Қонуни тиб

[Ин гуна андомро] бо пораҳои латта гармибандӣ намоянд.
Яке аз гармибандиҳо онест, ки бо ёрии равғани тафсон ба амал оваранд. Аз гармибандиҳои қавӣ он аст, ки орди говдонаро бо сирко пухта, хушк бикунанд ва сипас онро барои гармибандӣ истифода бибаранд. Баъди ин [андар қувват] сабӯсе бошад, ки [ба ҳамон тарз] бипазанд.
Намак бухори сӯзон дорад ва говарс аз он беҳтар буда, вале заифтар аст.
Гоҳе оби [гармро] андар масонаи [ҳайвон] гирифта, гармибандӣ кунанд ва ин дуруст ва нармкунанда буда, лекин агар эҳтиёт карда нашавад, ҳамон кори ёдшударо бикунад.
Бо оташ миҳҷама гузоштан аз ҳамин қабил аст ва он барои нишондани дарди бодӣ қавӣ бошад. Агар такроран ба кор бурда шавад, дардро тамоман бекор хоҳад кард, лекин мумкин аст аз он чизе ориз бигардад, ки аз чизҳои ёдшуда падид ояд.
Аа ҷумлаи фурӯнишонандагони дардҳо роҳ рафтани оҳиста ва дарозмуддат аст, зеро он ковоккунанда аст. Инчунин [141] пиҳҳои латифи маъруф, равғанҳое, ки мо онҳоро ёд кардем, суруди хуш, хусусан агар бо он хоб оваранд ва машғул шудан бо чизҳои фараҳангез барои дард оромкунандагони қавиянд.
Фасли сию якум андарз оиди он ки мо бояд аз кадом муолаҷа оғоз кунем
Ҳар гоҳ якчанд беморӣ ҷамъ омада бошанд, бояд табобатро аз чизе оғоз кард, ки яке аз се хосияти [зерин] ба вай хос бошад. Якум, бояд аз чизе [сар кард, ки] дуввумӣ бе шифо ёфтани он шифо наёбад. Масалан, агар омос бо реш ҷамъ омада бошад, мо нахуст омосро муолаҷа кунем, то ки бадмизоҷие аз миён биравад, ки ҳамроҳи вай ҷой дорад ва решро мумкин нест, ки ҳангоми вуҷуд доштани он шифо ёбад ва сипас решро муолаҷа намоем.
Дуввум, ин ки агар яке аз онҳо сабаби дуввумӣ бошад.
Чунончи, ҳар гоҳ судда ҳамроҳи таб ба амал ояд, нахуст суддаро муолаҷа кунем ва сипас табро. Агар эҳтиёҷ ба он дошта бошем, ки бояд суддаро бо доруи андаке гармиовар бикушоем, аз таб парво накунем. Мо силро бо [доруҳои] хушккунанда муолаҷа намуда, аз таб парво нахоҳем кард, чаро ки бартараф кардани таб, андар ҳоле, ки сабаби он ба ҷой бошад, мустаҳил аст ва илоҷи сабаби он хушкифизоӣ буда, ин барои таб зиёнвар бувад.
Севвуми онҳо чунин аст, ки агар яке аз он ду ба бештар парво кардан эҳтиёҷ дошта бошад. Чунончи, агар сунухус бо фалаҷ якҷоя бошад, мо нахуст сунухусро бо паст кардани [гармӣ] аз тариқи раг задан муолаҷа кунем ва ба фалаҷ парво накунем.
Аммо ҳар гоҳ беморӣ бо араз ҷамъ омада бошад, мо нахуст ба муолаҷаи беморӣ пардозем, вале агар араз бар вай ғолиб бошад, андар ин сурат мо ба араз машғул шуда, ба беморӣ аҳаммият нахоҳем дод. Чунончи, ҳар гоҳ ҳангоми қулинҷи дардаш сахт агар мушкилӣ пеш ояд, мо ба [бемор] чизҳои карахткунанда ошомонем, ҳарчанд ки ин ба худи қулинҷ зиён дорад. Ҳамчунин гоҳе мо рагзании заруриро ба сабаби нотавонии меъда ё исҳоле, ки пеш аз вай омадааст ва ё маниши гаштане, ки андар ҳоли ҳозир ҷой дорад, ба таъхир биандозем. Гоҳе онро ба таъхир наандозем, вале хун чандоне бигирем, ки аз он сабаб пурра қатъ нагардад.
Чунончи, (222) мо ҳангоми бемории ташаннуҷ ба рехтани тамоми хилт кӯшиш накунем, балки як миқдоре аз онро боқӣ монем, то ки ҳаракати ташаннуҷӣ ба ҳал кардани он машғул шуда, тарии модарзодиро ҳал накунад.
Бояд ин миқдор аз гуфтори мухтасари мо андар баёни аслҳои ҳамагонии пешаи пизишкӣ кифоят бошад ва акнун ба таснифи Китоби доруҳои содаи хеш бипардозем. Сипос Худойро ба оғозу анҷом ба андозае, ки шоистаи Ӯст ва дуруди ниҳону ошкор бар пайғамбари Ӯ Муҳаммад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё