эминӣ бошад, вале на касеро, ки зуд ба табоҳии меъда гирифторшаванда бувад. Ин гуна шахс набояд чизе аз ин корҳо бикунад, зеро ин сабабгори ифротие хоҳад шуд, ки мумкин
аст ӯро ба амал ояд. Мисли ин гуна шахсро доруи исҳол омехта бо чизе бояд дод, ки дорои қувваи қай овардан бошад, то [дору] пеш аз кори хешро анҷом додан аз меъда зуд фуруд наояд. (197). Балки бояд қувваи ҳар дуро баробар намуд, то ки исҳоловаранда кори худ ва қайоваранда акси онро бикунанд.
Шахсони шикастазабон аз қабили касонеанд, ки омодаи пазируфтани табоҳии меъда бошанд ва тоби доруи қавӣ надоранд. Бештари табҳои меъдаи эшон аз назлаҳои сар бувад.
Яке аз ҳолатҳои хатарнок ин ошомидани доруи исҳол ҳангомест, ки андар рӯдаҳо бирози хушк бошад. Балки бояд онро хоҳ бо ҳуқна ва хоҳ бо ягон ошоми лагжонандае берун кунанд. Ба кор бурдани гармоба якчанд рӯз пеш аз истеъмоли доруи исҳол латифкунанда буда, яке аз омодасозандагони хуб аст, ба шарте ки боздорандае андар миён набошад. Бояд андар миёни гармоба кардан ва ошомидани дору андак замоне бигузарад. Пас аз [истеъмоли] дору ба гармоба набояд даромад, зеро он моддаро ба берун хоҳад кашид ва ба таҳқиқ ба боздоштани исҳол созгор аст, на ба ёрӣ додани он, вале андар зимистон чунин нест ва агар ба хонаи якуми гармоба бидароянд, боке надорад, зеро гармии он, албатта, на ба кашидан, балки ба нарм намудан тавоно бувад. Умуман ҳавои [гирди] касоне, ки дору ошомидаанд, бояд андаке гарм бошад, то арақ накунанд ва нороҳат нашаванд, зеро ин гуна [ҳаво] низ яке аз омодасозандагон ба шумор биравад. Молиш ва равған молидан пеш аз он низ аз ҷумлаи омодасозандагон буванд.
Касе, ки бо дору хӯ накарда бошад ва онро ошомидан натавонад, пизишкро беҳтар он аст, ки аз додани доруҳои исҳоловарандаи қавӣ ба ӯ имтиноъ варзад, ба худованди хом мондани [ғизо], хилтҳои часпон ва азҳамкашидагии сарҳои паҳлуҳо ва ба касе, ки андар андомҳои дарунӣ илтиҳобу судда дорад, ягон [доруи исҳол] набояд дод, то ин [ҳолҳоро] бо ғизоҳои нармкунанда, бо гармоба, осоиш ва [бо] тарки он чизе ба ислоҳ наоварад, ки боиси ҷунбишу афрӯхтагӣ бувад.
Онҳое, ки обҳои истода ошоманд ва ба бемориҳои испурч гирифторанд, эҳтиёҷ ба доруҳои қавӣ доранд. Агар шахсе доруи исҳол биошомад ва агар доруяш қавӣ бошад, ӯро беҳтар он аст, ки пеш аз амал кардани он бихобад, зеро [андар ин ҳол] дору хубтар амал хоҳад кард ва агар заиф бошад, беҳтар он аст, ки нахобад, зеро [андар ин ҳол] табиат доруро бигуворад. Пас, дору чун ба кор дарояд, ӯро беҳтар он бошад, ки андар чи ҳоле набошад, нахобад. Дору ҳамин ки ошомида шуд, баъди он ҳаракат кардан нашояд, балки аз паси он ором биистанд, то табиат вайро фаро гирифта, андар вай амал кунад, зеро то вақте ки табиат андар [дору] кора накунад, дору ба табъ амал нахоҳад кард. Лекин бояд хушбӯиҳое бӯида шаванд, ки маниши гаштанро боз доранд. Масалан, пудинаи бӯстонӣ, судоб, карафс, биҳӣ ва гили хуросоние [бибӯянд], ки бар онҳо оби гул ва каме сиркои хамрӣ пошида бошанд.
Агар [бемор] ҳангоми ошомидан аз бӯи дору нафрат кунад, бинияшро бибандад ва каси аз дору бадаш оянда бояд каме тархун бихояд, то қувваи даҳонаш карахт шавад. Агар бими партофтан бошад, дасту пояшро бояд бибанданд ва чун биошомид, аз болояш чизи гиранда бихӯрад. Пизишкон барои ин гуна [касон] ҳаббро бо ангубин биолоянд ва гоҳе бар болои он ангубини қивомёфта ва ё шакари қивомёфта кашида, аз онҳо бар [ҳабб] пироҳан бипӯшонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё