Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[оғози китоб
андар қонунҳои табиии
доруҳои сода ва
шинохтани қувваҳои онҳо]
Ҷумлаи нахустин
[АНДАР ҚОНУНҲОИ ТАБИИИ ДОРУҲО],
ки аз шаш мақола иборат аст

Мақолаи нахустин:

АНДАР МИЗОҶҲОИ ДОРУҲОИ СОДА
Мо андар китоби якум маънои гуфтаи хешро, ки «ин дору гарм аст», «ин дору сард аст», «ин дору тар аст» ва «ин дору хушк аст», баён намудем ва нишон додем, ки он андар қиёс ба танҳои мо чунин бувад. Мо пеш аз ҳама ёд кардем, ки рукнҳои ҳамаи [ҷисмҳои] мураккаби маъданӣ, наботӣ ва ҳайвонӣ унсурҳои чаҳоргонаанд. Онҳо омезиш ёфта, бар якдигар кора кунанд, то иътидол ва ё ғолибиятро андар миёни хеш барқарор кунанд. Ҳар гоҳ бар чизе аз ин қарор ёбанд, ин мизоҷи ростинӣ бувад. [Мо нишон додем, ки] мизоҷ чун андар [ҷисми] мураккаб падид ояд, онро барои пазируфтани қувваҳо ва кайфиятҳое омода созад, ки онҳо баъд аз мизоҷ андар [ҷисм] ба амал омадан бувад; мо баён кардем, ки мизоҷ умуман бар чанд бахш аст, мизоҷи муътадил гуфта, андар мардумон чиро ва мизоҷи муътадил гуфта андар доруҳо чиро бихоҳанд1. Мо баён намудем, ки мурод аз он [гуфта чунин] аст: тани инсон ҳар гоҳ ба [дору] дучор омада, бо гармии модарзодии худ андар он кора кунад, аз эҳтимол дур нест, ки [дору низ] андар тани инсон таъсири сардӣ, ё гармӣ, ё тарӣ ва ё хушкии беш аз андозаи андар инсон буда бирасонад. Вале мо чунин нахоста будем, ки мизоҷи [дору] мисли мизоҷи инсон аст, чунки мизоҷи инсон фақат инсонрост.
(223) Бидон, ки мизоҷ бар ду навъ аст: мизоҷи нахустин ва мизоҷи дуввумӣ. Мизоҷи нахустин якумин мизоҷест, ки аз унсурҳо падид ояд ва мизоҷи дуввумӣ мизоҷест, аз ашёе падид ояд, ки андар нафси худ дорои мизоҷанд. Чунончи, мизоҷи доруҳои мураккаб ва мизоҷи тарёк ҳамчунинанд. Зеро ҳар як аз доруҳои содаи [таркиби] тарёк дорои мизоҷест, ки хоси он бошад. Сипас чун ба ҳам биомезанд ва фароҳам омада, муттаҳид гарданд ва онҳоро омезиш ба амал ояд, мизоҷи дуввумӣ ҳосил хоҳад шуд. Ин мизоҷи дуввум на ҳамеша аз тариқи синоъӣ ба амал ояд, балки гоҳе мумкин аст аз тариқи та

биӣ низ ба амал ояд. Чунки [масалан] шир ба ҳақиқат аз [бахшҳои] обӣ, панирӣ ва равғанӣ омезиш ёфтааст ва ҳар як аз ин се андар табъ на ин ки сода, балки омехта аст ва дорои мизоҷи хоссест. Ин мизоҷи дуввумӣ аз феъли табиат аст, на аз феъли синоъӣ [ва бар хилофи тарёк бувад].2 Мизоҷи дуввум мумкин аст бар ду рӯй бошад: ё мизоҷи қавӣ ва ё мизоҷи суст. Мизоҷи қавӣ мисли он аст, ки ҳар яке аз ду унсури сода бо ҳам чунон пайваст шудаанд, ки аз ҳам ҷудо кардани онҳо бар гармии модарзодии мо душвор бувад, балки гоҳе ҷудо сохтани бархе аз он бар гармии оташ ҳам душворӣ оварад. Чунончи, ҷирми зар ҳамчунин бувад. Зеро омезиш миёни [бахшҳои] тар ва хушки он ба дараҷае бирасад, ки [кайфияти] оташӣ аз ҷудоӣ овардан миёни ҳар ду оҷиз бошад, балки [кайфияти] оташӣ ҳар гоҳ [бахши] обии онро равон сохта, [бихоҳад, ки] бухораш кунад, бахши обӣ бо тамоми ҷузвҳои хеш ҷузвҳои бахши хокиро сахт бидорад ва [кайфияти] оташӣ натавонад, ки онро бухор сохта, бахши хокиро хамчун шин ба ҷой бигузорад. Чунончи, андар чӯб, балки андар арзиз ва сурб ба чунин кор қодир аст. Ҳар гоҳ устувории бархе аз мизоҷ бад-ин устуворӣ бошад, пас, бидуни шигифтӣ баъзе аз мизоҷ чунон аст, ки гармии модарзодии андар тани мо буда аз ҷудо сохтани [унсурҳои] содаи он оҷиз аст. Ҳар мизоҷе, ки чунин бошад, пас, он мизоҷи устуворгардонида аст ва агар муътадил бувад, андар тан то ба ҳангоми дигар сохтан ва табаҳ кардани сурати он муътадил боқӣ бимонад.
Он мизоҷе, ки ба ғолибият бигарояд, андар тан то ба ҳангоме ба ҳоли ғолибият боқӣ хоҳад монд, ки сураташ табаҳ нагардад. Аз ин [мизоҷ] ба ҷумлагӣ як феъл содир бигардад.
Агар мизоҷ устувор набошад, балки сусти рӯ ба гусастан бошад, равост, ки унсурҳои содаи он ҳангоми кора кардани табиати мо андар он аз ҳам ҷудо шаванд, баъзеяшон аз баъзеи дигар дур бигардад ва гуногунқувва шуда, бахше аз онҳо як кор ва бахше дигар зидди он кор бикунанд. Бинобар ин, чун пизишкон бигӯянд, ки қув ваи фалон дору аз қувваҳои ба ҳам зидд таркиб ёфтааст, набояд эшон худ ба худ ва ту ба тавассути эшон чунин фаҳмед, ки ҷузъи ягона ҳомили ҳам гармист ва ҳам сардӣ ва ҳар кадом аз ин ду ба танҳоӣ чун ду чизи аз ҳам ҷудо амал мекарда бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ