Қонуни тиб

Бар мақъад гузоштани миҳҷамаҳо аз тамоми тан ва аз сар [хунро] бикашад, рӯдаҳоро суд ва фасоди ҳайзро шифо бахшад ва ба изофаи ин танро хушк бисозад.
Мо гӯем: ҳиҷомати бо буришро се фоида бошад: нахуст аз худи андом истифроғ ба амал ояд; дуввум гавҳари рӯҳро аз ғайри берун омадан, ки ба берун омадани хилтҳо вобастагӣ дорад, ба ҷой бигузорад; севвум боиси аз андомҳои сарвар рафтани [хун] нагардад.
Бояд амиқ бибурид, то ки [миҳҷама] аз он дурӣ хунро берун кашад. Гоҳе мавзеи расидани миҳҷама варам кунад ва кашидани онро душвор бигардонад. Андар ин гуна ҳол бояд порае ва ё исфанҷи андар оби нимгарм таркардаро гирифта, гирди онро нахуст гармибандӣ бояд кард. Ин ҳол бештар вақт ҳангоме рӯй диҳад, ки агар аз барои боздоштани хуни ҳайз ва ё хуни бинӣ бар гирди пистон миҳҷамаҳо бигузорем. Бад-ин сабаб бар худи пистон миҳҷама набояд гузошт.
Ба мавзеи ҳиҷомат чун равған молида шуд, миҳҷамаро бояд зуд бигузошт ва андар буридан таъхир набояд кард, балки зуд боистӣ бурид. Бояд гузориши нахуст сабуки зуд кандашаванда бошад ва сипас кандани онро ба тадриҷ давомноктар ва доманадор бояд анҷом дод. Каси ҳиҷоматшуда бояд баъди як соат ғизо бихӯрад. Бачагони аз ду сола болоро ҳиҷомат кунанд ва баъди шастсолагӣ, албатта, ҳиҷомат нахоҳанд кард.
Ҳиҷомати [бахшҳои] барсӯвини [тан] аз рехтани моддаҳо ба [бахшҳои] фурӯсӯвин эмин дорад. Шахси ҳиҷоматшудаи сафровиро баъд аз ҳиҷомат анордона, оби анор, оби коснӣ бо шакар ва коҳу бо сирко бидиҳанд.
Фасли бисту дуввум андар баёни девча (шулук)
Ҳиндуҳо гӯянд, ки бархе аз девчаҳо андар табиати худ заҳрноканд ва бинобар ин, бояд аз онҳо ҳазар карда шавад. Тамоми девчаҳои сарбузурги сурмаранги сиёҳ, сабзранг, мӯйдор ва ба мормоҳӣ монанд, девчаҳое, ки бар пушташон рахҳои лоҷувардӣ доранд ва онҳое, ки рангашон ба [ранги] бӯқаламун монад, ҳама заҳрнок буда, аз худ (214) варам, беҳушӣ, рафтани хун, таб ва решҳои бад ба ҷой бигузоранд.
Бояд аз девчаҳое [низ] ҳазар кард, ки аз обҳои бади табовар сайд шудаанд. Балки бояд онҳоеро ихтиёр намуд, ки аз обҳои обсабзадор ва аз обҳои ғукдор гирифта бошанд.
Ба чунин гуфта, ки гӯё [девчаҳои] обҳои ғукдор баданд, эътибор мадеҳ. Бигузор рангҳои ҳархела дошта, вале сабзӣ бартарӣ дошта бошад ва бар болои онҳо ду рахи зирнихиранг кашида шуда бошад: зардранги паҳлуҳояш гирд; ҷигариранг; девчаҳое, ки ба малахҳои хурд монанданд; девчаҳое, ки ба думи муш монанданд ва девчаҳои борики сарашон хурд. Девчаҳои шикамашон сурхи пушташон сабзро ихтиёр накунанд, хусусан агар аз обҳои ҷорӣ бошад.
Хун кашидани девча амиқтар аз хун кашидани ҳиҷомат аст. Бояд онҳоро як рӯз пеш аз кор фармудан бигиранд ва агар мумкин бошад, бо сарозер кардан онҳоро қай оваранд, то ки чизи андар шикамашон буда берун ояд. Сипас ба онҳо андаке аз хуни барра ва ё ғайри он бидиҳанд, то ки пеш аз гузоштан бо он одат кунанд. Баъд онҳоро бигиранд, луобҳо ва олудагии онҳоро бо ягон исфанҷе пок кунанд ва ҷои девчаниҳиро бо бура бишӯянд ва бо молиш сурх бигардонанд. Сипас ҳангоме бихоҳанд, ки онҳоро ба кор баранд, андар оби хуш бишӯянд, пок кунанд ва баъд аз он бигузоранд. Яке аз чизҳое, ки девчаро биангезонад, ин аст, ки ҷои [девчаниҳиро] бо гили саршӯӣ ва ё бо хун биолоянд. Ҳар гоҳ ки [макида], пур шаванд ва онҳоро афтонидан бихоҳӣ, бар болои онҳо каме намак ё хокистар, ё бура, ё сӯхтагии пораи катон, ё исфанҷи сӯхта ва ё намади сӯхта бипош, биафтанд.
Баъд аз афтидани девча дурусташ ин аст, ки ба он ҷой миҳҷама гузошта, қадре хуни он ҷойро бигиранд, ки ҳамроҳи он зиёни асари газидагии онҳо бартараф шавад.
Агар хун ист накунад, бар вай мозуи сӯхта, ё оҳак, ё хокистар, ё сафоли ниҳоят суда ва ё дигар чизҳое бигузоранд, ки боздорандаи хунанд. Бояд ба наздики девчагузор косачае омода бошад.
Ба кор бурдани девча ҳангоми бемориҳои деррави пӯст, аз қабили саъфа, парюн ва ғайри он хуб аст.
Фасли бисту севвум андар боздоштани чизҳои истифроғшаванда
Истифроғҳоро бо ёрии ба дигар сӯй майл додани модда аз ғайри истифроғи дигар овардан, ё бо ёрии истифроғ якҷоя бо майл додан ба дигар сӯ, ё танҳо бо ёрии худи истифроғ, ё бо доруҳои сардкунанда, ё часпаккунанда, ё гиранда, ё доғниҳанда ва ё бо бастан боз доранд.
Боз доштани истифроғ бо ёрии кашидан, аз ғайри ба кор бурдани истифроғи [дигар], мисли ин аст, ки барои боз доштани хунравии заҳдон бар пистон миҳҷамаҳо гузоранд. Беҳтарини кашидан он аст, ки ба изофаи он дарди маҳалле, ки [модда] аз он сӯ кашида шавад, таскин ёбад.
Аммо навъе, ки кашидан ҳамроҳи истифроғ бошад, мисли он аст, ки барои ҳамон [кор] раги босалиқ бизананд ва ё мисли ин аст, ки бо исҳол қай, бо қай исҳол ва бо арақ овардан ҳар дуро боз доранд.
[Боз доштани истифроғ] бо ёрии истифроғ мисли ин аст, ки бо ёра меъда ва рӯдаҳоро аз хилтҳои часпаки исҳоловари лағжанда пок кунанд ва [ё] даҳони меъдаро бикӯшанд, ки бо қай пок кунанд, то моддаи қай чизи истодаро бибуронад.
[Боз доштан] бо ёрии доруҳои сардкунанда ба ин тариқ аст, ки [моддаи] ҷоришавандаро сахт кунанд, ё даҳонаҳои [маҷроҳоро] тангу фишурда созанд. Бо ёрии доруҳои гиранда ба ин тариқ бошад, ки моддаро қабз намуда, маҷроҳоро фишоранд.
[Боз доштан] бо ёрии доруҳои часпаккунанда барои он аст, ки андар даҳонаҳои маҷроҳо судда ба амал оваранд ва агар гарми хушккунанда бошанд, боз беҳтар бувад.
Аммо доруҳои доғниҳанда бошанд, аз барои [137] хушкрешиеанд, ки бар даҳони маҷро истода, онро бибандад ва бичаспонад. Инҳоро зиёнҳои мавриди эҳтимол ҳастанд, зеро мумкин аст хушкрешӣ аз ҷой бархезад ва бо ҳамин даҳони маҷро бештар фарох бигардад. Бархе аз доруҳои доғниҳанда чун зог гиранда буванд ва бархе дигар чун оҳаки ношукуфта ғайри гиранда буванд. Ҳар ҷо ки хушкрешии устувор хоста бошанд, доруҳои доғниҳандаи гиранда бихоҳанд ва ҳар ҷо ки зуд рехтани хушкрешӣ хоста бошанд, бахши дигарро бихоҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё