Қонуни тиб

Ҳар киро андар рӯдаҳо газидагие (ақр) бошад ва ба сабаби таб ва ё дигар беморӣ ба ҳуқна эҳтиёҷ пайдо намуда,
вале бими он бошад, ки чизи ҳуқнашаванда банд бигардад,
бояд мақъад, ноф ва атрофи онҳоро бо говарси тафсон гармибандӣ намуд.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни андуданиҳо (тилоҳо)
Андуданӣ яке аз илоҷҳоест, ки бевосита ба худи беморӣ бирасанд. Бисёр бошад, ки доруро ду қувват бувад: латиф ва касиф, ҳоҷат ба [доруи] латиф бештар аз касиф аст. Агар бахши касифи дору бахши латифи онро ба эътидол меоварда бошад ва онҳоро ҳамчун зимод ба кор бибаранд, бахши латифи он [ба андарун] гузашта, бахши касифи он биистад ва аз бахши нуфузкарда фоида бибаранд, чунонки кашниз бо пист ҳангоми зимод кардани хукакҳо чунин амал кунад.
Зимодҳо мисли андуданиҳоанд, вале зимодҳо истоянда буда, андуданиҳо равонанд. Бисёр вақт андуданиҳоро бо пора ба кор бибаранд. Агар [андуданӣ] бар болои андомҳои сарваре, чун ҷигар ва дил ниҳода шавад ва монеае [андар миён] набошад, пораи бо уди хом бахуркарда судманд буда, қувваҳои андуданиҳоро хушбӯие бахшад, ки барои андомҳои сарвар дӯстдошта бувад.
Фасли нуздаҳум:
андар баёни пухтаковҳо (натулот)
Ҳар гоҳ барои чизеро аз сар ва дигар андомҳо ҳал кардан эҳтиёҷ афтад ва эҳтиёҷ ба он бошад, ки мизоҷи ягон андоме дигар карда шавад, пухтаковҳо илоҷҳои хубе буванд.
Ҳар гоҳ андомҳо ба истеъмоли пухтакови гарм ва сард эҳтиёҷ дошта бошанд ва андар он ҷой фазлаҳои таровандае набошанд, нахуст пухтакови гармкунанда, сипас оби сардро ба кор бибаранд, то ки андом сахт шавад. Агар масъала баръакс бошад, аз пухтакови сард оғоз кун.
Фасли бистум андар раг задан
Раг задан истифроғи ҳамагонӣ буда, фузуниро берун созад. Фузунӣ ба таври баробар зиёд шудани хилтҳоест, ки як қисми он [зиёд шудани хилт] андар рагҳо бувад.
Бояд аз ду нафар якеро раг зад: яке омодаи пазируфтани бемориҳо буда, чун хун фузун бигардад, ба онҳо гирифтор хоҳад шуд ва дигарӣ ба бемориҳо гирифтор аст.
Ҳар як аз ин ду нафарро ё аз барои фузунии хун, ё аз барои бадии хун ва ё аз барои ҳар ду сабаб раг бизананд.
Касони омодаи бемориҳо, масалан, инҳоянд: пазирои қавин, ниқриси хунӣ ва дардҳои хунии пайвандгоҳҳо; касе, ки аз кафидани раги шуш ва канда шудани ҷои пайваста хун партояд ва ҳар боре, ки хунаш зиёд гардад, рагҳо бикафанд; касоне, ки омодаи саръ, сакта, молихулиё буда, ба изофаи он хуни маҳаллҳои ихтиноқ, омосҳои андомҳои дарунӣ ва омоси гарми [чашмашон] зиёд бошад; касоне, ки хуни бавосирашон, ки одатан ҷорист, қатъ бишавад ва занҳое, ки хуни ҳайзашон боз истад. Ранги рӯи ду [гурӯҳи охир] ба воҷиб будани раг задан далолат нахоҳад кард, зеро [ранги рӯяшон] кандагӣ ва сафед буда, ба сабзӣ бизанад.
Касоне, ки агарчи ба чунин бемориҳо гирифтор нашудаанд, вале агар андар андомҳои дарунӣ заъфе дошта, ба изофаи он мизоҷашон гарм бошад, эшонро беҳтар он аст, ки андар баҳор раг бизананд. Касонеро, ки кӯфт хӯрдаанд ва ё афтидаанд, аз барои эҳтиёт раг бизананд, то ки ягон вараме эшонро падид наояд. (205) Касе, ки омосе дошта бошад ва бими пеш аз пухтан кафидани он андар миён бошад, агарчи ба раг задан муҳтоҷ нест ва ӯро бисёрии [хун] низ ҷой надорад, бояд ки раг бизананд.
Бояд бидонӣ, ки модоме бими бемориҳост, вале ҳанӯз падид наомадаанд, андар ин ҳол раг задан ба таври васеъ мубоҳ бувад. Чун ин бемориҳо ба амал оянд, бояд андар оғози онҳо бехӣ тарки раг задан намуд, зеро ин фазлаҳоро тунук намуда, андар тан равон созад ва онҳоро бо хуни дуруст биомезад. Бошад, ки аз каси ба истифроғ муҳтоҷ чизе берун наояд ва ба борҳо такрор намудани ин [кор] эҳтиёҷ пайдо бикунад.
Чун пухтагӣ зоҳир гардад [131] ва беморӣ аз оғози худ гузашта, ба поён ёфтан бирасад ва агар раг задан воҷиб бошад ва монеае андар миён набошад, раг бизананд. Андар рӯзи ба ҷунбиш омадани беморӣ раг назананд ва истифроғ накунанд, чаро ки ин рӯз рӯзи осудан, хоб ҷустани [бемор] ва ба шӯр омадани иллат аст.
Агар беморӣ дорои буҳроне буда, муддаташ ба дарозо бикашад, аслан раво нест, ки хуни зиёде истифроғ кунанд, балки агар [беморро] ором кардан мумкин бошад, ором бикунанд ва агар не, бояд андак-андак раг бизананд ва бояд андар тан як миқдор хуне боқӣ бимонанд, ки барои якчанд бор раг задан, агар лозим ояд, кифоят кунад ва то ки он қувватро андар муқовимат бо буҳронҳо нигоҳ дорад.
Агар касе андар зимистон ба сабаби дер боз раг назадан шикоят аз шикастагӣ кунад, ӯро бояд раг бизад ва бояд як миқдор хунро барои эҳтиёт нигоҳ дошт.
Раг задан, ки [хилтро] баръакс ҳамекашад, бисёр вақт боиси баста шудани табиат хоҳад шуд.
Агар табиат аз раг задани зиёд нотавон бишавад, хилтҳои зиёде бизояд. Беҳушӣ андар ибтидои раг задан ба иллати ногаҳонӣ ва ғайри одат будан рӯй диҳад. Қайе, ки пеш аз он оварда бошанд, яке аз роҳҳои боздоштани беҳушист. Ҳамчунин қай ба ҳангоми вуқӯъи он аз ҳамин қабил бувад.
Бидон, ки раг задан то охир ба шӯр оварандаи хилтҳост. Раг задану қулинҷ бисёр кам ба ҳам созанд.
Занони обистан ва андар ҳоли ҳайз бударо ҷуз ба ҳангоми зарурати бузург раг нахоҳанд зад. Масалан, ҳангоме ки ҳоҷат ба нигоҳ доштани хунравии сахт ба миён ояд ва қуввати [бемор] таҳаммул бикунад, [раг бизананд].
Бояд донист, ки на ҳар боре чун нишонаҳои ёдшудаи пурӣ падид омаданд, раг задан воҷиб ояд, балки бисёр бошад, ки пурӣ аз хилтҳои нимхом буда, раг задан ниҳоят зиёнвар бувад, зеро агар раг бизанӣ, онҳо нахоҳанд пухт ва бими он бошад, ки бемор ҳалок гардад.
Аммо касеро, ки савдо ғолиб аст, раг задан ва сипас бо исҳол истифроғ кардан боке надорад. Балки ту бояд ҳолати рангро бар ҳамон шарте муроот кунӣ, ки мо онро ёд хоҳем намуд ва бояд азҳамкашидагиро ба эътибор гирӣ, зеро агар азҳамкашидагӣ андар тан паҳн бошад, тахмин ба воҷиб будани раг задан гувоҳӣ диҳад.
Аммо агар касеро хуни сутуда кам бошад ва андар танаш хилтҳои бад бисёр, раг задан бахши хубро бибарад ва бахши бадро бигузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё