Қонуни тиб

Рагбанд на бояд пеш аз раг задан ва на баъди он пӯстро аз ҷояш дур кунад. Сахт бастани рагбанд бар баданҳои лоғар сабабгори тиҳӣ шудани рагҳо ва боздоштани хун бигардад ва аз суст бастан андар баданҳои фарбеҳ рагҳо қариб намоён нашаванд ва то сахт набанданд, [суд набахшад].
Баъзе хунгирон барои пинҳон сохтани дард нармӣ нишон дода, бо сахт бастан ва соате нигоҳ доштани даст [бад-ин ҳол] онро карахт кунанд. Баъзе аз эшон забонаи нарми [нештарро] равған моланд ва ин, чунонки гуфтем, дардро сабук сохта, баста шудани [чокро] ба таъхир биандозад.
Агар рагҳои андар даст ёдшуда зоҳир нагарданд ва шохаҳои онҳо намоён бошанд, дастро аз [мавзеи] шохаи [раг] сила бикун ва чун хун баъди бардоштани даст ва сила кардан ба он [шоха] бо суръат ҷорӣ шуда, онро бидамонад, аз он ҷо раг бизан, вагарна не.
Ҳар гоҳ шустан бихоҳанд, пӯстро бикашанд, то чок пӯшида шавад ва бишӯянд, сипас ба ҳоли пештарааш баргардонда, рифодаро устокорона биниҳанд, ки беҳтарини он гирдашакл аст ва [дастро] бибанданд.
Агар рӯи чокро пиҳе бигирад, бояд ба оҳистагӣ онро яксӯ кард ва буридан раво нест. Аз ғайри [дубора] нештар задан аз ин гуна одамон бори дуввум хун гирифтанро набояд умедвор шуд.
Бидон, ки боздоштани хун ва бастани чокро, агарчи гуногун бошад ҳам, вақти муайян аст. Аз баъзе касон ҳатто ҳангоми таб агар панҷ ё шаш ратл хун бигиранд, таҳаммул тавонанд кард ва баъзе касон ҳатто андар ҳоли дурустӣ таҳаммули як ратл хун гирифтан надоранд. Лекин андар ин кор бояд се ҳолат риоя шавад:
Якум, хун боздошта шудааст ва ё озодона меояд; дуввум, ранги хун [чӣ гуна аст]. Бисёр вақт ба ин тариқ ғалат рӯй диҳад, ки хуни нахуст беруномада тунуки сафед ояд.
Агар андар ин миён нишонаҳои пурӣ ҷой дошта бошанд ва ҳолат тақозои раг задан кунад, бо ин ғарра набояд шуд ва гоҳе ранги хуни худованди омосҳо ғализ шавад, зеро омос хунро ба сӯи хеш кашида бошад; севвум, аз [муоянаи] набз набояд ҷудо шуд.
Ҳар гоҳ ки ҳолати фароҳамии [хун] суст шавад, ё рангаш бигардад ва ё набз хурд шавад, хусусан агар ба сӯи нотавонӣ рӯй оварад, [рагро] бибанд. Ҳамчунин, агар оризае аз қабили даҳонфожа, хештан кашидан, ҳукак ва маниши гаштан рӯй диҳад ва ранг зуд бигардад, балки ҳолати фароҳамии [хун тағйир ёбад], [134] андар ин ҳол ба набз эътимод кун. Касоне, ки зуд беҳуш шаванд, гарммизоҷ, лоғари ковоктананд ва касоне, ки ба он дер гирифтор оянд, онҳоеанд, ки танашон муътадили сахтгӯшт аст.
(210) Рагзан бояд ҳамроҳи худ нештарҳои бисёри ҳам забончадор ва ҳам безабонча дошта бошад. Забончадор бештар барои рагҳое мувофиқ аст, ки чун видоҷ ба ҳар сӯ бираванд. Бояд ҳамроҳи ӯ гурӯҳае аз хаз ва ё абрешим ва қайангезе аз чӯб ва ё пар бошанд. [Инчунин] бояд ҳамроҳаш мӯи харгӯш, доруи сабр ва кундур, нофаи мушк, доруи мушк ва қурсҳои мушк дошта бошад, то агар беҳушӣ рӯй диҳад (ин яке аз он чизҳои бимнокест, ки ҳангоми раг задан ба амал ояд ва бошад, ки худованди он ба ҳуш наояд), бо гурӯҳа [рагро] бибандад, бо афзори қай қай оварад, нофаи мушкро бибӯёнад, каме аз дору ва қурсҳои мушк биошомонад, то қуввати ӯ бозояд. Агар [маҳалли раг задан] хун
печида, варам кунад, бояд зуд мӯи харгӯш ва доруи кундур бар вай ниҳад. Камтарин чизе, ки рӯй диҳад, ин беҳушиест, ки ҳангоми баромадани хун [ба амал ояд], балки бисёр вақт баъди бастани хун, агар ба ифрот нарафта бошад, рӯй диҳад. Аммо ҳангоми табҳои доимӣ, оғози сакта ва хуноқҳо, омосҳои бузурги ҳалокатовар ва ҳангоми дардҳои сахт наздик омадани беҳушӣ боке надорад. Ин корро бояд ҳангоме кунӣ, ки қувваи [бемор] қавӣ бошад. Моро чунин шуд, ки гуфторро андар баёни рагҳои даст ба дарозо бурда, ба баёни маъниҳои дигаре гузаштем ва рагҳои пой ва дигар рагҳоро фаромӯш кардем. Акнун воҷиб аст, ки дунболаи гуфторро ба баёни онҳо бахшем.
Мо гӯем: аз ҷумлаи рагҳои пой қавин аст ва онро аз назди бари рӯ ба беруни шитоланг ё аз зер ва ё аз забари он, ки сӯи сурин аст, боз кунанд. Барсӯи онро бо фӯта ва ё бо рагбанди қавие аз сӯи рон то шитоланг печонда, бибанданд. Беҳтар он аст, ки пеш аз ин гармоба кунанд. Аз ҳама дурусттар бояд онро ба дарозо бизананд ва агар намоён набошад, аз он шохаи вай раг зананд, ки миёни ангушти хинсир ва ангушти хурд воқеъ аст. Манфиати боз кардани раги қавин барои дарди қавин, инчунин барои ниқрис, даволӣ ва поғура бисёр бузург аст, ҷуфт раг задани қавин душвор аст.
Яке аз [рагҳои пой] софин аст ва он аз бари рӯ ба даруни шитоланг ҷой дошта, намоёнтар аз қавин бувад. Инро барои истифроғ намудани хуни андомҳои фурӯсӯви ҷигар ва барои гардондани хун аз ноҳияҳои барсӯвин ба фурӯсӯвин бизананд. Инчунин барои қавитар омадани хуни ҳайз ва кушодани даҳонаҳои бавосир [суд дорад].
Қиёс воҷиб дорад, ки қавин ва софин андар манфиат яксонанд, лекин таҷриба таъсири раги қавинро ҳангоми дарди қавин хеле бисёр нишон диҳад. Ин ба сабаби андар баробари якдигар ҷой гирифтани [онҳост]. Беҳтарин намуди боз кардани софин он аст, ки вуреби моил ба паҳно бошад.
Дигар [аз рагҳои пой] рагест, ки андар зери зону ҷойгир аст ва ба равиши софин буда, вале андар ҷорӣ кардани хуни ҳайз ва барои дардҳои маъқаду бавосир аз софин қавитар бувад.
Яке аз [рагҳои пой] рагест, ки андар паси паи пошнаи пой ҷойгир буда, гӯӣ чун шохае аз софин ва ба равиши он бувад.
Умуман кушодани рагҳои пой бемориҳоеро, ки аз моддаҳои ба сӯи сар гароянда падид омадаанд ва бемориҳои савдовиро суд дорад. Қувватро нотавон кардани он беш аз нотавониест, ки аз задани рагҳои даст ориз гардад.
Аммо он рагҳои мавриди бозкунӣ, ки андар ноҳияҳои саранд, шакли беҳтарини боз кардани ҳамаи онҳо ба ғайр аз видоҷ ба вуреб бувад. Бархе аз ин рагҳо рагҳои варидист ва бархе шараёнӣ. Яке аз рагҳои варидӣ, масалан, раги пешонист, ки он аз миёни ду абрӯ рост бигзарад. Кушодани он аз барои гаронии сар, хусусан бахши пасини он, гаронии чашмон ва сардарди ҳамешагии деррав суд дорад.
Рагеро, ки бар тораки сар аст, ҳангоми дарди нимсара ва решҳои сар бикушоянд. Ду раги гиҷгоҳӣ, ки бар ҳар ду гиҷгоҳӣ печ хӯрдаанд ва ду раге, ки андар гӯшаҳои чашманд, бисёр вақт ҷуз бо хафа кардани [гулӯ] зоҳир нагарданд. Бояд нештарро андар онҳо бисёр фурӯ набурд, чаро ки ин гоҳе ба носур табдил ёбад. Аз ин ду [ҷуфт] хуни кам ояд ва кушодани онҳо барои сардард, дарди нимсара, омоси деррави чашм, ашкравӣ ва парда гирифтани он, гар ва табишҳои пилкҳо ва шабкӯрӣ фоида дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё