Қонуни тиб

Аммо андар [раги] ғайри пайвандгоҳӣ ин амр баръакс бувад. Раги қавин, усайлим ва рагҳои дигарро беҳтар он аст, ки ба дарозо боз кунанд. Ба изофаи он бояд ба қифол аз сари мушак сар карда, ба сӯи маҳалли нарм бирафт ва чокашро фарохтар намуда, набояд пай дар пай нештар зад, зеро ин боиси бод гирифтани [раг] бигардад. Бештар касонеро, ки андар мавзеи задани раги қифол хато биафтад, ин аст, ки бо як захм, агарчи бузург бошад ҳам, [ба он] наафтанд. Илова ба ин такрор намудани захмҳо боиси ранҷ хоҳад шуд. [Чоки] аз ҳама дер басташаванда [андар қифол] он аст, ки ба дарозо бошад. Агар ҷуфт хун гирифтанӣ шаванд, бояд рагро фарох боз кунанд.
Агар [қифолро] наёбанд, баъзе шохаҳои онро, ки аз бари берунии соид аст, ҷустуҷӯ кунанд.
[Боз кардани] акҳал аз сабаби он ки андар зери вай асаб аст, хатарнок бувад ва гоҳе андар миёни ду асаб воқеъ бошад. Бинобар ин, бояд кӯшид, ки он ба дарозо боз карда шавад ва боз кардани он рабуда бошад. Гоҳе бар фарози он асаби борике, чун ватар, ба дарозо хобидааст. Бад-он сабаб бояд онро нек шинохта ва эҳтиёт намуд, ки [133] захм бар он нарасад ва боиси падид омадани карахтии дер давомкунанда нагардад. Ҳар киро рагаш ситабртар бошад, ин шоха андар вай намоёнтар аст. Хато кардан андар ин бисёр ранҷовар аст. Агар хато афтад ва он асаб осеб бинад, набояд гузошт, ки [чоки раг] баста шавад, балки бар он бояд чизҳое ниҳод, ки аз баста шудан боз доранд ва ба тариқи муолаҷаҳои ҷароҳатҳои асаб онро муолаҷа бояд кард. Мо андар ин хусус дар Китоби чаҳорум сухан рондаем. Зинҳор бар вай чизи хунуккунандае, аз қабили фишурдаи рӯбоҳразак ва сандал наниҳӣ, балки гирдогирди он ва тамоми дастро бо равғани гармкарда чарб кун.
Раги банди соидро ҳам беҳтар он аст, ки ба вуреб боз кунанд, вале агар бими аз ду сӯ гузаштан бошад, ба дарозо бояд боз кард.
Боз кардани босалиқ ба сабаби он ки андар зери вай шараён воқеъ аст, хатари бузург дорад. Андар боз кардани вай эҳтиёт бош, агар бар вай нештар расад, хун боз нахоҳад истод ва ё ба душворӣ боз истад. Баъзе касонро аз ду сӯи босалиқ шараён бошад. Чун якеи онро дарёфтанд, гумон кунанд, ки акнун дигар биме нест, вале бисёр бошад, ки дуввумро газанд бирасонанд. Бинобар он, ҳушёр бош ва инро бидон. [Босалиқро] чун бибанданд, андар бештари ҳол дамидагӣ падид ояд, ки он гоҳе аз шараён ва гоҳе аз босалиқ бошад. Чӣ гунае, ки набошад, бояд бастагиро кушод ва дамидагиро оҳиста молида, сипас дубора баст. Агар дигар бор такрор ёбад, [ин корро] дубора аз сар гир. Ҳар гоҳ ин суд набахшад ва агар босалиқро ба ҳоли худ гузорӣ ва шохаеро, ки «зери кашӣ» ном дорад,–ин ҳамонест, ки аз сӯи даруни соид ба фурӯсӯ ояд, боз кунӣ, ҳеҷ боке нест.
Бисёр вақт бодкардагӣ ситабр гардад ва бисёр бошад, ки банд ва бодкардагӣ набзи шараёнро ором ва шараёнро баланду барҷаста кунанд ва бар асари он вайро раги варидӣ пиндошта, бизананд.
Ҳар гоҳ кадом рагеро набандӣ ва аз бастагӣ ноҳамворие, чун наск ва нахӯд, падид ояд, андар ин ҳол ҳамон кореро бикун, ки мо андар баёни босалиқ гуфтаем. Боз кардани босалиқ ҳар андоза ба сӯи зироъ фурӯтар бошад, беосебтар бувад ва бояд равиши нештар бар хилофи ҷиҳати
шараёни рагҳо бошад. Хато андар босалиқ танҳо аз сӯи шараёнҳо нест, балки андар зери вай мушак ва асабе ҷойгиранд, ки ба сабаби ин ду низ хато воқеъ гардад. Мо туро аз ин огоҳ кардаем.
Нишонаи хато ҳангоми боз кардани босалиқ осеб расондан ба шараён он аст, ки хуни тунуки сурхранги моил ба зардӣ ҷаҳида-ҷаҳида бирезад ва аз он маҳалли набзҷӯӣ нарм шуда, фурӯ нишинад. Андар ин ҳол зуд бар даҳони чок каме мӯи харгӯш бо миқдоре аз кӯфтаи кундур, хуни сиёвушон, сабр, мурр бо андаке қалқатор ва зог ниҳода, ҳар қадар, ки мумкин аст, аз болояш оби сард бипош ва бар фарози чок банди [хунро] нигоҳдоранда ниҳода, сахт бибанд. Чун хун боз истад, то се рӯз бастаро накушой. Баъд аз се рӯз ҳам бояд ҳар қадар, ки битавонӣ, эҳтиёт кун ва гирдогирди онро доруҳои гиранда бимол. Бисёриҳоро [андар ин ҳолат] шараён бибуранд, то ки раг фишурда гашта, (209) гӯшт болои онро бипӯшонад ва [хун] боз истад. Бисёр касон ба сабаби рафтани хун ҳалок шаванд ва баъзеҳо ба сабаби сахтии дарди рагбанде бимиранд, ки барои боздоштани хуни шараён сахт баста бошанд ва андом аз он рӯ ба марг оварда бошад.
Бидон, ки рафтани хун гоҳе рагҳои варидиро низ воқеъ шавад. Бидон, ки аз қифол бештар хуни гардан, андомҳои забарини он ва андаке аз андомҳои фурӯсӯи гардан берун ояд, вале ба ноҳияи ҷигар ва сари паҳлӯҳо таҷовуз накунад ва [андомҳои бахши] зеринро ба қадри қобили мулоҳаза пок нахоҳад кард.
Ҳукми акҳал миёни қифол ва босалиқ аст. Аз босалиқ [хуни] ноҳияҳои «танӯри тан» ва то фурӯсӯи он берун ояд.
[Раги] банди соид ба қифол ва усайлим шабоҳат дорад.
Гуфтаанд, ки тарафи рости он дардҳои ҷигар ва тарафи чапи он дардҳои испурчро суд дорад ва онро то даме сар боз доранд, ки хун худ ба худ биистад.
[Ҳангоми задани ин раг] агар хун нотавон бирезад, чунонки бештари аз усайлим хун гирифтагонро чунии рӯй диҳад, эҳтиёҷ ба он бошад, ки шахси хунгирифта дастони худро бояд андар оби гарм бигирад, то ки хун аз рафтан боз намонад ва ба осонӣ берун ояд. Беҳтарин намуди боз кардани усайлим он аст, ки ба дарозо бошад.
Раги зерикаширо ҳукмаш чун ҳукми босалиқ аст.
Аммо шараёне, ки аз дасти рост бикушоянд, он бар пушти панҷаи даст буда, миёни ангушти шаҳодат ва нарангушт аст. Ин [раг] ба таври шигифтовар барои дардҳои деррави ҷигар ва ҳиҷоб суд дорад. Ҷолинус инро андар хоб дидааст ва гӯё марде ӯро барои муолаҷаи дарде, ки андар ҷигар доштааст, [задани ин шараёнро] фармудааст ва чун ин корро кардааст, шифо ёфтааст.
Гоҳе шараёни дигареро боз кунанд, ки назар ба [аввалӣ] бештар ба сӯи даруни панҷа майл дорад ва манфиати ин қариб ба манфиати он баробар аст.
Ҳар кӣ бихоҳад, ки аз раги даст хун бигирад ва агар муваффақ нашавад, набояд, ки бо печидану сахт бастан ва такроран нештар задан сахт бикӯшад, балки онро як ва ё ду рӯз бояд ба ҳоли худ гузошт. Агар зарурат ба такрори нештарзанӣ водор кунад, аз маҳалли аввали нештарзада барсӯтар бояд нештар бизанӣ, на фурӯсӯ аз он.
Сахт бастан боиси варам бигардад. Сард кардани рифода ва тар кардани он бо оби гул ва оби сард созгор ва хуб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё