Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мақолаи севвум:

АНДАР ШИНОХТАНИ МИЗОҶҲОИ
ДОРУҲОИ СОДА БО ЁРИИ ҚИЁС
Қонунҳое, ки андар шинохтани қувваҳои доруҳо аз тариқи қиёс [ба кор ҳамераванд], бархеи онҳо аз зуд ва ё дер ба оташ гардидану гармшавандагии [доруҳо] ва аз зуд ва ё дер ях бастани онҳо гирифта шудаанд ва бархеро аз бӯйҳо ва бархеро аз мазаҳо бигиранд. Гоҳе мумкин аст онҳоро аз рангҳо бигиранд ва гоҳе аз феълҳо ва қувваҳои маълуме ҳосил кунанд, ки аз тариқи онҳо далелҳои равшане бар қувваҳои номаълум ба даст оранд.
Тариқаи нахустин чунин аст, ки аз миёни чизҳои андар қивоми гавҳари хеш, яъне андар ковокию зичӣ яксон кадомашон гармиро зудтар бипазирад, пас, он гармтар ва кадомашон сардиро зудтар бипазирад, пас, он сардтар хоҳад буд. Яке аз сабабҳо андар ин кор он аст, ки чиз дар ҳоли як будани фоил мумкин аст назар ба чизи дигар зудтар гармӣ бипазирад, зеро он мумкин аст андар нафси хеш беш аз дигарӣ гарм буда, вале сардии аразӣ онро сард карда бошад. Бинобар он, чун гармии беруна бад-он расид ва қувваи гармии табиии андар он чиз буда бо он гармӣ якҷоя шуд, ин чиз андар нисбати сабаби берунӣ ба дигарӣ баробар омад, вале бо қувваи андар хеш буда бар вай афзалият пайдо карда, гармтар гардид. Ҳоли он чизеро, ки зудтар сардӣ бипазирад, аз ҳамин қиёс бигир.
Баъд, оид ба таҳқиқи сабаби ин гуфтори тӯлоние ҷой дорад, ки овардани он бар уҳдаи шахси андар аслҳои табииёт суханронанда аст, на бар уҳдаи пизишк. Аммо агар яке аз он ду сахт ковок ва дигарӣ сахт зич бошад ва оне, ки сахт ковок аст, агарчи мисли дигарӣ сард ва ё гарм бошад ҳам, вале ба сабаби нотавонии ҷисмаш зудтар мунфаил хоҳад шуд.
Аммо чизҳое, ки хусусияти ях бастан доранд ва чизҳое, ки хусусияти чун оташ афрӯхтан доранд, равост, ки бо якдигар муқоиса карда шаванд. Оне, ки зуд ях бибандад ва қивомаш чун қивоми дигарӣ бошад, вай бештар сард бувад ва оне, ки зуд афрӯхта бигардад ва қивомаш чун қивоми дигарӣ бошад, вай ба ҳамон иллате, ки ёд кардем, бештар гарм хоҳад буд. Азбаски мо чизро андар қиёс ба таъсири гармии модарзодии худамон сардтар ва ё гармтар мегӯем, бинобар он, агар ин дертар сард бишавад ва зуд афрӯхта бигардад, мо чунин ҳукм хоҳем кард, ки он андар пазируфтани таъсири гармии модарзодии мо бад-ин сифат будааст. Ин аслҳоро ба таври шоиста андар илми табиӣ ба исбот расонанд.
Агар ду чиз андар ковокию зичӣ аз ҳам тафовут дошта бошанд ва сипас зичбудаи ин дуро зуд афрӯхташавандаю дер сардшаванда дарёбӣ, ҳукм бикун, ки он ночор андар гавҳар гармтар аст. Ҳамчунин, агар ковокро ҳар қадар дер афрӯхташаванда дарёбӣ, бидон, ки он ҳамон қадар сахт сард аст. Аммо агар ковокбудаи ин дуро зудтар афрӯхташаванда дарёбӣ, набояд ҳукми қатъӣ барорӣ ва бад-ин сабаб онро бештар гарм бишмарӣ, зеро бошад ки ковокӣ сабаби зуд афрӯхташавии он бувад. Ҳамчунин, агар ковоки он дуро зуд сардшаванда дарёбӣ, туро лозим нест, ки ҳукми қатъӣ барорӣ ва бад-ин сабаб онро сахт сард шуморӣ, чунки шояд ковокӣ ба иллати нотавонии ҷирми он сабаби зуд сард шудан ва мунфаил гаштани он бигар

дад. Масалан, хамр, ки ҳарчанд беш аз равғани каду гарм аст, вале ях бастанаш зудтар аз ях бастани ин равған бувад, балки мумкин аст ин равған сахт шаваду ях набандад, вале шароб бошад, ки ях бибандад.
Бархе аз чизҳо аз ғайри сахт шудан ях банданд ва бархе аз ғайри ях бастан сахт шаванд. Инро андар илми табиӣ бишиносанд. Аммо чизҳои пазирои сахтшавӣ агар андар қивоми гавҳар яксон буванд, пас, оне, ки аз сардӣ аз ҳама зудтар сахтӣ ҳамепазирад, аз ҳама сардтар бувад.
Бисёре аз чизҳо ба таҳқиқ андар гармӣ баста бигарданд.
Ҳамаи чизҳое, ки хосияти аз гармӣ баста шудан доранд, аз сардӣ таҳлил хоҳанд ёфт. Ҳамчунин ҳамаи чизҳое, ки ба миёнҷии сардӣ баста бигарданд, ба миёнҷии гармӣ ҳал хоҳанд шуд. Ба ақидаи Ҷолинус гармӣ бо хушконидан сахтӣ оварад ва сардӣ бо тарӣ овардан ҳал бисозад.
Раъйи файласуфи аввал4 шояд андаке бо раъйи ӯ мухолиф бошад, (227) вале таҳқиқи ниҳоии ин андар илми дигар бувад.
Агар баъзе доруҳо гармтар, вале ситабртар бошанд, ин ба иллати ситабрии онҳо имконият бидиҳад, ки басташавиро пазируфтани онҳо мисли пазируфтани он доруҳое бошад, ки беш аз инҳо сардтаранд. Агар баъзеи доруҳо сардтару лекин тунуктар бошанд, ин ба иллати тунукӣ чунин имконият бидиҳад, ки афрӯхтанро пазируфтани онҳо мисли пазируфтани он доруе бошад, ки беш аз инҳо гарм бувад. Сахт шудану баста шудан на ба фузунии гармӣ ва на ба фузунии сардӣ далолат нахоҳанд кард, зеро чизҳои хокӣ ба сабаби бахши хокии андар хеш дошта сахт шаванд ва чизҳое ба сабаби бахшҳои обию бодии хеш, ки агар ковокӣ оварда бошанд, сахт хоҳанд шуд. Бисёр бошад, ки бахши бодиро сардшавӣ ориз шуда, ба обӣ бигардад ва [ҷисми] мураккаб ковок шуда, сард гардад ва бисёр бошад, ки бахши обии сард ковок бишавад, зеро андар он бахши оташӣ ҷӯшида, онро ба бодӣ бигардонад ва сахташ созад. Чунончи, маниро чунин сахтшавӣ ориз бигардад, зеро чун аз он бухори оташӣ бигсилад, тунук хоҳад шуд.
Бахши хокӣ монеи он нест, ки ҳамроҳаш бахши оташии ба ифрот буда бошад ва дар ин ҳол равост, ки қисми якум сахт гарм бошад. [Низ] на бахши обӣ монеи он аст, то андар миёни он бахши бодие бидарояд, ки қувваташро шикастан натавонад, зеро дар ин сурат қисми дуввум сахт сард шавад ва ё бахши оташие [бидарояд], ки қувваташро бишканад, зеро андар ин ҳол [қисми дуввум] сахт гарм хоҳад шуд.
Аммо оид ба қонунҳои дигар бошад, бояд пизишкон аз онҳо як чизро бидонанд, ки мазаҳои ширин, шӯр, тез ва талх ҷуз гавҳари гарм ва мазаҳои гиранда, туруш ва тунд ҷуз гавҳари сардро нахоҳанд буд. Ҳамчунин бӯйҳои тунду тез ҷуз гавҳари гарм ва рангҳои сафед андар ҷисмҳои бастае, ки дорои тариянд, ҷуз гавҳари сард ва андар ҷисмҳое, ки дорои хушкӣ ва судашавиянд, ҷуз гавҳари гармро нахоҳанд буд. Вале [ранги] сиёҳ андар ҳар ду ҳолат баръакс аст, зеро сард тарро сафед ва хушкро сиёҳ ва гарм тарро сиёҳ ва хушкро сафед хоҳанд кард.
Ин воқеан рост ва воҷиб аст, лекин андар ин ҷой сабаби дигаре ҳаст, ки бинобар он, гоҳе мумкин аст ин далеловариҳо хусусан андар бӯю ранг ва алалхусус андар ранг дигаргун бигарданд.

пешина
аз 1215
навбатӣ