Қонуни тиб

Чунин кор номумкин аст, балки ҳар ду андар ду ҷузъи гуногуни он дору ҷой доранд, ки ин [дору1 аз он ду ҷузъ таркиб ёфтааст.
Инчунин, набояд пиндошт, ки ғайри ин ҷинси доруҳо аз қувваҳои ба ҳам зид таркиб наёфтаанд. Баръакс, ҳамаи доруҳо аз қувваҳои ба ҳам зидд мураккабанд. Бинобар ин, боистӣ аз [гуфтаи пизишкон] чунин фаҳмид: муроди эшон ин аст, ки [дору] ба феъл ва ё ба қувваи наздик ба феъл дорои қувваҳои ба ҳам зидд аст, чаро ки андар он ҷузъҳои гуногунеанд, ки ҳанӯз бархеи онҳо андар бархеи дигар пурра кора накардаанд, то ки ҳамагӣ андар қувват комилан яксон шуда бошанд ва на низ мулозими якдигар гардида, муттаҳид шудаанд, то ки ҳар гоҳ бархе аз онҳо андар бахше аз ягон андом ҳосил шавад, бархи дигарро лозим ояд, ки ҳамроҳи он ҳосил бигардад.
Чунки агар андар қувва яксон мебуданд, феъли онҳо андар тан, албатта, гуногун намешуд ва агар ҷузъҳояшон ба якдигар лозим ва қувваҳояшон гуногун бошанд, низ равост, ки таъсири онҳо андар тан гуногун набошад. Балки агар ҷузъе аз унсури сода андар андоме ҳосил гардад, чизе, ки аз унсури содаи дигар лозими он аст, онро ҳамроҳӣ хоҳад кард. Пас, аз ҳар дуи онҳо андар ҳамаи бахшҳои он андом ба таври баробар феъл ва асаре падид оянд, ки натиҷаи феълҳои ҳар ду бувад, чунки ҳамроҳи ҳар як аз бахшҳои [андом] боздорандаест, ки аз пурра ба амал омадани феъли [доруро] мумкинбуда боз дорад. Вале мумкин аст бахше аз андом яке аз ду унсури содаро бипазираду дигарашро не ва табиат яке аз он дуро ба кор бибараду дигариро биронад. Ин ҳол бисёр вақт рӯй медиҳад.
Вале гуфтори мо оид ба ин нест, балки андар баёни синфест, ки он ба иллати андар нафси хеш дошта, на ба иллати андар ғайраш буда гуногунтаъсир бувад ва ин иллат чунин аст: омезиши унсурҳои содаи [дору] ба андозае суст аст, ки ба сабаби таъсири гармии мо қобили аз ҳам ҷудошавист.
Доруҳои содае, ки мо онҳоро ёд мекунем, дорои қувваҳои ба ҳам зидд буда, аз ҷумлаи ҳамон [доруҳоеанд], ки андар онҳо ин гуна омезиши қавии куллӣ вуҷуд надорад. Баъзе аз инҳо доруҳоеанд, ки аз ҷиҳати омезиш қавитар буда, (224) ҷӯшондану шустан қувваҳои онҳоро аз ҳам ҷудо кардан наметавонанд. Масалан, бобуна ҳамин гуна буда, он дорои қувваи ҳалкунанда ва қувваи гиранда бувад ва агар андар зимни зимодҳо пухта шавад, ҳар ду қувваи он аз вай ҷудо нахоҳанд шуд. Бархе аз доруҳо чунон аст, ки ҷӯшондан миёни [қувваҳои] онҳо ҷудоӣ андохтан битавонад. Масалан, каранб ҳамин гуна буда, гавҳари он аз моддаи хокии гиранда ва аз моддаи тунуки зудояндаи бурагӣ сиришта шудааст. Бинобар ин, ҳар гоҳ андар об пухта шавад, гавҳари бурагии зудояндаи он андар об ҳал шавад ва гавҳари хокии гирандаи он боқӣ бимонад. Аз ин ҷо оби каранб шикаморанда ва ҷирми он гиранда бувад. Наск, [гӯшти] мурғ ва сир низ ҳамчунинанд. Андар [сир] қувваи зудояндаю сӯзонанда ва тарии гароне вуҷуд доранд, ки ҷӯшонидан он ду [қув
ва]ро аз ҳам ҷудо созад. Пиёз, турб ва ғайри онҳо низ ҳамин гуна буванд. Бинобар ин гуфтаанд, ки турб бигуворад, вале гуворида нагардад, зеро турб на ба ҳамаи бахшҳои худ, балки бо гавҳари латифи тунуке бигуворад, ки андар он аст ва ҳар гоҳ ин гавҳари латиф ҳал шавад, гавҳари касифе боқӣ бимонад, ки ба сабаби часпакӣ аз қувваи гуворанда рӯй бигардонад, вале он гавҳари дигари [латиф] часпакиро бибуронад.
Аз ҳамин қабил [доруҳоест], ки шустан миёни [унсурҳои] содаи онҳо ҷудоӣ овардан битавонад. Мисоли он коснӣ ва бисёр тараҳоест, ки гавҳари онҳо аз моддаи хокии обии сарди бисёр ва аз моддаи латифи андаке таркиб ёфтааст. Бинобар ин, сардифизоии онҳо ба ёрии моддаи якум ва суддакушоию гузаронандагии онҳо аксар ба ёрии моддаи дигар буванд. Бештари ин моддаи латиф бар сатҳи ин [тараҳо] густурда буда, бар фарози ин сатҳ баромада паҳн гардидаанд. [Ин тараҳо] ҳар гоҳ шуста шаванд, ин моддаи латиф андар об ҳал гардида, аз он чизи қобили эътиборе боқӣ нахоҳад монд. Бинобар ин, шустани онҳоро ҳам шариат наҳй кардааст ва ҳам тиб. Бадин сабаб бисёре аз доруҳоро ҳар гоҳ инсон бихӯрад, сахт сардӣ физоянд ва ҳар гоҳ бо онҳо зимод ниҳанд, таҳлил оваранд. Масалан, кашниз ҳамин гуна бувад. Агар онро бихӯранд, сардии сахт оварад ва агар бо он хусусан омехта бо пист зимод ниҳанд, бисёр бошад, ки масалан, ханозирро ба таҳлил бибарад. Ин аз баҳри он чунин аст, ки аз гавҳари хокии обии сахт сардифизо ва аз гавҳари латифи ҳалкунанда таркиб ёфтааст. [Кашнизро] ҳар гоҳ бихӯранд, гармии модарзодӣ рӯ бад-он ниҳода, гавҳари латифро аз он ҳал кунад. Ин [гавҳари латиф] чандон бисёр нест, ки андар мизоҷ асар кунад, балки аз роҳи баромад берун биравад ва гавҳари сардифизои вай андар ғояти сардифизоӣ боқӣ бимонад. Аммо ҳар гоҳ онро зимод кунанд, чунон бигардад, ки гавҳари хокӣ андар масом нуфуз кардан натавонад ва албатта, андар он таъсире ба амал нахоҳад овард. Аммо гавҳари латифи оташӣ андар [масом] бигузарад ва пазиш ба амал оварад. Агар чизе аз гавҳари сардро бо худ бибарад, ин барои баргардондан ва фурӯ нишондани гармии модарзодӣ судманд бувад. Ин наздик ба он чизест, ки оид ба пиёз андар Китоби нахустин гуфтем: [пиёз] бо бастан бисӯзонад, вале чун бихӯранд, беосеб бошад.3 Чунки мо яке аз сабабҳои онро ба ин [гуфта] наздик баён намудаем ва бинобар он бояд ин маъно маълуму устувор бошад.
Бархе аз доруҳо чунон аст, ки мумкин аст андар он ду гавҳари ба табъ гуногуни, албатта, ғайри омехта вуҷуд дошта бошанд. Баъзе аз инҳо мисли ҷузвҳои турунҷ ба ҳис зоҳир аст ва баъзеи он пинҳон. Бинобар ин, чунин ба назар мерасад, ки мумкин аст пӯсти тухми испғул ва он чи ки бар фарози пӯсти он аст, сардиоварандаи қавӣ бошад ва орде, ки андаруни он аст, гармиоварандаи қавӣ буда, ҳатто наздик аст, ки он доруи сурхиоварандаю решкунанда бувад. Пӯсти он мисли пардаест, ки андар миёни ҳар ду [хосият] чун девор истода. Бинобар ин агар онро нокӯфта биошоманд, сахтии пӯсти он қувваи дилаашро аз дохил ба берун омадан нагузорад, балки он ба зоҳир ва луобияти хеш сардӣ биоварад. Агар онро бикӯбанд, [дигаргуна бошад ва] мумкин аст он чизеро, ки аз ҷумлаи заҳраш шуморанд, ба сабаби зоҳир шудани орд ва дилаи вай бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё