Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Чунин ба назар мерасад, ки хоришҳоро кафондани орди он ва онҳоро хом нигоҳ доштан ва [моддаро] пас гардондани нокӯфтаи он ба ҳамин сабаб вобаста аст. Ин миқдор [аз гуфтор] андар овардани ин асл кифоят бувад.
Мақолаи дуввум:
АНДАР ШИНОХТАНИ ҚУВВАҲОИ
МИЗОҶҲОИ ДОРУҲО БО ЁРИИ ТАҶРИБА
Қувваҳои доруҳоро аз ду роҳ бишиносанд: яке аз роҳи қиёс ва дигар аз роҳи таҷриба. Мо гуфторро андар баёни таҷриба пеш гузошта мегӯем: Ба таҳқиқ таҷриба баъд аз риоя намудани якчанд шарт ба таври боварибахш ба шинохтани қувваи дору ҳидоят бикунад:
Яке аз он [шартҳо] ин аст, ки дору бояд аз кайфияти касбкарда, хоҳ гармии оризшуда бошад, хоҳ сардии оризшуда ва ё аз кайфияте, ки онро (225) аз тариқи дигаргун шудани гавҳараш ва ё қарини ғайраш шудан ҳосил шудааст, холӣ бошад. Бинобар ин, об, ки ҳарчанд ба табъ сард аст, вале агар гарм карда шавад, то даме ки гарм аст, гармӣ хоҳад бахшид; фурбиюн, ки ҳарчанд ба табъ гарм аст, вале агар сард карда шавад, то даме ки сард аст, сардӣ хоҳад овард; бодом, ки ҳарчанд андар ҳоли латифӣ ба иътидол ҳамегарояд, вале агар мазаи талхӣ бигирад, ба таври қавӣ гармӣ диҳад; гӯшти моҳӣ, ки ҳарчанд сард аст, вале ҳар гоҳ намакаш кунанд, сахт гармӣ физояд.
[Шарти] дуввум ин аст, ки [бемории] мавриди санҷиши [дору] бояд бемории сода бошад. Зеро агар он бемории мураккаб бошад, андар вай ду ҳолати гуногуне хоҳад буд, ки ду дармони ба ҳам зидро тақозо кунанд ва ҳар гоҳ бар онҳо дору санҷида шавад ва суд бахшад, сабаби ростинии он дониста нахоҳад шуд. Мисолаш чунин аст: агар одамро таби балғамӣ бошад ва мо ӯро чун ғориқун биошомонем, табаш бартараф бигардад, [аз ин] набояд чунин ҳукм баровард, ки ғориқун сард аст ва бадин сабаб иллати гарм, яъне табро суд бахшид, балки шояд он ба сабаби моддаи балғамиро ҳал карданаш ва ё онро берун оварданаш суд бахшида бошад ва чун модда, ки тамом шудааст, таб ҳам бартараф шуда бошад. Ин ба ҳақиқат судест ба зот, ки бо суди ба араз омехта бувад: аммо ба зот андар қиёс ба модда ва ба араз андар қиёс ба таб [суд биёварад].
[Шарти] севвум ин аст, ки дору бояд бар [ду бемории] ба ҳам зид санҷида шуда бошад, то ки агар аз ҳар дуи он якҷоя фоида бахшад, чунин ҳукм карда нашавад, ки мизоҷаш мизоҷи яке аз он дуро зид аст. Чунки шояд барои яке аз онҳо ба зот ва барои дигарӣ ба араз фоида бахшида бошад. Масалан, сақмуниёро агар мо бар бемории сарде бисанҷем, аз эҳтимол дур нест, ки аз роҳи гармидиҳӣ фоида бахшад ва агар бар бемории гарме аз қабили таби рӯзафкан бисанҷем, аз эҳтимол дур нест, ки аз тариқи истифроғи сафро суд бахшад. Модом ки кор бад-ин сурат аст, таҷриба ба таври боварибахш гармӣ ва ё сардии [доруро] ба мо нишон нахоҳад дод, то агар дониста нашавад, ки кори яке аз ду хосият ба зот аст ва кори дигари ба араз.

[Шарти] чаҳорум ин аст, ки ба қувваи андар дору буда он миқдоре аз қувваи иллат муқобил биистад, ки баробари ӯст. Чунки гармии бархе аз доруҳо аз сардии иллат камтар буда, албатта андар он таъсир нахоҳад расонд ва гоҳе [дору] ҳангоми истеъмол аз ҷиҳати сардӣ камтар аз онест, ки ба гармиоварии [беморӣ] кора кунад. Бинобар ин, боистӣ, ки [дору] нахуст бар [бемории] камқувваттар санҷида шавад ва ба тадриҷ кам-кам [ба қавитар гузашта] бо ҳамин қувваи дору дониста шавад ва ишколе пеш наояд.
[Шарти] панҷум ин аст, ки бояд замони [дору], ки андар он асар ва феъли дору зуҳур мекунад, риоя шавад. Агар [феъли он] баробари истеъмол кардан зоҳир шавад, бояд бовар кард, ки феъли он ба зот аст ва агар аввалин феъле, ки аз он зоҳир мешавад, ба оне, ки ба охир падид ояд, зид бошад ва ё андар оғози кор аз он феъле падид наояду сипас андар поёни кор аз он феъле падид ояд, ин мавриди иштибоҳ ва ишкол хоҳад буд. Шояд он кореро, ки кардааст, ба араз карда бошад: мисли ин ки он нахуст кори пинҳоне карда бошаду аз паси он ин феъли охири ошкор ба араз падид омада бошад. Ин ишкол ва иштибоҳ андар қувваи доруст. Ҳар гоҳ ки феъл аз он баъд аз тамом шудани дучороияш бо андом зоҳир шавад, ҳадс задани он, ки феълаш ба араз аст, қавитар хоҳад шуд. Зеро агар он ба зоти хеш амал мекард, бояд ҳангоме амал мекард, ки [бо андом] дучор омада буд ва мустаҳил аст, ки он ҳангоми мулоқот нотавон бошаду ҳангоми ҷудо шудан феъл [тавонад] кардан. Ин ҳукм ҳукми бештарии боварибахш бувад. Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки бархе аз ҷисмҳо он феъли худро, ки ба зот аст, баъд аз он феъле бикунад, ки ба араз бувад ва ин ҳангоме бошад, ки қувваи бегона касб бикунад ва [ин қувваи бегона қувваи] табиии [онро] мағлуб бисозад. Масалан, оби гарм андар ҳол гармӣ бахшад, вале андар рӯзи дуввум ва ё андар вақти дуввум, ки ба он ҳангом таъсири аразияш аз ӯ биравад, андар тан ночор сардӣ падид хоҳад овард, зеро ҷузвҳои гармшудаи он ба ҳолати табиии сардие, ки дорост, баргашта бошанд.
[Шарти] шашум ин аст, ки пайваста ва ё бештар давом кардани феъли [дору] риоя карда шавад ва агар чунин набошад, пас, содир шудани феъл аз он ба араз бувад, чаро ки чизҳои табиӣ аз мабдаъҳои хеш ё ба таври доимӣ ва ё ба таври бештарӣ падид оянд.
[Шарти] ҳафтум ин аст, ки бояд санҷиш бар тани инсон бошад, зеро агар [доруро] бар тани ғайри инсон бисанҷанд, аз ду рӯй равост, ки фарқ бикунад: яке аз ин ду рӯй он аст, ки агар дору гармтар аз инсон ва сардтар аз тани шер ва асп бошад, равост андар қиёс ба тани инсон гарм ва андар қиёс ба тани шер ва асп сард бувад. Чунонки гумон мекунам, рованд, ки андар қиёс ба асп сахт сард аст, андар қиёс ба инсон гарм бувад; (226) дуввум ин ки доруро равост андар қиёс ба яке аз ду тан хосияте бошад, ки андар қиёс ба тани дуввум [чунин хосият] надошта бошад. Масалан, беш андар қиёс ба тани инсон хосияти заҳрӣ дорад, вале андар қиёс ба тани сорҳо чунин нест. Ин буд он қонунҳое, ки боистӣ андар берун овардани қувваҳои доруҳо аз тариқи таҷриба муроот шаванд ва инро бидон.

пешина
аз 1215
навбатӣ