Қонуни тиб

Агар ҳуқна суд набахшад ва оризаҳои баде аз қабили азҳамкашидагии тан ва барҷастани чашмон падид омада, ҳаракати [дору] ба сӯи боло бошад, аз раг задан чора нест.
Агар дору исҳол наоварад ва аз паси он оризаҳои бад ба амал наоянд, низ савоб он бошад, ки баъди он раг зада шавад ва баъди ду ё се рӯз бошад ҳам, боке надорад, чароки агар ин корро накунанд, бими он аст, ки хилтҳо ба сӯи бархе аз андомҳои сарвар бираванд.
Фасли нӯҳум андар ҳолатҳои доруҳои шикаморанда
Бархе аз доруҳои шикаморанда зиёни азим доранд, мисли харбақи сиёҳ, мисли турбиде, ки чандон сафед набошад, балки аз ҷинси зард бошад, мисли ғориқун, ки тамоман сафед набошад, балки ба сиёҳӣ бизанад ва мисли мозариюн [чунинанд]. Ин чизҳо бад аст. Агар иттифоқан чизе аз инҳо ошомида шавад ва оризаҳои бад падид оянд, савоб он аст, ки ҳар қадар мумкин бошад, онро аз роҳи қай ва ё ба фурӯсӯ бурдан аз тан берун оранд ва бояд бо тарёк муолаҷа кунанд.
Бадӣ ва нафасро табаҳ сохтани бисёре аз инҳо, масалан, турбиди зард ва мозу, бо ошомидани оби ниҳоят сард ва андар он нишастан бартараф гарданд. Низ ҳар чизе судманд бувад, ки бо часпакӣ овардану нарм сохтани худ ва бо бахши равғании худ, ки дорои часпакист, тезии [доруро] шиканад.
Бархе доруҳо баъзе мизоҷҳоро муносиб бошад ва бархе муносиб набошад. Ҳароина сақмуниё андар мардумони шаҳрҳои сард ҳар қадар, ки зиёд истеъмол накунанд ҳам, суст амал кунад, чунонки ба шаҳрҳои туркон одатан ҳамин тавр аст. Гоҳе андар бархе аз танҳо ва шаҳрҳо эҳтиёҷ на ба истеъмоли ҷирми доруҳо, балки ба қувваҳои онҳо биафтад.
Яке аз заруриёт ин аст, ки бояд доруҳои шикаморандаро бо доруҳои атрӣ биомезанд, то ки бад-ин сабаб қувваҳои андомҳо нигоҳ дошта шаванд. Доруҳои дил аз ин ҷиҳат мавқеи хуб доранд, зеро онҳо рӯҳи ҳайвониро андар ҳар як андом қавӣ гардонанд. Бештари онҳо бо латофатбахшию равонсозии худ [рӯҳро] кумак расонанд.
Гоҳе ду доруе бо ҳам ҷамъ оянд, ки яке хилти худро зуд ва дигарӣ оҳиста ба исҳол оранд. Андар ин ҳол якумӣ аз кори худ ба ҳоле фориғ ояд, ки дуввумиро барои хилташ то андозае музоҳамат оварда, кора кунад ва қуввати онро бишиканад. Дуввумӣ чун аз паси вай ба кор дарояд, сустамалкунанда ва ба ҳаракатоварандаи норасо бошад. Бинобар ин, бояд ҳамроҳи чизе омехта карда шавад, ки вайро зуд ба кор дароварад. Чунонки занҷабил барои турбид ҳамин тавр буда, онро нагузорад, ки андаке кундӣ кунад.
Низ агар [доруҳо] андар миёни худ хуб омехта бошанд, [зуд амал кунанд]. Бояд аслҳоеро тааммул намуд, ки мо онҳоро андар [боби] қувваҳои доруҳои шикаморанда, яъне андар ҷое баён кардем, ки оид ба аслҳои куллии доруҳои сода сухан рондаем.
Доруи шикаморанда гоҳе чун турбид баробари хосияташ бо таҳлил, гоҳе чун ҳалила баробари хосияти худ бо
фишурдан, гоҳе чун ширхишт баробари хосияти худ бо нарм кардан ва гоҳе чун луоби аспғул ва олу бо лағжондани худ исҳол оварад.
Бештари доруҳои қавӣ то андозае заҳрноканд ва аз роҳи чира сохтани табиат шикам оваранд. Ин гуна [доруҳоро] бояд бо чизе ислоҳ намуд, ки хосияти подзаҳрӣ дорад.
Талхӣ, тезӣ, гирандагӣ, тундмазаӣ ва турушӣ бисёр вақт, агар хосияти дору мувофиқат кунад, ба кори он ёрӣ бирасонанд, зеро талхию тезӣ андар ҳал намудан, (201) тундмазаӣ андар фишурдан ва турушӣ андар буронидане, ки фурӯ лағжиданро омода созад, кумак хоҳанд кард.
Набояд [доруи] фурӯлағжонанда бо доруи фишордиҳанда ба тавре якҷоя карда шаванд, ки қувватҳои ҳар ду бо ҳам ҳамкорӣ кунанд, балки андар ин гуна ҳолат дурусттараш он аст, ки яке сипастар аз дигарӣ [дода шавад]. Мисоли ин чунин аст, ки яке аз ду дору нармкунанда буда, кори худро пеш аз кори [дигарӣ, ки] фишордиҳанда аст, ба амал оварад ва сипас фишордиҳанда аз паси он расида, чизи нармкардаи онро ба исҳол берун орад. [Дигарҳо низ] бар ҳамин қиёс буванд.
Фасли даҳум андар он чи аз ин боб, ки аз китобҳои дигар бояд ҷуст
Бояд аз Қарободини мо доруҳои шикаморанда ва нармкунандаеро ҷӯӣ, ки ошомиданӣ, молиданӣ ва ғайра буда,
ба ҳасби сабабҳоянд. Ислоҳи ҳар як доруи сода, чора дидани [зиён] ва чӣ гуна ошомидани онро аз [Китоби] доруҳои сода ҷустуҷӯ бикун.
Ҳаббҳоро бояд ба ҳоле хӯрд, ки аз хушкӣ чун санг сахт
нашуда бошанд ва на низ онҳоро ба ҳоле бихӯранд, ки ҳанӯз тари нарм буда, бичаспанд ва нараванд, балки бояд онҳо андар хушкӣ чунон бошанд, ки [фишори] ангуштонро тоб овардан битавонанд.
Фасли ёздаҳум андар қай
Шахсони аз ҳама камтар сазовор ба қай оварондани пизишк ё ба сабаби табиат чунинанд, [масалан] ҳар каси тангсина, баднафас ва ба хун партофтан омода, тамоми касони гарданборик, касони барои падид омадани омосҳо андар гулӯяшон омода, касони меъдаашон нотавон ва касони ниҳоят фарбеҳ ҳама лоиқи исҳоловардананд, вале лоғарон ба сабаби сафровимизоҷ буданашон бештар барои қай мувофиқтаранд ва ё ба сабаби одат чунин буванд, зеро касоне, ки қай барои эшон душвор аст ва ба он одат накардаанд, агар бо доруҳои қавии қайовар қай кунанд, рагҳои андомҳои нафасгирияшон зуд кафида, ба [бемории] сил гирифтор хоҳанд шуд.
Агар касеро кораш шубҳанок бошад, [нахуст] бо қайоварандаҳои сабук бисанҷ ва агар ин бар вай осонӣ кунад, баъди он бо ҷуръат ба вай [қайоварандагони] қавие, аз қабили харбақ ва монанди онро додан бигир. Агар як нафареро аз касоне, ки бояд қай накунанд, аз қай оварданаш чорае набошад, нахуст ӯро омода сохта, одат кунон, ғизояшро нарм, серравған ва ширин бикун ва аз варзишҳо осудааш бидор, сипас қайро ба кор бибар. Ӯро пиҳҳо ва равғанҳо бо шароб биошомон ва пеш аз гардондан барои гардон дан ғизоҳои хуб бидеҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё