Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ амсоли ин гуна омосҳо ва ғайри онҳо, хусусан андар мавзеъҳои тиҳӣ бо ҳам ҷамъ оянд, гоҳе аз пеши худ ва ё бо ёрии пазондан бикафанд ва гоҳе ҳам ба пазондан ва ҳам ба кафондан ниёзманд бошанд. Пазиш бо [доруе] ба анҷом бирасад, ки ба изофаи гармӣ доштан суддаовару часпаксозанда буда, бо ёрии ин ду гармиро нигоҳ дорад.
Ҳар кӣ бо ёрии ин гуна [доруҳои] пазонанда пазиш ба амал овардан хоҳад, бояд нек бингарад: агар гармии модарзодиро нотавон дарёбад ва ё бибинад, ки андом ба сӯи табаҳшавӣ майл дорад, [доруҳои] часпаксозандаву суддаоварро аз он боз дошта, [доруҳои] суддакушо ва ҷарҳи амиқ задан ба кор барад. Сипас доруҳоеро [ба кор бибарад], ки ҳалкунанда ва хушккунанда буванд, чунонки мо инро андар китобҳои [бемориҳои] ҷузъӣ муфассал баён хоҳем кард.
Бисёр вақт омос сахт фурӯ ҷойгир шуда аст ва эҳтиёҷ бад-он дорад, ки агарчи аз тариқи бо оташ миҳҷама гузоштан ҳам бошад, ба сӯи пӯст кашида шавад.
Аммо оид ба омосҳои сахти аз ҳадди оғозёбӣ гузашта чунин қонун ҷой дорад: онҳоро гоҳе бо чизе нарм созанд, ки гармиоварию хушксозии он кам бошад, то ки аз шиддати ҳалсозӣ [бахши] касифи омосҳо санг нагардад ва то ки ҳамаи онҳоро омодаи ҳалшавӣ бигардонад. Сипас ҳалсозии онро шиддат диҳанд. Баъд аз он, агар бими он бошад, ки чизи ҳалшуда боиси санг шудани чизи боқимонда мегашта бошад, дубора ба нарм кардани он рӯ оваранд. Ин корро то вақте, ки тамоми [омос] андар аснои нарм кардану ҳал намудан пурра аз миён наравад, давом диҳанд.
Омосҳои дамиширо бо чизе муолаҷа кунанд, ки ба изофаи тунукгавҳар будан гармифизо бошад, то ки [бодро] ҳал ва масомро фарох бикунад, зеро сабабгори омосҳои дамишӣ ситабрии бод ва баста шудани масом аст. Инчунин бояд ба ҷисми моддае эътибор дод, ки аз он бухори бодӣ падид ояд.
Баъзе аз омосҳо, чун намла, омосҳои решист ва онҳоро бояд чун [решҳои] фалағмунӣ сард намуд, [138] лекин ҳарчанд ки омос иқтизои тарӣ кунад, вале тарӣ афзудан нашояд, балки боистӣ онро хушк намуд, зеро араз андар ин ҷо бар сабаб ғолиб омадааст.
Араз ин решшавиест, ки ба амал хоҳад омад ва ё ба амал омадааст. Илоҷи решшавӣ хушк кардан ва зиёнкортарини чизҳо барои вай тарӣ овардан аст.
Аммо андар омосҳои дарунӣ бошад, бояд модда бо роҳи раг задан ва исҳол овардан берун карда шавад ва худованди онҳо аз гармоба, шароб, ҳаракатҳои баданию нафсонии беандоза, аз қабили хашм ва монанди он, дурӣ ҷӯяд.
Сипас ба аввали кор, хусусан агар [омос] андар меъда ва ҷигар барин андомҳо бошад, чизе ба кор баранд, ки аз ғайри гаронии зиёд овардан [моддаро] пас гардонад. Чун ҳангоми ҳал кардани он бирасад, аз [истеъмоли] доруҳои гирандаи хушбӯ, чунонки мо андар боло ишора намудем, набояд даст кашид ва ҷигару меъда ба он беш аз шуш ниёзманданд. Бояд [доруҳои] нармкунандаи табиат, ки ба кор бурда мешаванд, мисли рӯбоҳразак ва хиёршанбар, доруҳои дорои пазандагӣ ва мувофиқи омосҳо бошанд.
Рӯбоҳразак дорои хосияти ҳал намудани омосҳои дарунии гарм аст.
Худовандони ин гуна [омосҳоро] чизе надиҳанд, магар

ба ҳангоми навба, агар навба бошад, на андар марҳалаи оғоз аз барои нотавонии шадид ғизои латиф бояд дод.
Ҳар кӣ ба рим кардани омоси андомҳои дарунӣ ҳангоме гирифтор ояд, ки қувваташ афтода бошад, андар роҳи марг хоҳад буд, зеро қувват ҷуз бо ғизо барқарор нагардад ва ғизо бошад, барои ин гуна шахс чизи аз ҳама зиёнкортар аст. Агар [омос] ҳал шавад, аз [ғизо] беҳтар чизе нест.
Агар бикафад, бояд аз қабили оби ангубин ва оби шакар чизе биошомад, ки онро бишӯяд ва сипас чизе бихӯрад, ки онро ба нармӣ бипазонад ва хушк кунад. Баъд аз он андар охири кор бояд бар [истеъмоли] чизҳои хушккунанда иктифо намуд. Инро ту ба таври муфассал аз китобе хохӣ фаҳмид, ки шомили бемориҳои ҷузъист.
Гоҳе ба ҳангоми [шинохтани] омосҳои дарунӣ ва омосҳое, ки андар зери шикаманд, ғалат воқеъ шавад. Зеро инҳо бисёр вақт на омос, балки фатқ бошанд ва кафондани онҳо хатост. Гоҳе [мумкин аст ба ҳакиқат] омосҳои дарунӣ бошанд, вале на андар сифоқ, балки андар худи рӯдаҳо буда, кушодани онҳо хатарнок бувад.
Фасли бисту шашум андар шикофтани [омосҳо]

Ҳар кӣ шикофтан бихоҳад, (217) бояд ба равиши шиканҳо ва ожангҳое бишкофад, ки андар он андом ҷой доранд, вале на андар андоме чунин кунанд, ки мисли пешонист, зеро агар шикофтан андар он ба равиши шиканҳо ва ожангҳо анҷом дода шавад, мушаки пешонӣ канда шуда, абрӯ биафтад. Андар андомҳое, ки равиши шиканҳои онҳо бар хилофи равиши лифи мушакҳои вай аст, [низ набояд чунин кард].
Шикофанда бояд аз ташреҳи асабҳо, рагҳои варидӣ ва шараёнҳо огоҳ бошад, то ба хато чизе аз онҳоро набуррад.
Бояд андар назди худ як миқдор доруҳои хунбоздоранда, марҳамҳои дардтаскиндиҳанда ва афзорҳое дошта бошад, ки муносиби ин коранд. Бояд ҳамроҳаш мисли доруи Ҷолинус, мӯи харгӯш, ошёни тортанак, сафедии хояи мурғ ва афзорҳои доғниҳӣ чизҳое дошта бошад ва ҳамаи инҳо барои он буванд, ки то ҳангоми ба хатогии ӯ ё ба зарурат рафтани хун, онро аз рафтан боз дорад. [Низ] бояд ҳамроҳаш доруҳои нармкунанда дошта бошад.
Ҳар гоҳ хуроҷеро шикофад ва чизи андаруни он бударо берун орад, набояд ба он равған, об ва марҳамеро расонад, ки чун босалиқун андар он пиҳ ва равғани зайтун ғолиб бошанд, балки агар эҳтиёҷ ба миён ояд, масалан, марҳами қалқатор ба кор барад ва аз болои он исфанҷи андар шароби гиранда оғуштаро биниҳад.
Фасли бисту ҳафтум:
андар илоҷи табоҳ шудани андом ва буридани он

Андом ҳар гоҳ ба сабаби мизоҷи баде, ки хоҳ бо модда бошад ва хоҳ бе модда, табаҳ гардад ва агар шикофтану андудани доруҳои ислоҳкунандае, ки андар китобҳои [бемориҳои] ҷузъӣ ёд шудаанд, фоида набахшад, ғайр аз буридани гӯшти табаҳшудаи болои он чорае нест ва беҳтар он аст, ки ҳар қадар мумкин бошад, ин кор бе [афзори] оҳанӣ анҷом дода шавад, зеро оҳан гоҳе ба пораҳои хурди асабҳо ва рагҳои ҷаҳанда осеби ҳалокатовар бирасонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ