Қонуни тиб

Агар ин кор ҳам фоида набахшад ва табаҳшавӣ ба гӯшт гузарад, ғайр аз буридани он андом ва бо равғани ҷӯшон доғ кардани он чорае нест. Чунки бад-ин восита [андоми] ҳамҷавори он аз иллатҳои вай эмин хоҳад монд, хун боз истода, андар ҷои бурида гӯшт ва пӯсти бегонае бирӯяд, ки он ғайри муносиб ва бо сахтии худ андаке ба гӯшт монанд бувад.
Ҳар гоҳ буридан бихоҳанд, бояд миҷассро андар он дароварда, гирдогирди устухон бигардонанд. Ҳар ҷой, ки пайвастагии дуруст биёбанд, бо андарун овардани миҷасс андар он ҷой дарди сахте бихезад. Ин ҳадди саломатии [андом] аст. Ҳар ҷой, ки сустӣ ва пайвастагии суст биёбанд, ин аз ҷумлаи он чизе бошад, ки бояд бурид. Гоҳе даври устухонеро, ки буридан бихоҳанд, бишикофанд ва чун шикофтагиҳо даври онро пурра бигиранд, бо ёрии онҳо [устухон] бишиканад ва бурида гардад ва гоҳе онро арра кунанд. Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки ба вай чунин коре кунанд, миёни [гӯшти] буридангоҳу шикофтангоҳ ва миёни гӯшт ҳоиле ба амал оваранд, то ки дард накунад. Агар устухонеро, ки буриданаш зарур аст, пораи баромадае бошад, ки ҷой нагирад ва ба дуруст шудани он умеде набошад ва бими он бошад, ки табаҳ шуда, чизи ҳамҷавори худро табаҳ бикунад, гӯштро бо пора кардан ва сипас бо бастану кашидан ба тарафи муқобил ва бо ҳилаи дигаре, ки аз мушоҳада маълум бигардад, аз он дур карда, агар андар он ҷо андоми гиромие бошад, миёни ин [андоми бемор] ва он андоми гиромӣ аз пора ҳоиле созем ва бо ёрии он онҳоро аз ҳам ҷудо намуда, сипас онро бибурем. Агар устухон мисли устухони рон бошад ва агар бузург ва наздик ба асабҳо, шараёнҳо ва рагҳои варидӣ буда, фасодаш зиёд бошад, пизишк бояд роҳи гурезро пеш гирад.
Фасли бисту ҳаштум андар роҳҳои муолаҷаи [бемориҳои] гусастагии пайвастагӣ, намудҳои гуногуни решҳо, лағжидагӣ, куфтхӯрда ва афтидагӣ
Гусастагии пайвастагӣ андар андомҳои устухонӣ ба воситаи баробар намудан ва бастани банди нарме муолаҷа карда шавад, ки ин дар пешаи шикастабандӣ гуфта шудааст ва баёнаш барои ту андар ҷои худ оварда хоҳад шуд.
Сипас бо ором хобидан ва истеъмоли ғизоҳои часопонандае [муолаҷа карда шавад], ки аз онҳо умед аст ғизои куркуракӣ тавлид шуда, ду лаби шикастагиро кашида, мисли кафшер бо ҳам бипайвандад. Бастани устухон, хусусан андар танҳои мардумони ба балоғат расида ҷуз ба ин тариқ мустаҳил аст ва он албатта ду бора пайваст намегардад.
Мо оид ба шикастабандӣ андар китобҳои [бемориҳои] ҷузъӣ ба таври муфассал гуфтугӯ хоҳем кард.
Ғараз андар илоҷи гусастагии пайвастагие, ки андар андомҳои нарм воқеъ гардад, мурооти се асл аст: агар сабабаш ба ҷой бошад, нахуст коре, ки бояд кард, ин боз доштани он чизест, ки (218) ҷорӣ шавад ва агар андар ҷавори он моддае бошад, бояд он моддаро қатъ намуд; дуввум бо доруҳо ва ғизоҳои муносиб пайвастани чок аст; севвум ҳар андоза, ки мумкин аст, бояд аз гандидан нигоҳ дошта шавад, ҳар гоҳ яке аз ин се [чорабинӣ] иҷро шавад, диққатро ба дуи дигар равона кунанд.
Аммо андар хусуси боз доштани чизи ҷоришаванда бошад, ба кадом ваҷҳ будани онро донистӣ. Пайванд шуданро аз роҳи ҷамъ сохтани ду лаби он, агар ҷамъ мешуда бошад, бо хушк кардан ва бо хӯрдани чизҳои часпакиоваранда ҳосил кунанд.
Бояд донист, ки ғараз андар дору кардани решҳо хушк сохтани онҳост. Он решҳое, ки поканд, онҳоро фақат хушк кунанд ва он решҳое, ки гандида бошанд, андар [илоҷи] онҳо доруҳои тез ва хӯрандае чун зог, қалқатор, зирних ва оҳак ба кор баранд.
Агар [ҷароҳат] фароҳам наояд, ба ҷуз аз [истифода бурдани] оташ чора нест.
Доруҳое, ки аз зангор, мум ва равған мураккабанд, бо зангори худ [решро] пок кунанд ва бо равғану муми худ сӯзандагии ба ифротро боз доранд. Он андар ин бобат доруи муътадил бувад.
Мо гӯем: ҳар як реш берун аз ин нест, ки ё сода бувад ва ё мураккаб. [Реши] сода агар хурд бошад ва чизе аз миёни он хӯрда нашуда бошад, [139] бояд лабҳои онро ҷамъ намуда, пас аз эҳтиёт намудани он, ки то чизе аз равған, ғубор ва ғайра андар миёни он наафтад, онро бояд бибаст.
Ин, албатта, пайваст хоҳад шуд. [Реши] бузургеро, ки аз гавҳари он чизе накостааст ва як бахши онро бар болои бахши дигар пӯшидан мумкин аст, низ ҳамин тавр кунанд.
Аммо [реши] бузурге, ки фароҳам наояд, хоҳ пора бошад ва хоҳ пур аз чирк ва чизе аз гавҳари андом кам шуда бошад, илоҷи он [фақат] хушк кардан аст. Агар чизи рафтагӣ пӯст бошад, эҳтиёҷ ба доруе афтад, ки онро бипӯшонад ва он ё ба зот бошад, ки ин гуна [дору дармонҳои] гиранда буванд ва ё ба араз, ки ин гуна [дору доруҳои] тез бошанд. Агар ҳамроҳи онҳо миқдори каме аз зог ва қалқатор ба кор баранд, инҳо барои хушк кардан ва падид овардани хушкрешӣ ёрӣ расонанд ва агар бештар бошанд, [гӯштро] хӯрда, решро зиёда кунанд.
Агар чизи камшуда гӯшт бошад, чунонки андар решҳои амиқ чунин бошад, барои пӯшондани он набояд шитофт, балки бояд нахуст эътибор ба он дод, ки гӯшт бирӯяд. Гӯшт вақте рӯяд, ки хушкшавии [реш] аз дараҷаи якум ба андозаи бисёр нагузашта бошад, балки андар ин ҳолат шартҳое вуҷуд доранд, ки бояд риоя карда шаванд. Яке аз онҳо ба эътибор гирифтани мизоҷи аслии андом ва мизоҷи реш аст. Агар андом андар мизоҷ сахт тар бошаду реш сахт тар набошад, хушк кардани андаке андар дараҷаи якум кифоя аст, зеро беморӣ аз табиати андом чандон дур нест. Аммо агар андом хушк ва реш сахт тар бошад, барои онро ба мизоҷаш баргардондан эҳтиёҷ ба чизе афтад, ки андар дараҷаи дуввум ва севвум хушк кунад. Ҳол бояд ҳангоми муътадил будани ҳар ду муътадил бошад.
Аз ҷумлаи он [шартҳо] ба эътибор гирифтани мизоҷи тамоми тан аст, зеро тан агар сахт хушк бошад, андоми тарияш зиёд андар тарӣ нисбат ба тани муътадил муътадил бошад, пас, воҷиб аст, ки он бо [доруи] муътадил хушк карда шавад. Агар танро тарӣ зиёд бошад ва андом майл ба хушкӣ дошта бошад, низ ҳамчунин бувад. Вале агар ҳар ду якҷоя аз эътидол ба сӯи зиёдӣ гузаранд, андар ин ҳол агар гузариш ба сӯи тарӣ бошад, бисёр хушк кунанд ва агар ба сӯи хушкӣ бошад, андак хушк кунанд.
Яке аз он [шартҳо] ба эътибор гирифтани қувваи доруҳои хушккунандаи гӯштрӯёнанда аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё