Қонуни тиб

КИТОБИ дуввум
андар шинохти
доруҳои сода
(222) БА НОМИ ХУДОИ БАХШАНДАИ МЕҲРУБОН
Ситоиш Худойро ва дуруд бар бандагони баргузидаи Ӯ. Баъд аз ситоишу санои Худой ва фиристодани дуруд бар паямбарони Ӯ [маълум бод], ки ин китоб дуввумини китобҳоест, ки мо андар пизишкӣ таълиф кардаем ва нахустини онҳо андар ҳукмҳои ҳамагонии пизишкӣ буд.
Дуввуми онҳо ин китоб аст, ки андар баёни доруҳои сода фароҳам оварда шудааст. Мо ин китобро бар ду ҷумла бахш кардаем: яке аз ин ду андар баёни он қонунҳои табиии доруҳои андар илми тиб мустаъмалест, ки бояд дониста шаванд; ва дуввуми онҳо андар шинохтани қувваҳои доруҳои ҷузъист.
Аммо ҷумлаи нахустинро бар шаш мақола қисмат намудем: мақолаи нахустин андар шинохтани мизоҷҳои доруҳои сода; мақолаи дуввум андар шинохтани мизоҷҳои доруҳои сода ба ёрии таҷриба; мақолаи севвум андар шинохтани мизоҷҳои доруҳои сода ба ёрии қиёс; мақолаи чаҳорум андар шинохтани феълҳои қувваҳои доруҳои сода; мақолаи панҷум андар баёни ҳукмҳое, ки доруҳоро аз берун падид оянд; ва мақолаи ша
шум андар чидани доруҳо ва захира кардани онҳо.
Аммо ҷумлаи дуввумро бар якчанд лавҳ ва як қоида бахш намудем: лавҳи нахустини ин ҷумла лавҳи феълҳо ва хосиятҳост; лавҳи дуввум андар баёни оростагист; лавҳи севвум андар баёни омосҳо ва табишҳост; лавҳи чаҳорум андар баёни ҷароҳатҳо ва решҳост; лавҳи панҷум андар баёни афзорҳои пайвандгоҳҳост; лавҳи шашум андар баёни андомҳои сар аст; лавҳи ҳафтум андар баёни андомҳои чашм аст; лавҳи ҳаштум андар баёни андомҳои нафаскашӣ ва сина аст; лавҳи нуҳум андар баёни андомҳои ғизокашӣ аст; лавҳи даҳум андар баёни андомҳои ронанда аст; лавҳи ёздаҳум андар баёни табҳост; лавҳи дувоздаҳум андар баёни заҳрҳост.
Аммо қоидаро бар ду бахш кардаем: бахши нахустин андар баёни муқаддима аст, ки андар зимни он барои доруҳои сода лавҳҳое дуруст кардам ва ҳар кадомро ба ранги хоссе навиштам, то он ба осонӣ дарёфта шавад; ва бахши дуввум, ки бисту ҳашт фаслро дарбар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё