Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бидон, ки ошомидани набиз аз паси чизҳои шикаморанда табҳо ва ошуфтагӣ аз худ ба ҷой бигузорад.
Бисёр вақт аз паси исҳол ва раг задан ҷигар ба дард ояд ва инро ошомидани оби гарм аз бун бибарад.
Бидон, ки вақти баромадани ситораи Шиъро ва сармои сахт ва ҳангоми расидани барф бар кӯҳҳо муносиби дору [хӯрдан] нест. Доруро бояд баҳор ва ё хазон ошомид. Ҳангоме, ки баҳор рӯ ба (119) тобистон дорад, бояд танҳо доруи сабук истеъмол кард. Аммо хазон вақти он бувад.
Ба ҳар боре, ки ҳоҷат ба нарм кардан биафтад, табиатро набояд ба ошомидани дору одат кунонд, чаро ки ин боиси хӯ гирифтан гардида, худованди он ба кори оқибаташ нохуб гирифтор хоҳад омад.
Ҳар касе, ки хушкмизоҷ бошад, доруи қавӣ вайро лоғар хоҳад кард.
Пас аз доруи камқувват [хӯрдан] ҳаракат кам бояд кард, то ки қуввати вай ба таҳлил харҷ нагардад.
Яке аз доруҳои камқуввати хуҷаста бунафшаву шакар аст.
Касеро, ки андар зимистон ба доруи шикаморанда ҳоҷат афтад, бояд боди ҷанубро интизор шавад ва андар тобистон, чунонки баъзеҳо гуфтаанд, баръакс бувад. Инро тафсиле ҳаст.
Бемор агар ба доруи шикаморандаи сабуке эҳтиёҷ дошта бошад ва агар он амал накунад, онро ҷунбондан раво нест, балки бояд ба ҳоли худ бигузоранд. Бисёр вақт [худи] беморӣ исҳол оварда, боиси таб гардад ва гоҳе инро раг задан кифоят бошад.
Фасли шашум андар баёни ба ифрот расидани доруи шикаморанда ва вақти боздоштани он

Яке аз нишонаҳое, ки аз он вақти боздоштани исҳолро бидонанд, ташнагист. Агар исҳол давом кунад ва ташнагӣ падид наомада бошад, набояд бими он дошт, ки ба ифрот расидааст. Лекин ташнагӣ низ гоҳе на аз сабаби бисёрии исҳол ва ба ифрот расидани он падид ояд, балки мумкин аст, аз сабаби ҳолати меъда падид ояд, зеро [меъда] агар гарм ё хушк ва ё ҳар ду бошад, зуд ташна шавад ва аз сабаби ҳолати дору, агар он тези сӯзон бошад ва ё аз сабаби худи модда, агар он аз қабили сафро гарм бошад, [низ] ташнагӣ ба амал ояд. Андар ин гуна ҳолатҳо аз эҳтимол дур нест, ки зуд ташнагӣ ояд. Чунонки агар чизҳои зидди ин сабабҳо иттифоқ афтанд, эҳтимоли онро доранд, ки ташнагиро ба таъхир биандозанд. Ба ҳар ҳол, чун дидӣ, ки ташнагӣ беандоза зиёд аст ва исҳол кам нест, онро боздор. Хусусан агар сабабҳои зуд ташна шудан ва мадори он андар мисли ин ҳолат мавҷуд набошанд, баробари зоҳир шудани ташнагӣ андар ин кор набояд таъхир намуд.
Гоҳе зоҳир шудани он чи ки берун меояд, ба вақти бастан далолат кунад, чунки ҳар гоҳ исҳоловарандаи сафро бибинад, ки исҳол ба овардани балғам гузаштааст ва аз он бидонад, ки вай аз ҳад гузашта бошад, пас чӣ гуна [натавонад андар ҳоле бидонад], ки исҳол ба овардани савдо гузашта бошад? Аммо омадани хун бузургтарин хатар ва сахттарини зиён бувад. Ҳар киро баъд аз дору печиши ноф ба амал ояд, бояд андар чизе бингарад, ки андар боби печиши ноф гуфта шудааст.

Фасли ҳафтум
андар бозовардани ҳоли касе,
ки ӯро исҳол аз андоза гузаштааст

Исҳол ё ба сабаби нотавонии рагҳо, ё ба сабаби кушодии даҳонаҳои онҳо, ё ба сабаби газидани дору даҳонаҳои [рагҳоро] ва ё ба сабаби аз [дору] ва чизҳои монанди он бадмизоҷӣ ҳосил кардани тан ба ҳадди ифрот бирасад. Исҳол чун ба ҳадди ифрот бирасад, дасту пойҳоро аз барсӯ то фурӯсӯ, аз зери бағал ва буни рон сар карда, ба фурӯсӯ ресмонпеч бинамо ва [беморро] андаке тарёк ва филуниё биошомон.
Агар битавонӣ аз тариқи гармоба кардан ва ё бо доштани бухори оби гарм аз зери ҷома ӯро арақ биовар, вале сарашро аз [ҷайб] берун нигоҳ дор. Агар арақ ниҳоят бисёр оварад, чизҳои гиранда бидиҳанд, биошомад, бо онҳо ӯро молиш бидиҳанд ва лахлахаҳои хушбӯе аз обҳои райҳонҳо, сандал ва кофур ва фишурдаи меваҳо ба кор бибаранд. Бояд андомҳои берунааш молишдода ва лоақалл бо миҳҷамаҳое гарм карда шаванд, ки онҳоро андар зери паҳлуҳо ва миёни ду шона бо ёрии оташ гузошта бошанд. Агар эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бар меъда ва андомҳои дарунии ӯ зимодҳое аз пист ва обҳои гиранда ниҳода шаванд, бояд чунин бикунӣ.
Ҳамчунин бояд аз равғанҳо равғани биҳӣ ва равғани мастако зимод кунӣ.
Бояд аз ҳавои сард иҷтиноб варзанд, чаро ки он ба эшон фишор оварда, боиси исҳол бигардад. Аз [ҳавои] гарм ҳам [бояд ҳазар кард], зеро вай қувваи эшонро суст бинамояд.
Бояд бо бӯиданиҳои хуш [қувватро] тақвият бидиҳанд, чизҳои гиранда биошоманд ва коки андар шароби райҳонӣ тар карда бихӯранд. Бояд он гарм бошад ва пеш аз он нон бо оби анор, инчунин пистҳо ва пӯстҳои ордкардаи кӯкнор хӯрда бошанд.
Яке аз доруҳои санҷидашуда чунин аст: се дирҳам сипандонро гирифта, бирён кунанд, сипас андар дӯғ то ҳангоме биҷӯшонанд, ки баста шавад ва чун ба бемор бидиҳанд, ба ғоят судманд бувад.
[Бемор] бояд ғизои гирандаи бо барф хунуккарда, масалан, ғӯраоб ва чизҳои монанди он бихӯрад.
Яке аз воситаҳое, ки барои бастани исҳол ёрӣ расонад, [128] (200) бо ёрии оби гарм қай овардан аст. Барои ин бояд дасту пойҳоро андар [оби гарм] гиранд ва хунук шудан нагузоранд. Агар [бемор] беҳуш шавад ҳам, набояд ӯро шароб дод.
Агар ҳамаи ин суд набахшад, андар охири кор доруҳои карахткунанда ва муолаҷаҳои қавиеро ба кор бибар, ки андар боби нигоҳ доштани исҳол маъруфанд.
Беҳтар он аст, ки пизишк барои эҳтиёт пеш аз он қурсҳо ва хокаҳои гиранда омода бисозад ва бояд эҳтиётан ҳуқнаҳо ва абзорҳои онҳоро дошта бошад.
Фасли ҳаштум андар тадбири касе, ки дору ошомида бошад, вале исҳол наояд

Агар дору исҳол наоварад, боиси падид омадани печиши ноф, ошуфтагӣ, гижа ва сардард бигардад ва хамёза ва
даҳонфожа ба амал оварад, бояд ҳуқна ва илоҷҳои ба зер
баргирандаи маълумро ба кор баранд. [Низ] бояд аз мастако ба андозаи се курама бо оби нимгарм биошомад. Гоҳе
доруи аз ҳама боамалтар ошомидани чизҳои гиранда ва хӯрданӣ, масалан, биҳӣ ва себ аз болои онҳост, зеро инҳо даҳони меъда ва фурӯсӯи онро бифишоранд, маниши гаштанро таскин бидиҳанд, ҳаракати доруро аз боло ба сӯи поин бигардонанд ва табъро қувват бахшанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ