Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Се раги хурд андар паси ҷое, ки каронаи гӯш ба он ҷо бирасад, ба наздики хатти мӯй ҷой гирифтаанд ва яке аз инҳо намоёнтар бувад. Инҳоро ҳангоми фуруд омадани об ва бухорҳои аз меъда бархостаро пазируфтани сар боз кунанд. Ин аз барои решҳои гӯш, паси [гардан] ва бахши пасини сар суд дорад.
Ҷолинус чунин гуфтаро, ки гӯё ду раги паси гӯшро одамони тарки дунёкарда барои бекор сохтани насл бизананд, қабул надорад.
(211) Аз ҷумлаи ин рагҳои варидӣ видоҷҳост. Онҳо ду раганд ва ҳангоми оғоз ёфтани ҷузом, хуноқи сахт, тангии нафас, дамкӯтоҳии гарм, гирифтагии овоз аз сабаби варами шуш, дама, ки аз бисёрии хуни гарм ба амал омада бошад, бемориҳои испурчу ду паҳлу боз карда шаванд.
Чунон ки пеш огоҳ намудем, онҳоро бояд бо нештари забончадор боз намуд. Аммо чигунагии бастани онҳо [пеш аз задан] чунин аст: сарро ба ҷонибе, ки зидди ҷониби рагзанист, майл диҳанд, то ки раг бидамад. Сипас ҷиҳатеро бингаранд, ки аз ҳама беш кам рафта бошад ва аз муқобили он хун бигиранд. Бояд задани он чун софин ва қавин бар паҳно бошад, на ба дарозо ва бо вуҷуди он бояд чоки он ба дарозо бианҷомад.
Аз ҷумлаи онҳо рагест, ки андар сари бинист ва мавзеи боз кардани он охири бинист, ки агар ангушт бар вай ниҳанд, ба ду ним бишавад ва он ҷойро нештар бизананд. Хуни аз он бароянда кам аст ва боз кардани он аз калаф, тирагии ранг, бавосир ва табишҳое, ки бар бинӣ бидаманд ва хориши бинӣ суд дорад. Лекин гоҳе сурхрангии доманадоре падид оварад, ки ба саъфа монанд буда, тамоми рӯйро бигирад ва зиёнаш хеле бузургтар аз судаш бошад.
Боз кардани рагҳои андар зери тундии паси гӯш аз сӯи мағокии паси сар буда, барои суддаҳои аз хуни латиф падидомада ва дардҳои бахши пешини сар судманд аст.
Дигар аз ҷумлаи [рагҳои сар] «чаҳорраг» аст, ки он чаҳор раг буда, ҳар кадом аз лабҳоро як ҷуфтист. [Боз кардани] инҳо решҳои даҳон, даҳондард, дардҳои вораҳо, омосҳо, истирхоъ, решҳо, бавосир ва кафидагиҳои онҳоро суд дорад.
Аз ҷумла рагҳоест, ки андар зери забон аз даруни занах ҷойгиранд. Инҳоро ҳангоми хуноқҳо ва омосҳои бодомакҳо бизананд.
Аз ҷумла рагҳоест, ки аз зери забон андар худи забонанд. Инҳоро ҳангоми гаронии забон, ки аз хун ба амал омада бошад, боз кунанд ва бояд ба дарозо бурида шаванд.
Агар онҳоро бар паҳно бибуранд, боз доштани хун душвор ояд.
Аз ҷумла рагест, ки андар миёни лаби зерин ва зақан бошад ва онро аз барои бӯи даҳон боз кунанд.
Аз ҷумла раги сари сина бошад ва онро ҳангоми муолаҷаҳои даҳони меъда боз кунанд.
Аммо шараёнҳои сар бошанд, яке аз онҳо шараёни гиҷгоҳӣ аст, ки онро гоҳе боз кунанд, гоҳе бибуранд, гоҳе берун кашанд ва гоҳе доғ биниҳанд. Ин корҳоро барои нигоҳ доштани назлаҳои тези латифе, ки ба сӯи чашм фуруд оянд ва ҳангоми оғоз ёфтани иллати интишори [мардумаки чашм] иҷро кунанд.

Ду шараёне, ки андар паси гӯшанд, онҳоро аз барои навъҳои гуногуни омоси чашм, ҳангоми оғози фуруд омадани об, парда гирифтани чашм, шабкӯрӣ ва сардарди деррав боз кунанд. [135] Боз кардани онҳо аз хатар холӣ нест ва дер баста шаванд. Ҷолинус ҳикоят кунад, ки маҷрӯҳеро шараёни гулӯяш осеб дида, аз вай ба миқдори дуруст хун рафтааст. Сипас Ҷолинус онро чун бо доруи кундур, сабр, хуни сиёвушон ва мурр муолаҷа кардааст, хун боз истодааст ва дарди дерраве, ки андар ноҳияи суринаш будааст, бо ҳамин бартараф гардидааст.
Аз ҷумлаи рагҳое, ки андар тан боз кунанд, ду рагест бар рӯи шикам, ки яке бар болои ҷигар ва дигарӣ бар болои испурч хобидаанд. Раги паҳлӯи ростро ҳангоми истисқо ва раги паҳлӯи чапро ҳангоми бемориҳои испурч бикушоянд.
Бидон, ки рагзаданро ду ҳангом аст: яке ҳангоми ихтиёрӣ ва дигар ҳангоми зарурат. Ҳангоми ихтиёрӣ бомдод аст, ки баъди пурра гуворидан ва дашт рафтан бувад. Ҳангоми ба зарурат вақти эҷобкунандаест, ки таъхири онро маҷол нест ва ба сабаби боздоранда эътибор дода нашавад.
Бидон, ки нештари кунд бисёр зиёновар аст, зеро он ба хато рафта, рагро дарёб накунад ва бар асари он раг бод гирифта, дард хоҳад кард. Ҳар гоҳ нештарро ба кор бурдӣ, бо даст молиш дода, фурӯ зер макун, балки онро ба оҳистагӣ номаълум бирон, то сари нештар ба миёни раг бирасад. Агар сахт бизанӣ, бисёр бошад, ки сари нештар ба таври ноаён бишканад ва он ба як сӯ парида, рагро набурад. Агар бо ин гуна нештар пофишорӣ карда, раг задан бихоҳӣ, бадӣ хоҳад овард. Бинобар он, чигунагии дарафтидани нештарро пеш аз раг задан ба пӯст бисанҷ.
Агар дубора захм задан бихоҳӣ, кӯшиш кун, ки рагро бо хун пур карда, бидамонӣ, зеро андар ин ҳол лағжидан ва як сӯ рафтан камтар хоҳад буд. Агар раг рӯй тофта, андар зери даст пурӣ зоҳир накунад, рагбандро якчанд бор бикушой ва бибанд, зер карда, молиш бидеҳ ва аз боло ба поин ва аз поин ба боло бирав, то ки рагро бедор намуда, зоҳир бисозӣ. Яке аз ҷойҳои рагро, ки бибинӣ дамидааст, андар миёни ду ангушт гирифта, тафтиш бикун. Гоҳе бо як ангушт тафтиш кунанд ва бо дигарӣ хунро сила намуда, (212) бо ҳамин ангушти доштаистода ҳангоми сила мад ва ҳангоми тарки он ҷазри хунро эҳсос намояд.
Дарозии сари нештар бояд ба андозае бошад, ки андар раг чандон фурӯ наравад ва аз он гузашта, ба шараён ва ё асаб кора накунад. Аз ҳама бештар ҷое муҷиби пурӣ бошад, ки он ҷо раг аз ҳама тунуктар аст.
Аммо доштани нештар бояд чунин бошад, ки бо нарангушт ва ангушти миёнгин дошта шавад ва ангушти шаҳодатро барои ҷустан бигузоранд. Ҷои доштан бояд аз нимаи теғи он бошад ва болотар аз он надоранд, чаро ки боиси изтироби тамкинӣ хоҳад шуд.
Агар раг ба як сӯ билағжад, онро бо бастан аз ҷониби мухолиф боздор ва агар ба ду тараф баробар мелағжида бошад, аз дарозо задани он худдорӣ бикун.
Бидон, ки бастан ва молиш додан бояд ба қадри ҳолатҳои сахтӣ ва ситабрии пӯст ва ба ҳасби бисёрӣ ва фаровонии гӯшт бошад. Бастан бояд [ба ҷои хунгирӣ] наздик бошад.
Агар бастан рагро пинҳон мекарда бошад, бар вай нишона бинеҳ ва эҳтиёт кун, ки [раг] аз андозаи нишонаи барои бастан монда дур наравад.

пешина
аз 1215
навбатӣ