Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди ин рагро рабуда бизан. Агар раг аз ту рӯй битобад, онро кашида, баланд бардор ва хусусан андар танҳои лоғар [пӯстро] бурида, аз вай ҷудо кун ва андар ин кор сардукро ба кор бибар. Агар бастан ва рагбанд ба пайвандгоҳ наздик воқеъ шаванд, аз пуршавии раг боз дорад.
Агар бихоҳӣ, ки [он ҷойгоҳро] бишӯӣ, пӯстро бо ангуштат бикаш, то аз баробарии чок дур бигардад ва сипас бишӯй, пок кун, рифодаро бар вай бинеҳ ва баъд аз он пӯстро раҳо кун, то ба ҷои хеш баргардад.
Бидон, ҳар касе, ки ба сабаби пурӣ бисёр арақ бикунад, ӯ ба раг задан эҳтиёҷ дорад. Бисёр бошад, ки каси ба таб ва дарди сар гирифторро, ки барои вай хунгирӣ пешбинӣ шудааст, чун исҳоли табиӣ афтад, аз рагзанӣ бениёз шавад.
Фасли бисту якум андар ҳиҷомат

Ҳиҷомат ноҳияҳои пӯстро бештар аз раг задан пок созад ва хуни тунукро бештар аз хуни ситабр берун оварад.
Фоидаи он барои танҳои тануманди ситабрхун кам аст, зеро хуни онҳоро ба таври шоиста кашида, берун намесозад, балки бахши ниҳоят тунуки онро бо такаллуф [бикашад] ва андар андоми ҳиҷоматшуда нотавонӣ падид орад.
Ба аввали моҳ ба кор бурдани ҳиҷоматро нафармоянд, аз баҳри он ки хилтҳо ба ҷунбиш ва шӯр наомада бошанд ва на низ ба охири он [фармоянд], зеро мумкин аст [хилтҳо] коҳиш ёфта бошанд, балки андар миёнаи моҳ [ҳиҷомат бифармоянд], ки андар ин ҳангом хилтҳо ба шӯр омада ва вобаста ба афзоиши нури моҳ, ки аз он мағзҳо андар косахонаҳо ва обҳо андар рӯдҳои мадду ҷазрдор зиёд гарданд, рӯ ба афзоиш бошанд. Беҳтарин ҳангоми он рӯзона, соати ду-се бувад. Бояд аз ҳиҷомати баъди гармоба эҳтиёт шуд, вале на андар касоне, ки хуни эшон ситабр бошад. Ин гуна [одамон] боистӣ, ки гармоба кунанд, сипас соате осуда бошанд ва баъд аз он ҳиҷомат кунанд.
Бисёр касон аз сӯи пешини тан ҳиҷомат карданро хуш надоранд ва аз он эҳтиёт кунанд, ки то ба ҳис ва зеҳн зиён наоварад. Ҳиҷомат кардан аз мағокии паси сар ҷонишини раги акҳал задан аст ва аз гаронии [мавзеи] абрӯвон фоида дошта, пилкро сабук бисозад ва аз гари чашм ва бӯи даҳон судманд бувад.
Миёни ду шона ҳиҷомат кардан ҷойнишини раги босалиқ задан аст ва ин аз дарди шонаҳо ва гулӯ суд дорад.
Ҳиҷомат бар яке аз ахдаайн ҷойнишини раги қифол задан бувад ва аз ларзидани сар фоида дошта, андомҳоеро аз қабили рӯй, дандонҳои курсию пеш, гӯшҳо, чашмон, бинӣ ва гулӯ, ки андар сар ҷойгиранд, суд бибахшад.
Лекин ҳиҷомати мағокии паси сар ба ҳақиқат, чунонки пайғамбар, Худой бар вай ва хонадони вай дуруд фиристад, бар ҳақ фармудааст, боиси падид омадани нисён бигардад. Чунки бахши пасини мағз маҳалли [қувваи] ҳофиза аст ва ҳиҷомат онро нотавон хоҳад кард. [Ҳиҷомати] миёни ду шона даҳони меъдаро камқувват кунад ва [ҳиҷомати] бар рагҳои пушти гардан (ахдаайн) гоҳе боиси падид омадани ларзиши сар бигардад. Бинобар ин, мағокиро андаке аз поёнтар ва миёни ду шонаро каме аз болотар ҳиҷомат бояд кард. Вале агар мақсад аз [ҳиҷомати миёни шона] муолаҷаи хунпартоию сурфа бошад, бояд фурӯ

тар, на болотар аз он [ҳиҷомат кард].
Ҳиҷомате, ки аз миёни ду шона ва аз миёни ду рон кунанд, аз барои бемориҳои хунии сина ва дамкӯтоҳии хунӣ суд дорад, лекин меъдаро нотавон намуда, хафақон ба амал орад.
Ҳиҷомати пой ба раг задан наздик буда, хунро пок кунад ва хуни ҳайзро битозонад. Аз занҳо ҳар киро рангаш сафед буда, [танаш] ковок ва хунаш тунук бошад, ҳиҷомати соқ барои ӯ аз раги софин задан мувофиқтар аст.
Ҳиҷомати [барҷастагии] паси сар ва тораки он ба даъвои баъзе [пизишкон] парешонақлӣ ва гижаро суд бахшад ва чунон ки гуфтаанд, сафедии мӯйро ба таъхир биандозад, вале ин мавриди баҳс аст, чаро ки (213) андар баъзе танҳо чунин таъсир дорад ва андар баъзе не ва андар бисёре аз онҳо боиси зуд сафед шудани мӯй бигардад. Ин [ҳиҷомат] бемориҳои чашмро суд дорад ва бештар манфиатҳои вай андар он аст, ки гар ва табишҳои чашмро беҳ кунад.
Лекин зеҳнро кунд созад, аблаҳию фаромӯшӣ, бадандешӣ ва бемориҳои деррав ба амал оварад ва касонеро, ки бими фуруд омадани об ба сӯи чашм доранд, зиён расонад. Вале агар ба ҳангоме ва ҳолате рост ояд, ки андар он ҳол ба кор бурдани ин [ҳиҷомат] зарур бошад, мумкин аст зиён наоварад.
Ҳиҷомати зери зақан дандонҳо, рӯй ва ҳалқумро суд бахшад ва сару ҳар ду манаҳро пок созад.
Ҳиҷомати камар аз думмалҳои рон, гар ва табишҳои он, аз ниқрис, [136] бавосир, поғура, бодҳои обгаҳу раҳм ва аз хориши пушт судманд аст. Агар ин ҳиҷомат ба воситаи оташ бошад, хоҳ бо буридан ва хоҳ аз ғайри буридан, ин [бемориҳоро] суд бибахшад. Ҳиҷомате, ки бо буридан бошад, ҳангоми набудани бод фоидаи бештаре дорад ва оне, ки аз ғайри буридан аст, аз барои бодҳои сард қавитар буда, онҳоро ҳал намуда, чи андар худи он мавзеъ ва чи андар ғайри он пароканда созад.
Ҳиҷомати рон аз сӯи пеш омосҳои хояҳо ва хуроҷҳои рон, соқ ва зери зонуро суд дорад. Ҳиҷомате, ки аз пушти рон кунанд, омосҳо ва хуроҷҳои андар нишастгоҳ (дунба) падидомадаро фоида дорад. [Ҳиҷомат] бар фурӯсӯи зону аз дил задани сари зону, ки ба сабаби хилтҳои гарм падид ояд ва аз хуроҷҳои бад ва решҳои куҳани соқ ва [кафи] пой судманд аст. [Ҳиҷомате|, ки бар ҳар ду шитоланг бикунанд, бастагии хуни ҳайз, қавин ва ниқрисро нофеъ аст.
Ҳиҷомате, ки аз ғайри буридан аст, гоҳе барои моддаро аз сӯи ҳаракаташ [ба дигар сӯ] кашидан ба кор бурда шавад, чунонки бар пистон барои он [миҳҷама] гузоранд, то рафтани хуни ҳайз боз монад; гоҳе бо он омосеро зоҳир кардан бихоҳанд, ки пинҳон аст, то дору ба он расонида шавад; гоҳе бо он бихоҳанд, ки омосро ба андоми фурӯмоятари андар ҷавор буда бигузаронанд; гоҳе бихоҳанд, ки андомро гарм намуда, хунро ба сӯи вай бикашанд ва бодҳои онро ба таҳлил биронанд; гоҳе бо он [андомеро] ба ҷои табиияш гардондан бихоҳанд, ки аз он ҷой берун рафта бошад, чунонки ҳангоми истисқои хоя чунин кунанд; гоҳе барои таскин додани дард ба кор баранд, чунонки ҳангоми қулинҷи ҷонгудоз, бодҳои шикам ва дардҳои раҳм, ки ҳангоми ҳаракати ҳайз, хусусан духтаронро рӯй диҳад, бар ноф [миҳҷама] ниҳанд ва ҳангоми [дарди] қавин ва бими баромадани [андоме] бар сурин [миҳҷама] гузоранд. Миёни ду сурин гузоштани [миҳҷама дарди] сурин, рон ва бавосир ва худованди истисқои хоя ва ниқрисро нофеъ аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ