Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳилаи аз ҳама хуб он аст, ки ҳаббро бо мумравған андуда кунанд. Ғояти ин тадбир он аст, ки даҳонро бо об ва ё чизи дигар пур карда, сипас ҳаббро ҳамон тавре ки ҳаст ва ё бо ҳилаҳои бар вай сохта андарорад ва ҳамаро як ҷоя аз ғайри зоҳир шудани асари дору фурӯ бибарад. Пухтаковро ба шакли нимгарм ва ҳаббро [низ] ба оби нимгарм бояд ошомид. Бояд меъда ва кафи пои каси дору қабулкунандаро чандон гарм нигоҳ дошт, ки аз ин нафасаш сокин шавад ва сипас бояд аз ҷой бархоста, оҳиста-оҳиста бигардад, зеро чунин гардиш кумак хоҳад кард. Бояд ҳар сари чанд вақт оби гарм якқултӣ ва чандоне биошомад, ки доруро нарм намуда, берун насозад ва қуввати онро нашиканад, вале чун ҳоҷат ба қатъи исҳол афтад, [метавонад об тамом биошомад]. Якқултӣ ошомидани оби гарм ҳам [қувваи] муқаррарии доруро бишиканад.
Ҳар гоҳ касе дору ошомидан хоҳад, ки гарммизоҷи нотавонтаркиб ва меъдааш камқувват бошад, ӯро беҳтар он аст, дору ҳангоме ошомад, ки пеш аз он, масалан, оби ҷав ва ё оби анор ошомида бошад ва андар меъда аз ин ҷумла ғизои латифи сабуке ҳосил шуда бошад. Агар ҳар кӣ чунин набошад, беҳтар он аст, ки ношито [дору] бихӯрад.
Бисёр касоне, ки ҳангоми гармои сахт исҳол оваранд, ба таб гирифтор хоҳанд шуд. Касеро, ки доруи исҳол ошомад, воҷиб аст, то ҳангоми аз кори худ фориғ омадани дору [чизе] нахӯрад ва наошомад ва низ бояд аз паси исҳол хоб наравад, магар вақте ки баста шудани онро хоста бошад. Агар меъдааш ба сабаби серзарда будан ва зарда ба сӯи он зуд рехтан ва ба сабаби дер бозистодан ва гуруснагӣ кашидан бар нохӯрдан тоб овардан натавонад, ба ӯ аз болои дору пеш аз исҳол овардан каме нон андар шароб таридкарда бидиҳанд ва ин бошад, ки (198) доруро ёварӣ кунад.
Бояд мақъад бо оби сард шуста нашавад, балки бо оби гарм шуста шавад.
Гуфтаанд, ки ҳаббҳои бо пухтаковҳо ошомандаро бояд бо пухтакове бидиҳанд, ки ҳамҷинси онҳо бувад. Бинобар ин, ҳабби сафроорандаро, масалан, бо пухтакови шоҳтара бояд дод; [ҳабби] савдоорандаро, масалан, бо пухтакови афитимун, баспоя ва монанди онҳо бидиҳанд: [ҳабби] балғаморандаро бо пухтакови, масалан, қантуриюн бояд дод.
Агар ба истифроғи тане эҳтиёҷ пайдо кунӣ, ки хушк ва сахтгӯшт буда, [бояд истифроғ] бо доруи қавие, мисли харбақ ва монанди он ба амал оварда шавад, пеш аз он вайро бо ғизоҳои равғанӣ сахт тар бисоз. Умуман доруҳои қавии бисёр хатарнок, яъне монанди харбақ тани покро ташаннуҷ оварад, рутубати тани пурро ба таври хафакунанда ба ҷунбиш орад ва ба сӯи андомҳои дарунӣ чизеро бикашад, ки рондани он душвор бошад.
Ҳар гоҳ зиёни растаниҳои ятӯъии заҳрие, аз қабили мозариюн ва шибрам аз ҳад бигзарад, мост онро қатъ созад, зеро он шикам бибандад.
Бисёр вақт аз паси дору андар меъда бӯи он боқӣ монад ва чунон бинамояд, ки гӯӣ [дору] андар он истода бошад.
Доруи ин писти ҷав аст, ки вайро бибарад. Ба ростӣ, ин созгортарини хокаҳо бувад.
Агар муддат дер бикашад ва дору ба исҳол овардан оғоз

накунад, ба қадри имкон бояд онро сабук намуд ва [беморро] ҳеҷ наҷунбонд. Агар аз чизе бим бошад, беҳтар он аст, ки оби ангубин ё шароби он ва ё обе якқултӣ дода шавад, ки андар он натрун гудохта бошанд, ё фатила ба зер баргиранд ва ё ҳуқна бирезанд.
Яке аз сабабҳои амал накардани дору танг будани гузаргоҳҳоест, ки ё аз офариниш, ё ба сабаби мизоҷ ва ё ба сабаби ҳамҷавории иллате [чунин бошанд]. Азбаски андар худовандони фалаҷ [127] ва сакта гузаргоҳҳои доруҳо бар моддаҳо тангӣ биоваранд, бинобар он, исҳол овардани эшон душвор бувад.
Андар як рӯз ду доруи исҳол истеъмол кардан хатарнок ва берун аз ҷодаи савоб аст.
Ҳар як дору ба як хилт хос аст, бинобар ин, агар онро наёбад, ба шӯридан омада, ба сахтӣ исҳол оварад ва агар онро андар миёни зидҳо фурӯрафта дарёбад, низ чунин кунад.
Ҳар як дору нахуст хилтеро ба исҳол оварад, ки хоси ӯст, сипас онеро, ки андар бешию тунукӣ баъди он биистад ва [дигаронро ҳам] бар ҳамин тадриҷ [исҳол оварад], ба ғайр аз хун, ки онро ба охир гузорад ва [низ] табиат онро сахт бидорад. Хилти дурро кашидан душвор аст.
Ҳар кӣ бими он дошта бошад, ки ӯро баъд аз ошомидани дору тоса ва ё маниши гаштан падид ояд, савоб он бошад, ки се ё ду рӯз пеш аз ошомидани дору бо [ошомидани] оби турби пухта ва хӯрдани турб қай оварад. Андар таоми касе, ки исҳол овардан бихоҳад, намак набояд бисёр афканд.
Бисёр бошад, ки дору, хусусан агар исҳол наоварад ва ё чизе онро халал бирасонад, боиси падид омадани тоса, маниши гаштан, беҳушӣ, хафақон ва печиши ноф бигардад.
Бисёр вақт эҳтиёҷ ба қай кардани он афтад ва бисёр бошад, ки зиёни онро хӯрдани чизҳои гиранда кифоят кунад. Аз паси исҳол оби ҷав ошомидан зиёни доруи исҳолро бибарад ва чизҳои андар гузаргоҳҳо часпидаро ба исҳол оварад.
Ҳар касе, ки сардмизоҷ буда, бар хилтҳои вай балғам фузунӣ дошта бошад, бояд баъд аз дору ва амал кардани он сипандонро бо оби гарм шуста, бо равғани зайтун бихӯрад.
Агар гарммизоҷ бошад, тухми аспғулро бо оби сард, равғани бунафша ва шакари табарзад ва ё гулоб истеъмол кунад.
Каси мизоҷаш муътадил тухми катон [бихӯрад]. Касе, ки бими пӯстрав шудани рӯдаҳоро дорад, гили арманиро бо оби анор бихӯрад. Бояд истеъмоли [ҳамаи] он чи ки ёд кардем, баъд аз исҳол бошад, вагарна исҳолро боз хоҳад дошт.
Созгортарини чизҳо барои шахсе, ки баъди [ошомидани дору] таб шавад, оби ҷав бувад. Аммо сикангубин бошад, азбаски рӯдаҳоро пӯстравкунандааст, бинобар ин, бояд дусе рӯз баъдтар, вақте ки рӯдаҳо ба ҳоли хеш баргашта бошанд, истеъмол кунад.
Каси исҳоловарда бояд андар рӯзи дуввум ба гармоба биравад. Агар аз хилтҳои ӯ бақияе монда бошад ва бибинад, ки гармоба вайро хушҳолкунандаву форам аст, пас, ин далели он бошад, ки гармоба боқимондаи [хилтро] поккунандааст ва бигузор [гармоба] кунад. Агар бибинӣ, ки аз он форамие наёфта, нороҳат шуд, аз гармоба берунаш ор.
Бидон, ки каси рӯдааш нотавон гоҳе аз доруҳои шикаморанда қувваи исҳоловарӣ ҳосил кунад ва ин кор ӯро ба дарозо кашида, барои боздоштани [исҳол] ба муолаҷаи зиёде ниёзманд бигардад. Ҳамчунин пиронро бими аз ис ҳол расидани зиёнҳост.

пешина
аз 1215
навбатӣ