Қонуни тиб

Гоҳе мумкин аст ҳамроҳи гӯшт устухонеро доғ монӣ, ки андар зери вай аст, то ки ҳамаи фасодии он бекор гардад. Агар ин, масалан, оҳиёна бошад, ба нармӣ доғ бимон, то мағзро насӯзию пардаҳои [онро] натурунҷӣ. Вале андар ғайри ин мавзеъ аз бисёр доғ мондан боке нест.
Фасли сиюм андар ором сохтани дардҳо
Сабабҳои дардҳоро донистӣ. Онҳо андар ду бахш гирд омадаанд: 1) ба якборагӣ гаштани мизоҷ ва 2) гусастани пайвастагӣ. Сипас донистӣ, ки саранҷом тафсили онҳо ба бадмизоҷии гарм, ё сард, ё хушки бемодда, ё бо моддаи кимусӣ, ё бод ва ё омос поён биёбад ва таскини дард бо ёрии чизҳои зидди сабабҳо ба амал оварда шавад. Чизҳои зидди ҳар яки онҳоро донистӣ, ки чӣ гуна буванд ва донистӣ, ки бадмизоҷӣ, омос ва бодро чӣ гуна муолаҷа кунанд.
Ҳар дарде, ки шиддат ёбад, боиси ҳалокат гардад. Нахуст аз вай танро сардӣ ва табларза падид оянд, сипас набз хурд гашта, аз задан бимонад ва сипас [бемор] бимирад.
Маҷмӯи он чи ки дардро паст кунад, ё дигаргунсозандаи мизоҷ, ё ҳалкунандаи модда ва ё карахткунандааст. Карахтсозӣ барои он дардро ором кунад, ки ҳисси он андомро бибарад. Вай ҳисси онро ба сабаби яке аз ду чиз бибарад:
ё бо сардифизоии беандоза ва ё бо кайфияти заҳрии худ, ки ба қуввати он андом зид бошад.
Ковоккунандаҳо аз ҷумлаи чизҳоеанд, ки ба оҳистагӣ ҳал кунанд, масалан: шибит, тухми катон, шоҳафсар (иклилул-малик), бобуна, тухми карафс, бодоми талх. [Низ] ҳар чизе бошад, ки андар [дараҷаи] аввал гарм бувад ва алалхусус ба мисли [чизҳои зерине], ки як андоза часпандагӣ дошта бошанд: сирешуми олу, нашоста, сафедаҳо, заъфарон, лозан, хитмӣ, ҳамомо, каранб, шалғам ва матбухи он, пиҳҳо, зуфои тар ва равғанҳои чизҳои ёдкардаи мо. Чизҳои исҳоловару истифроғкунанда ҳар тавре, ки набошанд, аз ҳамин қабил ба ҳисоб бираванд.
Ковоккунандаҳо бояд пас аз истифроғ овардан, агар эҳтиёҷ ба истифроғ бошад, ба кор бурда шаванд, то ки моддаи ба сӯи он андом фурудоянда қатъ гардида бошад.
Низ ҳамаи он чи ки омосҳоро пазонда, бикафонад, [аз ҷумлаи оромкунандагони дард] бошанд.
Қавитарини карахткунандагон афюн аст. Луффоҳ, тухму пӯст ва бехи он, ҳар ду намуди кӯкнор, банг, шавкарон, ангури сагаки карахткунанда ва тухми коҳу аз ин ҷумла буванд. [Низ] барф ва оби сард ҳам аз ҷумлаи онҳо ба шумор раванд.
Бисёр вақт андар [шинохтани] дардҳо ғалат биафтад ва сабабҳои онҳо аз чизҳои берунае, ки мисли гармо, ё сармо, ё бадии болинҳо, ё бадии ҷои хоб, ё афтидан ба ҳангоми мастӣ ва ё ғайри онҳо бошанд, вале сабаби онро аз тан ҷуста, ғалат кунанд. Бинобар он, бояд донист, ки оё андар миён пурӣ ҳаст ё не ва бояд донист, ки оё андар ин ҷой сабабҳои маълуми пурӣ ҷой доранд ё не.
Гоҳе низ мумкин аст, сабаб аз берун ворид шуда, андарун ҷойгир шуда бошад, чунончи, як кас оби сард ошомида бошад ва аз он андар ноҳияҳои меъда ва ҷигараш дарди сахте падид ояд. Ин гуна [шахс] бисёр вақт ба чорабинии бузурге, аз қабили истифроғ ва монанди он, эҳтиёҷ надорад. Зеро аксар вақт гармоба кардан ва хоби расо рафтан
ӯро кифоят бошад. Ё чунончи, як кас чизи гарме хӯрда бошад, ки бар асари он ӯро сардарди сахте падид ояд. Ин гуна [шахсро] ошомидани оби сардифизо кифоят бувад.
Гоҳе он чизе, ки аз он бартараф кардани дард мавриди умед аст, ё дертаъсир буда, имконияти то он вақт тоб овардан ба дард нест, чунончи, истифроғи моддаи боиси дарди қулинҷ ва андар лифи рӯдаҳо ҳабсшуда чунин бошад ва ё зудтаъсир буда, лекин зиёни бузург дорад, чунончи, андоми дардкунандаро ҳангоми қулинҷ бо доруҳое карахт кунанд, ки хусусияти карахткунӣ доранд. Ин кор шахси муолаҷакунандаро сарсон кунад ва ӯ бояд [қувваи] ҳадсзании қавие дошта бошад, ки то бидонад кадом аз ин ду муддат дарозтар аст: муддати истодагарии қувват ва ё муддати дард. Низ бояд [бидонад], ки кадом аз ду ҳолат зиёнкортар аст: дард ва ё зиёне, ки аз карахт кардан чашм дошта мешавад. Он гоҳ ӯ битавонад савобтари [онҳоро] ихтиёр намуда, пеш гузорад. Гоҳе мумкин аст дард боқӣ бимонад, шиддат ва бузургии он боиси марг гардад ва карахткунӣ агарчи аз ваҷҳи дигаре зиён оварад ҳам, вале мумкин аст боиси марг нашавад. Зиёни онро мумкин аст ту бартараф карда битавонӣ ва он бо кӯшиш ва муолаҷаи дуруст муолаҷа шавад. Бо вуҷуди он бояд таркиб ва кайфияти [доруи] карахткунандаро бидонӣ, (221) то ки сабуктари онро андар шакли мураккаб бо тарёкҳояш ба кор барӣ, вале агар ҳолат бисёр вазнин бошад, эҳтиёҷ ба карахткунии қавӣ афтад. Гоҳе мумкин аст баъзе андомҳо ба истеъмоли [доруи] карахткунанда парвое надошта бошанд, аз ин рӯ он зиёни бузург нахоҳад овард, чунончи, агар бар дандонҳо [доруи] карахткунанда ниҳанд, ҳамин тавр бошад.
Гоҳе [андар ин ҳолатҳо] ошомидани [чизҳои карахткунанда] низ дуруст бошад, чунончи, аз барои дарди чашм [доруи] карахткунанда биошоманд ва ин барои чашм аз кашидани он ба чашм камтар зиён оварад. Гоҳе зиёне, ки аз ошомидани онҳо ба дигар андомҳо бирасад, мумкин аст ба осонӣ биравад. Аммо ҳангоми қулинҷ зиёни вай барои он зиёд аст, ки сардӣ, сахтӣ ва дармондагии модда биафзоянд.
Чизҳои карахткунанда гоҳе мумкин аст аз тариқи хоб овардан дардро таскин бидиҳанд, зеро хоб, хусусан агар ҳамроҳи он ҳангоми дарди моддӣ гуруснагӣ ба кор бурда шавад, яке аз сабабҳои ором шудани дард бувад.
Доруҳои карахткунандаи мураккабе, мисли филуниё ва мисли қурсҳои ба «сегӯша» маъруф, ки қувваҳои онҳоро доруҳое ҳамчун тарёки онҳо шикаста бошанд, аз ҳама беосебтаранд, вале карахтифизоияшон сусттар бошад. Нави онҳо андар карахткунӣ қавитар буда, куҳнаашон қариб карахт нахоҳанд кард ва миёнаи онҳо миёна бувад.
Баъзе дардҳо шиддати сахт дошта, гоҳе ба осонӣ муолаҷа шаванд. Масалан, дардҳои бодӣ ҳамин тавранд. Бисёр вақт онҳоро рехтани оби гарм ором кунад ва кифоят бошад, лекин андар ин кор як хатар аст ва он чунин аст, ки шояд сабаби он омос бошад, вале бод гумон карда шавад.
Андар ин ҳол, хусусан андар оғози он агар обигармрезӣ ба кор бурда шавад, зиёни он бузург бигардад. Ба изофаи ин, мумкин аст [дарди] ба сабаби бод бударо ҳам зиён бирасонад. Ин ҳангоме бошад, ки [оби гарм] аз ҳал намудани бод оҷиз ояд ва ҳаҷми онро васеътар бисозад.
Гармибандӣ низ яке аз роҳҳои муолаҷаи бодҳост ва беҳтарини он ба ёрии чизе бошад, ки чун говарс хушкӣ оварад, вале на андар андоме, ки мисли чашм тоби онро надошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё