Қонуни тиб

Ба таҳқиқ эшон «таъм» гуфта, ҳар як чизеро гӯянд, ки бо чашидан бар он (ё) ба ҳоли билфеъл будан ҳукм карда шавад ва ё ба ҳоле ҳукм карда шавад, ки он билқувва буда, ҳанӯз мунфаил нашудааст. Он чизест бе таъм ва ба ду руй: ё ба ҳақиқат бемазаи бетаъм; ва ё ба назди ҳис бемазаи бетаъм. Бемазаи ҳақиқӣ он чизе бошад, ки ба ҳақиқат онро таъм нест ва бемазаи ба наздики ҳисс [бемаза] он чизе бошад, ки андар хеш таъм дорад, вале ба иллати сахт (229) зич буданаш чизе аз он ҳал намешавад, то бо забон биомезад ва [ҳис] онро дарёбад. Сипас, чун бо ҳила ҷузвҳои онро ҳал карда, онро тунук бисозанд, таъми он эҳсос карда шавад. Масалан, мис ва оҳан ҳамин гуна буванд. Забон аз ин ду ягон таъме дарнамеёбад, аз баҳри он ки аз ҷирми ин ду чизе ҳал намешавад, то ба тарии бар рӯи забон пароканда, ки он андар ҳисси чашоӣ миёнҷист, биомезад. Агар онҳо ба ҷузвҳои хурд гардонида шаванд, [забонро] таъми қавие падид хоҳад омад. Ба ҳамин монанд чизҳои бисёрест.
Таъмҳои ҳаштгонае, ки [пизишкон] онҳоро ёд кунанд [ва] онҳо ба ҳақиқат таъмҳоянд, баъд аз [таъми] бемаза инҳоянд: ширинӣ, талхӣ, тезӣ, шӯрӣ, турушӣ, тундӣ, гирандагӣ ва равғанӣ. [Пизишкон] гӯянд, ки гавҳари дорои таъм ё гавҳари касифи хокӣ, ё гавҳари латиф ва ё ин ки муътадил бувад. Қуввати он ё гарм, ё сард ва ё миёна аст. Агар гавҳари касифи хокӣ гарм бошад, талх, агар сард бошад, тунд ва агар муътадил бошад, ширин хоҳад буд.
Гавҳари тунук агар гарм бошад, тез, агар сард бошад, туруш ва агар муътадил бошад, равғанӣ хоҳад буд. Гавҳари андар ситабрию латифӣ миёна агар гарм бошад, шӯр ва агар сард бошад, гиранда хоҳад буд ва агар муътадил бошад, гоҳе онро бемаза гӯянд ва андар баёни бемаза гуфторе дар пеш аст. Аз ҳама гармтар гавҳари тез аст, сипас талх ва баъд аз он шӯр биистад, чаро ки тез бар ҳал кардан, буридан ва зудоиш беш аз талх тавоност.
Сипас шӯр биистад [ва он] гӯё талхиест, ки ба тавассути тарии сард шикаста шудааст, ки бад-ин он чи аз тариқи таквинёбии [шӯрӣ] ёд кардем, гувоҳӣ диҳад. Бинобар ин, агар чизи шӯр бо ёрии офтоб, ё оташ ва ё бо ёрии ҷудо кардани бахши обии шиканандаи қувваи гармӣ гарм карда шавад, талх хоҳад шуд. Ҳамчунин бура ва намаки талх беш аз намаки хӯрданӣ гарманд.
Сардтари ҳама тунд, сипас гиранда ва баъд аз он туруш бувад. Бинобар он меваҳое, ки ширин мешаванд, нахуст андар онҳо тундии сахт сардифизой ҷой дорад ва сипас чун бахшҳои бодию обӣ андар онҳо давида, бо ёрии бахши бодӣ ва гармибахшии офтоби пазанда андаке муътадил бигардад, ба турушӣ бигароянд. Масалан, ғӯраи ангур чунин бувад. Андар ин миён онҳо ба андаке гирандагӣ гароида, тунд нестанд. Сипас чун гармии пазонанда андар онҳо кора кунад, ба ширинӣ оянд. Бисёр бошад ки онҳо аз ғайри туруш шудан аз тундӣ [якбора] ба ширинӣ бигзаранд. Масалан, зайтун чунин бошад. Лекин туруш ҳарчанд камтар аз тунд сард аст, вале ба иллати латифӣ ва гузароии хеш андар бештари ҳол беш аз [тунд] сардӣ оварад. Тунд ва гиранда андар таъм ба ҳам наздиканд, лекин гиранда рӯи забонро қабз кунад, вале тунд ҳам рӯй ва ҳам андаруни онро қабз карда, дуруштӣ
оварад. Яке аз чизҳое, ки гирандаро барои дурушт гардонидани рӯи забон ёри диҳад, ин аст, ки он ба иллати зичии хеш зуд ба ҷузвҳои хурд тақсим намегардад ва на низ [бахшҳои он] зуд ба якдигар бичаспанд. Аз баҳри ин ду хусусият ҷойгоҳҳои он андар забон ба таври ҳисшаванда аз ҳам ҷудо бигарданд. Қабзкунандагии он андар бахшҳои забон ба таври гуногун буда, ниҳоди онҳо гуногун бигардад ва [оқибат] забон дурушт шавад. Барои ин кор гуногун будани масом ва фароҳамоии бахшҳои чизи тунд ёрӣ бирасонанд. Чизи тунд беш аз ҳама латифтар, дарояндатар ва фурӯравандатар бувад.
Тез ва талх то андозае забонро бибаранд, лекин талх рӯи забонро бибарад, вале бурдану пора кардани тез рӯ ба умқ дорад, чаро ки он латифгавҳар буда, ба жарфо фурӯраванда бувад. Аммо талх гаронгавҳар буда, хушк аст.
Бад-ин сабаб холиси он на чунин гандиданеро бипазирад, ки аз он андар [гавҳари талх] ҷонвар зода шавад ва холиси он ягон ҷонвареро ғизо нахоҳад шуд. Хушкии талхро чизе бошад, ки ба изофаи дуруштӣ овардан [забонро] бибарад.
Яке аз он чизҳое, ки гармии [чизи] тезро беш аз гармии [чизи] талх қавӣ бигардонад, гузарандагии он аст, ки саранҷом сахт пора кунад, сахт ҳал карда, бихӯрад, бигандонад ва ба ҷое бирасонад, ки ҳалок кунад.
Ширин ва равғанӣ ҳар ду забонро ҳамвор намуда, нарм созанд [ва] чизеро, ки сардӣ боиси бастагии он гардидааст, аз ғайри таҳлил овардан равон кунанд ва дуруштии [забонро] бибаранд. Лекин равғанӣ ин корро аз ғайри ба таври намоён гарм намудан бикунад ва ширин бо гарм кардан. Бад-ин сабаб ширин [хилтро] бештар бипазонад.
Пизишкон гуфтаанд: «Ширин барои он форам аст, ки [хилти] ситабрро ба таври дуруст бизудояд, онро равон сохта нарм кунад ва газанди бастагии онро аз ғайри буридан, пора кардани пайвастагӣ ва дучороии сахт бартараф намояд. Вай гармии сӯзон ба амал намеоварад, балки чун форамии оби ба таври муътадил гарме форам бошад, ки бар [андоми] сарморасида бирезанд». Гуфтаи доварона (230) андар ин бора аз миёни пизишкон касерост, ки ба бартарин дараҷа бувад.
Воҷиб нест ҳар чи ки ширинтар аст, гизодиҳандатар бошад ва на ҳар чи ки бештар форам аст, ғизодиҳандатар аст, чунки ҳарчанд ба наздики пизишкон андар ҳар чизи ғизодиҳанда аз будани як миқдор ширинӣ чора нест, вале ғизо ба изофаи ширинӣ ба шартҳои дигаре ниёзманд аст.
Баъд, равғанӣ муносиби ширинист, лекин [чизи] касифе, ки бо таъсири гармии муносиб ба он ду бармегардад, агар бештари тунукшавии он бахши обӣ ва андаке бахши ҳавоӣ бошад, ба сӯи ширинӣ бигардад ва агар бунёди тунукшавии он бар бахши обии хуше бошад, ки бо он бахши бодии зиёд биомезад ва дахолати ин андар бахши обӣ сахт бошад, андар ин ҳол ин [чизи касиф] ба сӯи [таъми] равғанӣ бигардад.
Талх ва шӯр забонро то андозае бибаранд, лекин шӯр андаке бибарад, бишӯяд ва дуруштӣ наоварад. Бад-ин кор онро [чунин хусусият] ёрӣ диҳад, ки [чизи] шӯр ба иллати тунукии хеш ба ҳамаи бахшҳои андом баробар бирасад. Вале он даҳони меъдаро озор бидиҳад. Талх [забонро] ба андозае сахт бибарад, ки дуруштӣ оварад ва андар ин кор, чунонки гуфтем, онро нобаробар расидан ба ҷойҳои [гуногуни забон] ёрӣ диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё