Қонуни тиб

Аз онҳо на он гуна хушккунии сахте талаб карда шавад, ки то моддаи ба сӯи андом фурудояндаро, ки аз он гӯшт ба рӯидан омода бигардад, боз дорад, чунонки аз доруҳои хушккунандае, ки на барои рӯидани гӯшт, балки барои пӯшондан ба кор бибарем, чунин талаб карда шавад. Баръакс, ҳадаф аз онҳо ин аст: чиркро беш аз доруҳои хушккунандаи пӯшонандае зудуда, пок созанд, ки аз онҳо танҳо пӯшондан, часпондан, пайвастан ва фароҳам овардан хоста шавад. Ҳамаи доруҳое, ки бе сӯзондан хушк кунанд, андар рӯёндани гӯшт дохиланд.
Ҳар реше, ки андар мавзеи ғайри сергӯшт аст, ба фароҳам омадан зуд ҷавобгӯ нест. [Реши] гирдашакл ҳамчунин аст. Аммо барои решҳои дарунӣ бояд бо доруҳои хушккунанда ва доруҳои гирандае, ки андар онҳо ба кор бибаранд, доруҳои нуфузкунандае чун ангубин ва доруҳои ба ин мавзеъ хос биомезанд, чунончи, андар доруҳои реши андомҳои пешоб доруҳои пешобтозонанда ҳамроҳ кунанд.
Ҳар гоҳ мо фароҳам омадани ин решҳоро бихоҳем, доруҳоро ба изофаи гиранда будан, чун гили набишта часпанда низ бигардонем.
Бидон, ки барои беҳ шудани реш монеаҳост: аз ҷумла яке бадии мизоҷи андом аст, ки бояд барои дуруст кардани он ғамхорӣ карда шавад; [дигар] бадии (219) мизоҷи хунест, ки ба сӯи он ҷорӣ бошад. Бинобар ин, бояд он бо чизе тадбир карда шавад, ки кимуси сутуда биафзояд; [монеаи дигар] бисёрии хунест, ки ба ин ҷо бирасад ва онро тар кунад. Андар ин ҳол бояд бо истифроғ, сабук сохтани ғизо ва агар мумкин бошад, бо ба кор бурдани варзиш чораи он дид; [монеаи дигар] табаҳ гардидан ва зардоб кардани устухонест, ки андар зери вай аст. Инро ҳеҷ доруе нест, магар ба ислоҳи он устухон пардохта, агар тарошидан фасоди он бибарад, битарошанд ва ё [устухонро] берун оварда, бибуранд. Бисёр вақт эҳтиёҷ ба он афтад, ки бояд ҳамроҳи шахсони муолаҷакунандаи реш марҳамҳое бошанд, то шикастапораҳо ва резаҳои тези устухонро кашида, берун оранд, вагарна онҳо аз дурустшавии реш боз хоҳанд дошт.
[Ҳангоми муолаҷаи] решҳо барои тақвияти [қувват] ба ғизо ва барои қатъи моддаи хуноба ба нам кардани ғизо ниёзмандист ва андар миёни ин ду тақозо зиддият аст. Зеро қувват заиф шуда, муҳтоҷи қувваи тақвиятдиҳандааст ва хуноба зиёд шуда, эҳтиёҷ ба он аст, ки ғизо боз дошта шавад. Бинобар ин, пизишк андар ин ҳол бояд бо тадбир бошад.
Агар реш ба ҳоли ибтидо ва зиёдшавӣ бошад, [бемор] набояд ба гармоба дарояд ва ё ба он оби гарм бирезад, зеро андар ин ҳол ба сӯи он чизе кашида шавад, ки варами онро биафзояд. Ҳар гоҳ реш ором шуда, рим кунад, он гоҳ мумкин аст, ки ӯро [барои он корҳо] рухсат дод. Ҳар реше, ки ҳар бор фароҳам омада, боз зуд кушода шавад, вай андар роҳи ба носур табдил ёфтан бошад. Пайваста бояд ранги омос ва ранги лабҳои решро тааммул намуд. Агар варам аз ғайри зиёд қабул кардани ғизо биафзояд, ин ба сабаби пазиш аст.
Акнун мо андар хусуси муолаҷаи фасх (даридагӣ) сухан ронда, гӯем: азбаски фасх ин гусастани пайвастагии фурӯрафта андар зери пӯст аст, пайдост, ки доруҳои он бояд қавитар аз доруҳои оне бошад, ки кушодааст. Азбаски бар асари он рехтани хун ба он ҷой зиёд хоҳад шуд, ба зарурат эҳтиёҷ ба чизе пайдо шавад, ки онро ҳал кунад ва ин чизи
ҳалкунанда набояд хушкии зиёд оварад, то боиси он нашавад, ки [бахши] латиф ҳал шуда, [бахши] касиф сахт шавад. Ҳар гоҳ ҳоҷат ба доруи ҳалкунанда ба амал оварда шавад, бояд [доруи] гӯштбароварандаи хушккунанда ба кор бурда шавад, то ки андар миёни пайвастагӣ чирк дармонда, сахт нашавад ва сипас бо андак сабабе гандида ва ё канда шуда, боиси дубора гусастан нагардад.
Агар даридагӣ амиқтар бошад, ин ҷойро чок кунанд, то ки дору ба умқ биравад.
Агар даридагӣ бо кӯфтхӯрдагии сабуке бошад, дар илоҷи он гоҳе раг задан кифоят аст. Вале агар даридагӣ бо гусехтагӣ (шадх) бошад, нахуст гусехтагиро бо доруҳои он муолаҷа кунанд, то ки муолаҷаи даридагӣ мумкин бигардад. Агар гусехтагӣ бисёр бошад, бо доруҳои хушккунанда муолаҷа карда шавад ва агар кам буда, мисли сари сӯзан бошад, кори онро ба худи табиат ҳавола кунанд, вале агар гусехтагӣ заҳролуди талафкунанда, ё сахт дарднок ва ё асабро дарёб карда бошад, ин бими пайдо шудани омос ва [дарди] ҷаҳандаро дорад.
Аммо лағжидагиро бастани сабуки бедард кифоя аст ва бояд бар вай доруҳои хоси баромадагии нопурра ниҳода шавад.
Аммо афтидагию кӯфтхӯрда бошанд, андар мисли онҳо эҳтиёҷ ба он аст, ки аз сӯи мухолиф раг бизананд, ғизои латиф бидиҳанд ва аз гӯшт ва монанди он парҳез кунанд.
[Инчунин] андуданиҳо ва ошомиданиҳое бояд истеъмол карда шаванд, ки барои [муолаҷаи] он андар китобҳои [бемориҳои] ҷузъӣ навишта шудаанд.
Гуфтор андар баёни гусастагии пайвастагии андомҳои асабӣ ва устухонҳоро баъд хоҳем овард.
Фасли бисту нуҳум андар баёни доғ ниҳодан
Доғ ниҳодан барои боздоштани паҳншавии фасод, барои қавӣ гардонидани андоме, ки мизоҷи он сард аст, барои ҳал намудани моддаҳои фосиди ба андом часпанда ва барои нигоҳ доштани хунравӣ муфид аст.
Беҳтарин чизе, ки бо он доғ ниҳанд, зар бувад. Аз ду ҳол берун нест, ки ҷои доғмонӣ ё андар зоҳир буда, бо мушоҳада бар вай доғ биниҳанд ва ё фурӯрафта ва андаруни андоме, чун даҳон, бинӣ ва мақъад бошад. Андар мисли ин гуна ҳол ба қолибе эҳтиёҷ афтад, ки болои онро бо талк ва гили сурхи андар сирко таркарда рӯкаш кунанд. Сипас аз болои он бо латтапора бипечанд ва онро бо гулоб ва ё бо баъзе аз фишурдаҳо ниҳоят сард кунанд. Баъд қолибро андар он гузаргоҳ дароварда, бар болои маҳалли доғмонӣ бигузоранд. Сипас доғмонро андаруни он дароварда, то ба ҷои лозима расонанд ва ба атрофи он ҳеҷ газанде нарасад. [140] Хусусан агар доғмон бориктар аз фазои қолиб бошад, ба девораҳои қолиб нахоҳад расид. Каси доғмон бояд эҳтиёт кунад, ки қувваи доғаш ба асабҳо, ватарҳо ва пайвандҳо таъсир накунад, ҳар гоҳ доғмонии ӯ барои хунравӣ бошад, бояд онро қавӣ гардонад, то ки хушкрешии амиқ ва сахт падид ояд ва зуд наафтад, зеро афтидани хушкрешии (220) аз доғи хунравӣ буда боиси офате гардад, ки бузургтар аз пештара бошад.
Ҳар гоҳ барои афтодани гӯшти фосид доғ монӣ ва бихоҳӣ, ки ҳадди дурустиро бидонӣ, ин он ҷое бошад, ки [бо доғ] ба дард ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё