Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хусусан агар ба душворӣ қай меоварда бошад, мумкин аст, ки қай накунад ва табиат [ғизоҳоро] андар хеш нигоҳ бидорад. Бинобар ин, агар ғизои хуб бошад, нигоҳ дорад, беҳтар аз он аст, ки ғизои бадро нигоҳ дорад. [Қайоваранда] чун баъд аз таоме, ки барои қай хӯрдааст, бигардонад, бояд то сахт гурусна шудан аз хӯрдан худдорӣ намояд. Ташнагияшро бояд бо шароби себ шикаст, на об ва на гулобу на сикангубин, чунки ин ду маниши гаштан оваранд, ғизои барои вай мувофиқ низ чӯҷаҳои гардонида (дар сих кабобкарда) ва се паймона [шароб] аз болои он бувад.
Агар касе турушӣ қай кунад ва ин ҳол пеш вайро мушоҳада нашуда ва андар набзаш андаке таб бошад, бояд то ним рӯз ғизо нахӯрад ва пеш аз [ғизо| бояд гулоби гарм биошомад. Касе, ки савдо қай кунад, [129] бояд бар болои меъдааш исфанҷи андар сиркои тез ва ё гармкардашуда тар карда биниҳад.
Беҳтар он аст, ки таоми барои қай гуногун бошад, чаро ки агар яксон бошад, мумкин аст, меъда онро ба тавре қабул кунад, ки дигар гардондан нахоҳад.
Баъд аз қаи тар [хӯрдани гӯшти] гунҷишкҳо ва чӯҷаҳои навбол судманд аст, вале устухонҳои болу пойҳоро набояд хӯрд, зеро онҳо гарон ва аз меъда дергузарандаанд. Бояд [баъди он] гармоба карда шавад.
Ҳангоми ошомидани доруи қай [қайкунанда] бояд ҳозир бошад, варзиш кунад, ранҷ бикашад ва сипас қай оварад. Ин бояд андар нимрӯзӣ бошад. Ба наздики қай овардан бояд чашмонашро бо рифода баста, шикамашро бо фӯтаи нарм ба таври муътадил печ дода, бандад.
Чизҳое, ки қайро омода созанд, инҳоянд: индов, турб, [моҳии] тарих, пудинаи кӯҳии тар, пиёз, гандано, оби ҷав бо туфолааш ва ҳамроҳи ангубин, ошоми боқилӣ бо шириниворӣ ва шароби ширин, бодом бо ангубин, ба ҳаминҳо монанд аз нонҳо фатири равғанӣ, харбуза, хиёр, донаи ҳар ду ва ё каме аз бехи онҳо, ки андар об тар карда, бо шираворӣ кӯфта бошанд ва шӯрбои турб.
Агар касе барои қай шароби масткунанда ошомад ва агар андаки он қай наоварад, бояд бисёр биошомад.
Агар пас аз гармоба фуққоъ бо ангубин биошомад, қай ва исҳол оварад.
Агар касе қай овардан бихоҳад, пештар аз он набояд (202) жовидани сахте карда бошад.
Ҳар гоҳ одамро қайоварандаи қавие, мисли харбақ доданӣ бошанд, агар андар миён монеае набошад, бояд пагоҳӣ баъд аз соати дуи бомдод ва пас аз берун шудани бироз аз рӯдаҳо ношито бидиҳанд.
[Қайоварандаро] бояд бо пар қай биоваранд ва агар нашавад, каме гардиш кардан фармоянд ва агар [ин ҳам] нашавад, ба гармоба бибарандаш. Пареро, ки бо он қай биоваранд, бо [равғане] аз қабили равғани ҳино чарб бояд кард.
Агар қай пайваста наояд ва тоса ба амал ояд, оби гарм ва ё равғани зайтун бидиҳанд. Ин ду ё қай оваранд ва ё исҳол.
Барои ин кор гарм кардани меъда ва дасту пой ёрӣ хоҳад расонд, чаро ки ин [тадбир] боиси маниши гаштан бигардад.
Агар доруи қайовар зуд ба кор медаромада бошад, қайоваранда бояд ором шавад, хушбӯиҳо бибӯяд, дасту пояшро молиш бидиҳанд, каме сирко биошомад ва себу биҳӣ бо андаке мастако бихӯрад.

Бидон, ки ҳаракат қайро биафзояд ва оромӣ онро бикоҳад. Бинобар он, тобистон беҳтарин замонест, ки бояд андар он қай оварда шавад.
Касе ба қай эҳтиёҷ дошта бошад, ки намуди зоҳирии вай мувофиқат накунад, тобистон созгортарин вақте бувад, ки барои ин гуна шахс андар он қай овардан рухсат дода шавад.
Дуртарин ҳадафи қай ё ба тариқи зудоиши нахустин танҳо меъдааст, аз ғайри рӯдаҳо ва ё ба тариқи зудоиши дуввумӣ сар ва тамоми тан бошад. Аммо кашидан ва кандан бошанд, аз поён ба амал оварда шаванд.
Ту қаи судмандро аз қаи бефоида бо сабукӣ, иштиҳои хуб, нафаскашию набзи хуб ва инчунин бо ҳолати ҳамаи қувваҳо, ки аз паси қай ба амал оянд, шинохтан битавонӣ.
Агар дору мисли харбақ ва он чи ки аз вай ҳосил кунанд, қавӣ бошад, қай бо маниши гаштан оғоз ёфта, бисёр вақт ба изофаи он андар меъда газиши сахт ва сӯзиш ҳис карда шаванд. Сипас луоб ба ҷорӣ шудан сар кунад, баъд чанд бор балғами зиёде қай карда шавад ва аз паси он чизи равони ба оби даҳон монанд партофта шавад. Сӯзишу дард аз ғайри табдил шудан ба оризаҳои дигаре боқӣ хоҳанд монд, вале маниши гаштан ва тоса бираванд. Гоҳе шикам биравад. Пас, андар соати чаҳорум [қайоваранда] оромӣ ёфта, рӯ ба осоиш оварад.
Аммо [нишони] бадии [қай] он аст, ки қай наояд, тоса зиёд гардад, азҳам кашида шудан, бархостани чашм, сахт сурх шудани он, арақи бисёр ва гирифтагии овоз ба амал оянд. Ҳар киро ин ҳол рӯй диҳад ва агар чорабинӣ накунанд, мумкин аст, ҳалок шавад. Ин [ҳолро] бо ҳуқна, бо ошомондани ангубин, оби нимгарм ва равғанҳои тарёкие, аз қабили равғани савсан, чора кунанд. Бояд кӯшиш кард, ки қай ояд, зеро агар қай ояд, ихтиноқ ба амал нахоҳад омад ва низ бояд ҳуқнаро, ки андар назди хеш ба ҳоли омода дорӣ, ба кор бибар.
Аз ҳама беш сазовори ба кор бурдани қай бемориҳои деррави зеринанд: мисли саръ, истисқо, молихулиё, ҷузом, ниқрис ва қавин. Қай бо вуҷуди фоидаҳо гоҳе бемориҳо оварад, чунончи, дандонҳоро кунд созад.
Баъд, аз паси он набояд раг зада шавад, балки ин [корро] хусусан агар андар даҳони меъда хилте бошад, се рӯз пастар бояд кард.
Бисёр вақт қай ба сабаби тунукии хилт ба душворӣ гузарад. Бинобар ин, бояд бо хӯрдани писти анордона онро ситабр намуд.
Бидон, ки ҳоҷат шикастани табаҳ баъд аз қай далели он бошад, ки [ғизои] нопухта ба фурӯсӯ ронда шудааст. Гардондан баъд аз қазои ҳоҷат далели он аст, ки ин аз оризаҳои қазои ҳоҷат бувад.
Беҳтарин ҳангоми қай андар тобистон, ки ба сабаби ягон дарде [ба амал оранд], нимрӯзист.
Қай танро суд дораду биноиро зиён. Занҳои обистанро қай нашояд, чаро ки фазлаҳои ҳайзи эшон бо қай берун наоянд ва ранҷ эшонро ба ошуфтагӣ гирифтор кунад.
Бинобар ин, эшонро [аз ин кор] осуда бояд гузошт. Аммо дигар касоне, ки ба қай дучор меоянд, бояд аз он кумак ҳосил кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ