Қонуни тиб

[Боздорие], ки бо ёрии бастан аст, баъзеи он бастани маҷро ва ҷабран пахш кардани он аст, чунончи, ҳангоми задани босалиқ, агар хунгир ба хато шараёнро бибурад, [дастро] аз барсӯи оринҷ бибанданд; баъзеи дигар пур кардани даҳони ҷароҳат бо чизест, ки роҳи [моддаи] беруншавандаро бибандад, чунонки даҳони ҷароҳатро бо мӯи харгӯш бибанданд.
Мо гӯем: ҳар гоҳ хун биравад ва агар он аз сабаби бозшудани даҳонаҳои рагҳо бошад, бо [доруҳои] гиранда муолаҷа кунанд, то ки даҳонаҳои онҳо фароҳам оянд; агар аз сабаби сӯхтагӣ бошад, (215) бо [доруҳои] гирандаи часпонанда, аз қабили гили набишта, илоҷ кунанд; ва агар аз сабаби хӯра бошад, бо чизе муолаҷа кунанд, ки гӯшт бирӯёнад ва онро омехта бо чизе ба кор баранд, ки хӯраро зудояд.
Фасли бисту чаҳорум андар роҳҳои муолаҷаи суддаҳо
Суддаҳо ё аз хилтҳои ситабр, ё аз хилтҳои часпон ва ё аз хилтҳои зиёд падид оянд. Агар ҳамроҳи хилтҳои бисёр сабаби дигаре набошад, бо раг задану исҳол овардан берун сохтани онҳо [барои бартараф кардани] зиёни онҳо кифоят аст. Агар ситабр бошанд, эҳтиёҷ ба [доруҳои] ҳалкунандаи зудоянда афтад ва агар часпон ва хусусан [часпони] тунук бошанд, [доруҳои] буранда мавриди ниёзмандист. Ту фарқи миёни ситабр ва часпон донӣ, яъне ин [мисли] фарқи миёни гил ва сирешуми гудохта аст. Ситабр барои он ба ҳалкунанда эҳтиёҷ дорад, ки то онро тунук намуда, берун шуданашро осон намояд. Часпон барои он ба буранда ниёзманд аст, ки агар бо часпидани худ ва ба ҳам пайвастани пораҳояш судда оварда бошад, буранда андар миёни вай ва чизе бидарояд, ки ба он часпидааст ва онро ҷудо намуда, ба бахшҳои хурд-хурд пора кунад.
Ҳангоми ҳал намудани [хилти] ситабр бояд аз ду чизи ба ҳам зид эҳтиёт шуд: яке аз ҳалшавии нотавонест, ки ковокии модда ва зиёд шудани ҳаҷми онро аз ғайри ба ғоят ҳал шудан биафзояд ва дар натиҷа боиси афзоиши судда бигардад; дигарӣ, ҳалшавии сахти қавие, ки андар баробари он [бахши] латифи [хилтҳо] ба ҷузъҳо тақсим шуда, [бахши] касифи онҳо чун санг сахт бигардад. Агар ба ҳал намудани қавӣ эҳтиёҷ афтад, аз паси он бо моддаи ғайри ситабр ва бо гармии муътадиле гармкунии латифе ба кор бибаранд, то ки ин кор ба ҳал шудани тамоми судда кумак расонад.
Душвортарини суддаҳо суддаҳои рагҳост ва душвортарини онҳо суддаҳои шараёнҳо буда, душвортарини инҳо он суддаест, ки андар андомҳои сарвар падид ояд.
Ҳар гоҳ андар [доруҳои] суддакушо [кайфиятҳои] қабз кардан ва нарм намудан гирд оянд, ин бисёр созгор бошад, зеро қабз кардан сахтии нармкуниро аз андом бибарад.
Фасли бисту панҷум андар роҳҳои муолаҷаи омосҳо
Бархе аз омосҳо гарм, бархе сарди нарм ва бархе сарди сахт буванд ва мо онҳоро баршумурдем.
Аммо сабабҳои онҳо ё берунаанд ва ё пешомада. [Сабаб
ҳои] пешомада мисли пурист ва [сабабҳои] берунӣ мисли кӯфт хӯрдан, афтидан ва газидани [чизе] бувад.
[Омосе], ки аз сабабҳои берунӣ ба амал ояд, ё бо пурии бадан тасодуф афтад ва ё бо муътадилии хилтҳо. [Омосе], ки аз сабабҳои пешоянда ва аз сабабҳои берунӣ буда, [ин сабабҳо] бо пурии тан рост омадаанд, аз эҳтимол дур нест, ки ё андар андомҳои ба [андомҳои] сарвар ҳамсоя ҷойгир буда, [ин андомҳо] ҳамчун фароғатгоҳҳои [андомҳои] сарвар буванд ва ё на чунин бошад. Агар чунин набошад, равонест, ки андар оғоз чизе аз доруҳои ҳалкунанда ба онҳо наздик оварда шавад, балки агар онро андоми ронанда бошад, бояд, ки [ин] андоми ронанда ислоҳ карда шавад ва агар ӯро андоми танҳо набошад, бояд ҳамаи танро ислоҳ намуд. Бояд барои онҳо доруҳое истеъмол кард, ки [моддаҳоро] пас гардонанд, [ё] ба сӯи мухолиф бикашанд ва [ё] қабз намоянд. Гоҳе [моддаро] ба сӯи мухолифи он андоме, ки андар ҷониби мухолиф ҷойгир аст, аз тариқи варзиш додан ва ё бар [андом] ниҳодани бори гарон кашида шавад. Бисёр вақт моддаро аз дасти варамкарда ба ин тариқ бикашанд, ки бар [дасти] дигар боре бор кунанд ва соате нигоҳ доранд.
Аммо [истеъмоли] доруҳои гиранда бад-ин гуна бувад:
ҳангоми омосҳои гарм [доруҳои] гирандаи пасгардонандае ба кор бибаранд, ки сардмизоҷи холисанд ва ҳангоми омосҳои сард бояд онҳоро омехта бо чизҳое [ба кор баранд], ки мисли гӯргиёҳ ва нохуни париён ҳам қувваи гармӣ ва ҳам гирандагӣ дошта бошанд. Ба андозаи афзоиш ёфтани дамиши [омос бахши] гирандаи [доруро] коҳиш дода, [бахши] ҳалкунандаи онро афзоиш диҳанд ва чун [дамиш] ба мунтаҳои худ бирасад, ҳар ду бахши доруро баробар бигиранд. Ҳангоми гаштани [омос] танҳо ба [доруи] ҳалкунандаи нармкунанда басанда кунанд. Барои [омоси] сарди нарм он доруи ҳалкунандаеро ба кор баранд, ки беш аз доруи ҳангоми омоси гарм ба кор баранда гарму хушккунанда бошад.
Баъд, омосе, ки аз сабаби беруна ба амал омадааст ва андар ин миён пурии хилтҳо ҷой надорад, бояд [фақат] андар аввали кор бо нарм кардану ҳал намудан муолаҷа карда шавад, вагарна бо чизе муолаҷа кунанд, ки аввалиро бо он муолаҷа карда бошанд.
Агар андоми омосида фароғатгоҳи андоми сарвар бошад, чунонки ҷойҳои ғудданоки гардан, яъне гирди гӯш барои мағз, зери бағал барои дил ва пайғулаҳои рон барои ҷигар чунинанд, андар ин ҳол, албатта, раво нест чизе ба кор бурда шавад, ки [моддаро] пас гардонад. [Чунин тадбир] на аз барои он аст, ки ин чиз доруи омосҳои онҳо нест, балки ба ростӣ ин барои онҳо доруст, (216) вале мо чунин шуморем, ки [нахуст] омосҳои онҳоро бо доруи пасгардонанда муолаҷа накунем ва бикӯшем, ки онҳо афзоиш ёбанд ва модда ба сӯи онҳо кашида шавад. Мо аз шиддат ёфтани расидани зиёни ба андом боке надорем, зеро мо хоҳони саломатии андоми сарвар буда, бими он дорем, ки агар моддаро пас гардонем, ба сӯи андоми сарвар биравад ва ҳоле рӯй диҳад, ки тоби чорабинӣ надошта бошад. Бинобар он, мо ба андоми фурӯмоя расидани зиёнро аз он ҷиҳат роҳ диҳем, ки андоми сарварро суд дорад. Гузашта аз ин, кӯшиш кунем, ки моддаро ҳатто бо миҳҷама ва зимодҳои кашандаи гарм гузоштан бошад ҳам, ба сӯи андоми фурӯмоя бикашем ва онро варамнок бигардонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё