Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар касеро хунаш бад ва кам бошад ва ё майл ба сӯи андоме дошта бошад, ки ин майл ба сӯи он зиёни бузург дошта, аз раг задан гузир набошад, бояд андаке хуни вай гирифта шавад, сипас ғизои сутуда бихӯрад ва баъд аз он бори дигар чанд рӯзе вайро раг бизананд, то ин ки хуни бад аз вай берун ояд ва [хуни] хуб биистад. Агар хилтҳои бади вай сафровӣ буванд, нахуст бо ҳилае аз тариқи исҳоли сабук ва қай онҳоро истифроғ кунанд, ё фурӯ нишонанд ва ё кӯшиш кунанд, ки бемор таскин ёфта, ором шавад. Агар [хилтҳо] ситабр бошанд, пешиниён [беморонро] гармоба кардан ва аз паи корҳои худ пиёда гаштан мефармудаанд. Гоҳе ба эшон пеш аз раг задан ва баъди он, қабл аз [раг задани] дуввум сикангубини латифсозандаи бо зуфо ва ҳошоъ ҷӯшонида медодаанд.
Агар бо вуҷуди нотавонии қувват аз барои таб ва ё хилтҳои дигари бад зарурат ба раг задан водор кунад, бояд раг заданро, чунонки гуфтем, бахш-бахш намуд. Раг задани танг қувватро бештар нигоҳ дорад, вале гоҳе [бахши] тунуки софи [хунро] бирезад ва [бахши] касифи тираро нигоҳ дорад. Аммо раг задани фарох зудтар беҳушӣ оварад, расотар пок кунад ва [чоки он] дертар беҳ гардад. Ин касонеро беҳтар бувад, ки аз барои пешгирӣ кардани фарбеҳӣ раг зананд. Фарох раг задан андар зимистон беҳтар аст, то ки хун сахт нашавад ва танг, агар ба он ҳоҷат афтад, тобистон беҳтар бувад.
Касеро, ки раг зананд, бояд ба ҳоле раг зананд, ки бар пушт бихобад. Ин барои нигоҳ доштани қувват аз ҳама хубтар аст ва ӯро беҳушӣ нахоҳад рӯй дод.
Аммо ҳангоми табҳо бошад, чунин аст: бояд ҳангоми табҳои сӯзишашон сахт, тамоми табҳое, ки андар оғоз ёфтан тез нестанд ва андар рӯзҳои хуруҷ кардан аз раг задан худдорӣ намуд. Ҳангоми табҳое, ки бо ташаннуҷанд, кам раг зананд. Агар ба раг задан ҳоҷат афтад, бояд як миқдор хун боқӣ монда шавад, зеро ташаннуҷ ҳар гоҳ падид ояд, бехобӣ оварад, агар арақ биёрад, арақоварияш сахт бошад ва [низ] қувватро аз по биафтонад. Ҳамчунин, агар касеро раг бизананд, ки ба ҳоли таб буда, (206) вале табаш аз сабаби гандидан набошад, бояд хунашро кам бирезанд, то барои ҳал шудани таб як миқдоре боқӣ монад. Агар сӯзиши [таб] сахт набошад ва [таб] таби уфунатӣ бошад, қонунҳои даҳгонаи ёдшударо бинигар ва сипас ба шишаи [пешоб] тааммул фармо. Агар пешоб ситабр буда, ба сурхӣ бизанад ва ба изофаи он набз бузург буда, намуди зоҳирӣ дамида бошад ва таб ба лоғар кардани он нашитобида бошад, ҳангоми тиҳӣ будани меъда аз таом раг бизан.
Агар пешоб тунук бошад ва ё ба [ранги] оташӣ гарояд ва ё намуди зоҳирӣ аз бози оғози беморӣ пажмурда гашта бошад, зинҳор раг назанӣ. Агар андар миён табро фосилаҳо ва сукунҳое бошанд, андар он ҳол метавонӣ раг бизанӣ. Ҳолати табларзаро ба эътибор бигир. Агар табларза сахт бошад, зинҳор раг набояд зад.
Ранги хунеро, ки бирезад, тааммул бинамо, агар тунуки моил ба сафедӣ бошад, зуд бибанд ва умуман эҳтиёт кун, то беморро ба яке аз ду ҳол гирифтор насозад: ба ҷунбиш омадани хилтҳои сафровӣ ва шӯридани хилтҳои сард.
Ҳар гоҳ ба ҳангоми таб раг задан воҷиб ояд, ба чунин

гуфта – «баъди [рӯзи] чаҳорум мумкин нест» – эътибор надеҳ ва агар лозим ояд, агарчи чиҳил рӯз ҳам гузашта бошад, мумкин аст ва ақидаи Ҷолинус низ ҳамин аст, чунки ҳар гоҳ далелҳо дуруст бошанд, пештару зудтар беҳтар бувад. Агар андар ин кор расидагӣ нашавад, кадом вақте ки имконият ёфтӣ ва воҷиб бошад, баъд аз риоя намудани даҳ дастур раг бизан.
Бисёр вақт раг задан ҳангоми табҳо, ҳарчанд ба вай эҳтиёҷ набошад ҳам, вале табиатро бар муқобили модда ба иллати кам кардани онҳо тавоно бигардонад. Ин [ҳангоме] бошад, ки агар намуди зоҳирӣ, син, қувват ва ғайри он бад-ин кор рухсат бидиҳанд.
Аммо ҳангоми таби хунӣ аз истифроғ намудан аз тариқи раг задан чора нест: андар оғоз на ба ифрот ва ҳангоми пухтагӣ ба ифрот. Бисёр бошад, ки ҳангоми рагзанӣ ин [таб] канда шавад.
Бояд ҳангоми сахт сард будани мизоҷ, андар шаҳрҳои сахт сард, ҳангоми дарди сахт, баъди гармобаи ҳалкунанда, баъди ҷимоъ, ба қадри тавоноӣ ҳангоми синну соли камтар аз чаҳордаҳ ва ба қадри имкон ҳангоми пирӣ аз раг задан парҳез кард. Вале агар намуди зоҳирӣ, сахтии мушакҳо, фарохии рагҳову пурии онҳо ва сурхии ранг андар пирону наврасон боварибахш бошанд, ба раг задани эшон метавон шерак шуд. Наврасонро андак ва ба тадриҷ раг зананд.
Бояд аз раг задани баданҳои бисёр лоғар, бисёр фарбеҳ, ковок, рангканда, нарми суст ва зарди бехун ба қадри имкон худдорӣ намуд. Аз раг задани баданҳое, ки дербоз беморӣ кашидаанд, эҳтиёт шав, вале агар табаҳии хуни онҳо тақозои ин кор кунад, раг бизан ва хунро тааммул кун:
агар сиёҳи ситабр бошад, бигузор равад ва агар бинӣ, ки сафеди тунук аст, зуд рагро бибанд, зеро ин хатари азим дорад.
Бояд аз раг задан аз паси ба серӣ таом хӯрдан ҳазар карда шавад, то ки моддаи нопухта ба ивази чизи истифроғ гардида ба сӯи рагҳо кашида нашавад. Инчунин аз он ҳангоме бояд худдорӣ намуд, ки меъда ва рӯдаҳо аз суфли [пухта] ва ё қариб пухтагӣ пур бошанд, балки бояд бикӯшид, ки он ё аз сӯи меъда ва наздикиҳои он аз тариқи қай ва ё аз сӯи рӯдаҳои фурӯсӯвин аз тариқи ҳар чи ки мумкин аст, агарчи ҳуқна бошад ҳам, берун карда шавад. Аз раг задани худованди хомии таом худдорӣ кун, балки то вақте ин [корро] муҳлат деҳ, ки хомӣ пухта бигардад, [инчунин] аз раг задани касе, ки даҳони меъдааш тезҳис ва ё нотавон аст ва касе, ки ба афзоиши зардаи [меъда] гирифтор аст, [эҳтиёт бош]. Аз бебокона раг задани ин гуна одамон, [132] хусусан ношито худдорӣ бояд кард.
Касонеро, ки даҳони меъдаашон сахт ҳассос аст, инро бо ёрии сӯзише шиносанд, ки аз фурӯ бурдани чизҳои тез падид ояд ва касонеро, ки даҳони меъдаашон нотавон аст, аз тариқи нотавонии иштиҳо ва дардҳои даҳони меъда бидонанд. Касонеро, ки даҳони меъдаашон пазирои зарда аст ва ё ба афзоиши [зарда] андар он гирифторанд, аз дер давом кардани маниши гаштан, аз ҳар боре зарда қай кардан ва аз талхии даҳони эшон шиносанд.
Ин гуна одамонро агар аз ғайри фиристодани чизе ба даҳони меъдаашон раг зананд, аз он хатари бузурге падид хоҳад омад ва гоҳе баъзеҳо аз ин ба ҳалокат бирасанд. Бинобар ин, бояд касе, ки даҳони меъдааш сахт ҳассос ва ё нотавон аст, чанд навола нони тозае бихӯрад, ки андар ягон рубби туруши хушбӯ тар карда бошанд ва агар нотавонӣ аз сабаби мизоҷи сард бошад, [нонро] андар оби шакари ҳамроҳ бо дегафзорҳо, ё андар шароби пудинагии мушкзада ва ё майбиҳии мушкзада тар карда, [бидиҳанд] ва сипас раг бизананд.

пешина
аз 1215
навбатӣ