Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли дувоздаҳум
андар баёни он, ки каси
қайкунанда чӣ бояд кунад

Қайкунанда чун аз қай фориғ шуд, даҳон ва рӯяшро аз паси қай бо сиркои бо об омехта бишӯяд, то гарониеро бибарад, ки шояд сарашро падид омада бошад. [Баъд] каме мастако бо оби себ биошомад ва аз хӯрдани ғизо ва ошомидани об худдорӣ намуда, роҳат кунад. Сипас сари паҳлуҳояшро равған молида, ба гармоба дарояд ва зуд шустушӯ намуда, берун ояд. Агар аз ғизо хӯрдан чора надошта бошад, ягон чизи бомазаи хубгавҳар ва зудгуворе тановул кунад.
Фасли сездаҳум андар судмандиҳои қай

(203) Буқрот фармудааст, ки андар моҳе [як бор] ду рӯз пай дар пай қай ба кор бурда шавад, то ки андар [рӯзи] дуввум он чизе ба қай берун ояд, ки андар рӯзи якум наомада ва ба душворӣ гирифтор шуда бошад. Буқрот инро шарти нигоҳ доштани тандурустӣ медонад ва беш аз ин [қай карданро] бад шуморидааст.
Ин гуна қай балғам ва зардаро берун оварда, меъдаро бизудояд, зеро [меъдаро] чунин нест, ки мисли рӯдаҳо аз тариқи рехтани зарда ва пок кардани он пок бигардад. [Низ] гаронии андар сар падидомадаро бибарад, чашмро нур бахшад, нопухтани ғизоро бартараф кунад ва касеро, ки зарда ба сӯи меъдааш рехта, таомро фосид мекунад, суд бахшад.
Агар пеш аз таом қай шуда бошад, таом тоза ба [меъда] ояд.
[Қай] нафрати меъдаро аз чизҳои равғанӣ, афтодагии иштиҳои ростини он ва майл ба тезӣ, турушӣ ва тундмазагӣ доштани онро бибарад. Вай аз фурӯҳиштагии гӯшти тан ва решҳое, ки андар гурда ва обгаҳанд, суд дорад ва он яке аз илоҷи қавӣ барои ҷузом, бадрангӣ, саръи аз меъда оризшаванда, ярақон, нафаси росто, раъша ва фалаҷ бувад. [Қай] барои худовандони парюн яке аз муолаҷаҳои хуб аст.
Бояд ҳар моҳе як ё ду бор аз паси пурии [шикам] аз ғайри риоя намудани давраи муайян ва рӯзҳои маълуме қай ба кор бурда шавад. Қай аз ҳама беш ба касоне созгор аст, ки мизоҷи нахустини эшон сафровӣ ва лоғарандом буванд.
Фасли чаҳордаҳум андар зиёнҳои қае, ки ба ифрот ояд

Қаи беандоза меъдаро зиён оварда, нотавон кунад ва онро чунон созад, ки моддаҳо ба сӯи вай рӯ оваранд. Вай сина, чашм ва дандонҳоро зиён дорад ва ҳангоми сардардҳои деррав, вале на он сардарде, ки [130] ба анбозии меъда аст, чунин бошад. [Қай] ҳангоми [бемории] саръи аз сар будае, ки ба сабаби андомҳои фурӯсӯвин нест, зиён бирасонад. Ба ифрот қай овардан ҷигар, шуш ва чашмро зиён дорад ва гоҳе бархе аз рагҳоро бикафонад.
Баъзе касон мехоҳанд, ки зуд [шикамро] пур кунанд, вале баъд тоб наоварда, аз тариқи қай бигардонанд. Ин кор аз қабили чизҳоест, ки боиси бемориҳои бади деррав хоҳад шуд. Бинобар ин, боистӣ аз пурӣ имтиноъ варзид ва таому шаробро ба эътидол бихӯрд.
Фасли понздаҳум андар чора кардани ҳолатҳое, ки қайкунандаро падид оянд

Андар хусуси бозистодани қай он чи лозим буд, гуфтем.
Аммо азҳамкашидагӣ ва дардеро, ки андар зери сарҳои паҳлуҳо падид оянд, гармибандӣ кардан бо оби гарм ва равғани нармкунанда ва бо оташ миҳҷама гузоштан суд доранд.
Сӯзиши сахти андар меъда боқимондаро дам кашидани шӯрбои серравғани зудгувориш бартараф кунад ва [низ] агар он ҷойро равғани бунафшаи бо равғани хайрӣ омехта ҳамроҳ бо каме мум бимоланд, [суд дорад]. Агар ҳамроҳи қай ҳукак падид омада, давом кунад, ташна мондан ва якқултӣ оби гарм ошомидан онро бинишонад.
Хун қай кардан бошад, мо андар баёни он андар боби зиёнҳои қай сухан рондем. Аммо кузоз, бемориҳои сард, бехобӣ, қатъ шудани овозро, ки баъди [қай] ба амал оянд, бастан ва печондани дасту пойҳо ва гармибандӣ кардани меъда бо равғани зайтуне, ки андар он судоб ва хиёри даштӣ пухта бошанд, суд дорад. [Инчунин ба бемор] ангубин ва оби гарм диҳанд ва барои [бартараф кардани] бехобӣ худи ҳаминҳоро ба кор бурда ва андар гӯши бемор [равғани зайтун] бирезанд.
Фасли шонздаҳум андар баёни касоне, ки берун аз андоза қай карда бошанд

Эшонро бояд бихобонд ва ба ҳар роҳе набошад, хоб овард.
Бояд дасту пойҳояшонро ба тарзе баст, ки андар нигоҳ доштани исҳол бибанданд. Бояд меъдаашонро бо зимодҳои қавикунандаи гиранда муолаҷа намуд. Агар қай ба ифрот расида, ба истифроғи хун гузарад, инро бо ошомондани шире бартараф кунанд, ки бо чаҳор қутулӣ хамр омехта бошад, зеро ин аз зиёни доруи қайоваранда эмин дорад ва хунро боз дошта, табиатро нарм кунад. Ба иловаи ин агар бихоҳӣ, ки атрофи сина ва меъдаро аз хун пок кунӣ, то ки андар он ҷой баста нагардад, [беморро] андак-андак сикангубини бо барф хунуккарда бидеҳ ва касеро, ки доруи қай ба ифрот расида, қай оварда бошад, гоҳе ошомидани фишурдаи хурфа бо гили арманӣ суд дорад. Доруҳои қайоварандаро бо табақаҳояш ва чӣ гуна додани ҳар яки он, (204) хусусан харбақро бояд аз Қарободин ва [Китоби] доруҳои сода дархост намуд.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни ҳуқна

Ҳуқна барои аз рӯдаҳо берун кардани фазлаҳо, таскин додани дардҳои гурда, обгаҳ ва омосҳои онҳо ва ҳангоми бемориҳои қулинҷ ва кашидани фазлаҳо аз андомҳои сарвари [бахши] барсӯвин муолаҷаи хубест, вале ҳуқнаи тез ҷигарро беҳол намуда, аз худ таб ба ҷой бигузорад. Бо ёрии ҳуқнаҳо чизҳои аз истифроғот боқимондаро берун созанд.
Сурати афзори ҳуқнарезӣ ва чӣ гуна ҳуқна рехтанро мо андар боби қулинҷ ёд кардем. Беҳтарин вазъи ҳуқнақабулкунанда тақрибан ин аст, ки ба шикам бихобад ва сипас бар паҳлуе бигардад, ки дард дорад. Беҳтарин вақти ҳуқна ҳавои сард аст, яъне сардтарин ҳангом, то ки тоса, ошуфтагӣ ва беҳушӣ камтар рӯй диҳанд.
Гармобаро хосият ин аст, ки хилтҳоро ба шӯр оварда, пароканда кунад ва аз шартҳои ҳуқна ин бошад, ки хилтҳои пинҳоншударо бикашад. Бинобар ин, андар бештари ҳол пеш аз ҳуқна гармоба кардан хуб нест.

пешина
аз 1215
навбатӣ