Қонуни тиб

Аммо касе, ки гирифтори зоиши зарда аст, бояд бо ошомидани оби гарми зиёд ҳамроҳи сикангубин қай оварад, сипас наволае чанд таом бихӯрад ва андаке осуда биистад ва баъд аз он рагаш бизананд.
Бояд барои пур кардани ҷои хуни хуби ба таҳлилрафта тадбир андешид. Агар [бемор] қавӣ бошад, (207) кабоб бидиҳанд, чаро ки он бо вуҷуди гаронӣ агар гувориш ёбад, ғизои ниҳоят бисёре хоҳад бахшид. Лекин бояд андак бошад, зеро меъда бар асари раг задан нотавон бувад.
Гоҳе раг барои он боз кунанд, ки то рехтани хуни бинӣ, ё заҳдон, ё мақъад, ё сина ва ё хуроҷҳоро аз тариқи кашида шудани хун ба тарафи мухолиф боз доранд. Ин илоҷи қавӣ ва судманд буда, бояд сари раг ниҳоят танг боз кунанд ва бояд якчанд бор ва на як рӯз, агар зарурате андар миён набошад, балки чанд рӯз пай дар пай [раг бизананд] ва ҳар боре ҳар қадар, ки мумкин аст, камтар хун бирезанд. Умуман зиёд шудани шумораи рагзаниҳо бештар аз зиёд [рехтани] миқдори [хун] созгор бувад.
Рагзание, ки мавриди ниёз нест, пас аз хушкии забон зардаҷӯш ва ғайра биоварад. Инро бояд бо оби ҷав ва шакар тадбир кард.
Ҳар кӣ ҷуфт хун гирифтан хоҳад, бояд ӯро раг ба дарозо бизананд, то ки ҳаракати пайвандгоҳ онро бастан нагузорад ва [бояд] фарох [боз кунанд]. Агар бо вуҷуди ин бими зуд баста шудани он бошад, латтапораеро андар равғани зайтун тар карда ва каме намак пошида, бар вай ниҳанд ва бибанданд. Агар нештарро ҳангоми раг боз кардан равған бимоланд, аз зуд баста шудани раг нигоҳ дорад ва дардро бикоҳад. Яъне бояд бар [нештар] андаке равғани зайтун ва ғайри он бимоланд ва ё андар равғани зайтун оғушта, сипас бо латтапора онро пок кунанд. Хоб рафтан миёни рагзании [нахустин] ва дуввумӣ баста шудани [рагро] битезонад.
Он чиро ба ёд овар, ки мо оид ба ҳангоми зимистон бо дору истифроғ намудан гуфтем: бояд рӯзи [боди] ҷанубиро интизор шуд. Раг задан ҳам ҳамин тавр аст.
Бидон, ки чун касони ба васваса гирифтор, девонаҳо ва касони ба шаб ҳангоми хоб раг заданашон зарурро раг бизананд, бояд даҳони рагро танг бибуранд, то ҷорӣ шудани хун ба амал наояд. Касони ба ду бор рагзанӣ ниёзмандро ҳам бояд ҳамин тавр намуд.
Бидон, ки дубора хун гирифтанро ба қадри нотавонӣ ба таъхир гузоранд ва агар андар миён нотавонӣ набошад, ғояти [таъхир] як соат аст. Мурод аз [пай дар пай] рехтани хун андар як рӯз кашидани он аст. Вуреб кушодани раг касеро мувофиқтар аст, ки андар як рӯз бори дуввум раг задан бихоҳад, бар паҳно раг задан касерост, ки худи ҳозир рагзании ҷуфт бихоҳад ва бар дарозо раг задан касеро бошад, ки на як бор ҷуфт кардан бихоҳад, балки азми он дорад, ки якчанд рӯз пай дар пай ҳар рӯзе хун бигирад.
Рагкушоӣ ҳар андоза дардноктар бошад, баста шудани он ҳамон андоза дертар ба анҷом бирасад. Бисёр рехтани
[хун] ба ҳангоми ҷуфт рагзанӣ боиси беҳушӣ бигардад, вале агар каси ҷуфт хунгиранда чизе бихӯрад, [чунин нахоҳад шуд]. Миёни рагзании нахустин ва дуввумӣ хобидан ҳамроҳи хун ба берун рехтани он фазлаҳоеро боз дорад, ки кашида шаванд, зеро ба сабаби хоб хилтҳо фурӯтар кашида шаванд.
Яке аз манфиатҳои рагзании ҷуфт ба изофаи пурра ба амал омадани истифроғи лозим нигоҳ дошта шудани қувваи касест, ки онро раг бизананд. Беҳтарин рагзании ҷуфт он аст, ки дуввумаш ду-се рӯз пастар иҷро карда шавад.
Зуд хоб рафтан пас аз рагзанӣ гоҳе боиси пайдоиши шикастагӣ андар андомҳо бигардад. Пеш аз рагзанӣ гармоба кардан гоҳе раг заданро душвор намояд, зеро пӯстро ситабр ва ё нарм намуда, онро қобили лағжидан бисозад, ба шарте ки шахси рагзадашаванда дорои хуни сахт ситабр набошад. Шахси рагзадашаванда бояд пас аз он иқдоми ба серӣ ғизо хӯрдан накунад, балки тадриҷан амал намуда, нахуст [ғизоҳои] латиф бихӯрад. Ҳамчунин пас аз хунгирӣ набояд варзиш кунад, балки ба пушт дароз бикашад ва бояд пас аз он гармобаи ҳалкунанда қабул нанамояд.
Ҳар касе, ки хун гирифта, дасташ бод гирифта бошад, ба миқдори тавоноӣ аз дасти дигар хун бигирад ва бар вай марҳами сафеда ниҳода, гирдогирди онро бо доруҳои сардкунандаи қавӣ тило кунад.
Агар касе хун бигирад, ки бар танаш хилтҳо фузунӣ ёфта бошанд, рагзанӣ сабабгори ба шӯр омадан, ҷорӣ шудан ва омезиш ёфтани хилтҳо хоҳад шуд. Бинобар ин, эҳтиёҷ ба он дорад, ки думодум хун бигирад ва якбораи [он] бимнок бувад.
[Раг задан] ҳангоми пирӣ боиси бемориҳо хоҳад шуд, яке аз онҳо сакта бувад. Бисёр бошад, ки он табҳоро ба шӯр оварад ва ин табҳо аксар вақт гандагиҳоро ба таҳлил бибаранд.
Ҳар тандурусте, ки хун бигирад, бояд он чизеро тановул кунад, ки мо андар боби шароб ёд кардем.
Бидон, ки рагҳои мавриди рагзанӣ бархе рагҳои варидӣ ва бархе шараёнҳост. Шараёнҳоро бисёр кам боз кунанд ва аз хатаре эҳтиёт кунанд, ки ба сабаби хунравӣ андар онҳо падид ояд ва камтарин ҳолати он ин аст, ки анурисмо ба амал ояд ва ин вақте бошад, ки сари раг ниҳоят танг боз кунанд. Вале агар [шараёнҳо] аз [хатари] хунравӣ эмин бошанд, [боз кардани] онҳо бемориҳоеро, ки аз барои онҳо ин рагҳоро бизананд, суди бузург дорад. Бештари судмандии боз кардани шараёнҳо андар он аст, ки (208) агар андоми ҳамҷаворро бемориҳои баде бошанд ва хуни латифи гарм сабабгори онҳо бошад, чун шараёни ба он андом ҳамҷаворро сар боз кунанд ва он аз ҷумлаи шараёнҳои хатарнок набошад, ин манфиати бузурге хоҳад дошт.
Рагҳое, ки аз даст боз кунанд, инҳост: аз ҷумла рагҳои варидӣ шаштоанд – қифол, акҳал, босалиқ, «банди соид», усайлим ва он раге, ки бо номи «зерикашӣ» хос буда, яке аз шохаҳои босалиқ аст. Аз ҳама эминтари онҳо қифол бувад.
Ҳар сеи [авваларо] бояд аз барсӯи дохили оринҷ боз кунанд, на аз фурӯсӯи он ва на баробари он, то ки хун нек ва чуноне ки худ бипарад, барояд ва аз расидани газандҳо ба асабу шараёнҳо эмин бошад.
Қифол ҳам чунин аст. Вале ба дарозо боз кардани он боиси дер баста шудани он бигардад, зеро вай раги пайвандгоҳист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё