Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Чунки мо баён намудем, ки ҷисмҳои давоӣ аз унсурҳои ба ҳам зидд гоҳе ба тариқи аввалӣ омезиш ёфта, падид оянд ва гоҳе ба тариқе омезиш ёбанд, ки аввалӣ нест, балки онро беҳтар аст «омезиши дуввумӣ» хонд. Бинобар он, андар ин омезиши дуввумӣ равост яке аз ду унсурро мизоҷе ҳосил шуда бошад, ки ба ёрии он сазовори ранге ё бӯе ва ё мазае бигардад ва онро чизе ҳосил шавад, ки сазовори он чиз бувад. Ҳамчунин унсури дигарро мумкин аст мизоҷе мухолифи он мизоҷ ҳосил шуда бошад, ки равост тавассути он ба ранге зидди он ранг ва ё бӯе ва ё таъме мухолифи аввалӣ сазовор бигардад ва [ё] равост, ки сазовор нагардад. Зеро ин амр дақиқ нест ва барои он ҳаддҳое маълум нестанд, ки то аз тариқи онҳо мизоҷ сазовори рангҳо, бӯйҳо ва мазаҳо бигардад. Балки агар инсон андар ин бобат чизе бигӯяд, ба тариқи тахмин хоҳад гуфт.
Агар як [унсур] сазовари ранги мухолиф ба [ранги дигарӣ] бигардад, сипас агар ҳар ду [унсур] аз ҷиҳати камият баробар бошанд, андар омехтаи дуввумӣ ранге падид ояд, ки мураккаб аз ҳар ду ранг бувад ва агар [миқдори] ҳар ду гуногун бошад, андар омехтаи дуввумӣ ранге ба амал ояд, ки майл ба яке аз ду ранг дошта бошад. Агар дуввумӣ, албатта ранге ва ҳамчунин бӯе ва ё таъме ҳосил накарда бошад ва агар ҳар ду [унсур андар миқдор] баробар бошанд, чизи андар ҳар ду мавҷудбуда ранги аввалӣ ва бӯи аввалӣ хоҳад буд. Агар омехтан ҷузвҳои берангро шикаста бошад, на ҷузвҳои ба ҳам зиддро ва [ранги] дуввумиро, албатта, асаре набошад, ин низ мисли шикаста шудани чизи беранге, ки бо чизи рангнок омехта аст, шикаста хоҳад шуд ва он ҷисм, масалан, сафед намуда, равост аз он ҷиҳат, ки сафед аст, қувваташ на қуввати сафед бошад, балки он қувваи дигаре буда, муқобили аввалӣ бувад. Чунки агар ҷирми бо чизи беранг омехта, чунонки андар камият баробар аст, андар қувват ҳам баробар бошад, қувваи ҳосилшуда қуввае хоҳад буд, ки андар миёни ду қувва муътадил бувад. Агар [чизи беранг] аз чизи рангин хеле қавӣ бошад, таъсир қувваеро хоҳад буд, ки зидди қувваи ҷирми ҳамроҳи сафедӣ буда бошад.
Сафедӣ, масалан, воҷиб медорад, ки он [ҷисми омехта] сард бошад, вале он ба якбора гарм бувад. Ин ҳангоме чунин аст, ки агар ҳар ду ба камият баробар бошанд.
Аммо агар, масалан, ине, ки беранг аст ва ё ранги зидд дорад, андар қиёс ба дигарӣ аз ҷиҳати камият каму аз ҷиҳати кайфият ва қувват қавӣ бошад, албатта, (228) андар ранги дигарӣ таъсире нахоҳад дошт ва онро на ба қадре бо қувват сахт мағлуб кардан битавонад, ки то чунин бинамояд, ки онро аслан қуввае мавҷуд набудааст. Ту ҳолро андар як ратл аз шир тааммул бикун. Агар онро бо ду мисқол аз фурбиюн чунон биомезӣ, ки ҳар ду як чиз бигарданд, чизи аз ҳар ду фароҳамомада андар ғояти гармифизоӣ нахоҳад буд ва ҳис миёни ин ду на фурбиюн, на ранги он ва на берангии онро, агар беранг мебуд, андар наёбад, балки онро сафеди холис хоҳад ёфт. Бинобар ин, агар [бигӯем], ки ин сафедӣ аз гавҳари сард аст [ва] масалан, фарз кардем, ки шир сард аст, рост гуфта бошем ва агар бигӯем, ки ин гавҳари ошомида сард аст, дурӯғ гуфта бошем. Аз баҳри он ки ин сафедӣ ранги ин [гавҳари] ошомидаи мураккаб, аз он ҷиҳат ки гавҳари

ошомидаи мураккаб аст, нест, балки ин ранги яке аз ду унсури он аст, ки ба миқдор ғолибу ба қувват мағлуб буда, аз миёни ҳар ду ба ҳис андароянда бувад.
Ҳолро андар чизи сафеди омезишаш табиие ҳамин гуна бояд тасаввур кард, ки чун мурчи сафед андар ғояти гармӣ буда, вале мо аз он чашмдори сардӣ будем. Чунонки ин ба тариқи синоъӣ омезиш меёбад, ҳамчунин гоҳе ба тариқи табиӣ [низ] омезиш хоҳад ёфт. Пас, ҳол бад-ин гуна бувад, вале андар миёни ин кайфиятҳои ҳисшаванда кайфиятҳое ҳастанд, ки кайфиятҳои бо онҳо омехтаи зидд андар онҳо таъсири маълуме бирасонанд. Кайфиятҳои ин [чизҳо] то даме, ки дурусти ҳисшавандаанд, зиддҳои онҳо ҳис карда намешаванд ва онҳо андар қувваҳо ғолибанд.
Ин чизест, ки андар таъмҳо на аз барои воҷиб будан, балки аз барои ҳукми бештарӣ доштан бувад. Баъди таъмҳо андар бӯйҳо ва баъд аз ҳардуи онҳо андар рангҳо ҳол чунин аст, вале андар рангҳо ин ҳукм чун ғайри боварибахш ба назар мерасад.
Яке аз сабабҳое, ки таъмҳо андар ин бобат аз бӯйҳо бо он фарқ доранд, расидани онҳо ба ҳисс аз тариқи бархурданҳост ва ин ба қувват бартарин чизест, ки аз тамоми бахшҳои дору бирасад. Бӯйҳо ва рангҳо бидуни бархурдани ҷузвҳояшон таъсир мерасонанд. Пас, равост, ки аз ҷузвҳои дорои бӯй бухори бахши латифи ҷузвҳои он ба ҳисс омада бирасад ва бухори бахши касифи ҷузвҳои он рӯй гардонда, ба боло барнаёяд. Равост, ки ба ҳис ранги рӯи ғолиб, на [рӯи] мағлуби пинҳон, бирасад.
Азбаски бӯйҳо гоҳе бар таъмҳо далолат кунанд, чунонки бӯйҳои ширин, туруш, тез ва талх чунинанд, бӯйҳо сипаси таъмҳо буванд. Беш аз ҳама таъмҳо гувоҳии дуруст бидиҳанд ва сипас бӯйҳо ва баъд аз он рангҳо [биистанд]. Сипас, агар андар таъмҳо низ ин таркиби ёдшуда намеафтид, афюн ба изофаи сардии беандозаи хеш талх намебуд. Ин ғалате, ки андар таъмҳо меафтад, андар ҷониби сардӣ беш аз он меафтад, ки андар ҷониби гармӣ биафтад. Яъне ман гуфтаниям, ки доруро таъме бувад, ки гувоҳӣ ба гармӣ диҳад, дар сурате, ки он сард бошад. Ин [ҳолат] бештар аз он ҳоле бувад, ки доруро таъме бошад ва он бар сардӣ гувоҳӣ диҳад, дар сурате, ки он гарм аст, чунки гарм андар бештари ҳолатҳо ба таъсир қавитар ва ба феълҳо зоҳиртару гузаротар бувад. Агар андар мизоҷи табиии чизи сард чизи гарме омехта мебуд, ки қувваташ ба андозаи шикастани сардии чизи муқобил будааш бирасад, он гоҳ мебоист таъмаш ба ҷое бошад, ки таъми онро бишканад, зеро чизи гарм андар ҷамии ҳолатҳо гузаротар, расотар, ғолибтар ва барои ҳомили таъмҳову бӯйҳо будан авлотар аст. Бад-ин сабаб чунон аст, ки ту чизи туруш ва ё тундеро намеёбӣ, ки андар ҳисс бидуни мизоҷ бошад ва он ба бештари мизоҷи худ гарм бувад. Чунонки чизи тез ва чизи сӯзонро ба ҳоле хоҳӣ ёфт,5 ки андар бештари мизоҷи худ сарданд, вале ин низ бештарист ва андар бештарият бештар аз дигарӣ буда, воҷиб нест.
Чун ин қонунро донистӣ, акнун бояд он чизеро бароят нақл кунем, ки пизишкон андар баёни таъмҳо, бӯйҳо ва рангҳо гуфтаанд. Эшон таъмҳои содаро иборат аз нуҳ таъм донистаанд, ҳарчанд ба ночор ҳашт таъм ва як бетаъмӣ ҷой дошта, ин бетаъмӣ чун [бетаъмии] об бе мазаи пок аз таъм буда, аз он албатта ягон таъме дарёфта намешавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ