Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе муҳиммати ӯро варзиш, молиш ва гармоба кифоят кунанд. Баъд агар танаш пур бишавад, бештари ин гуна пурӣ аз беҳтарини хилтҳо, яъне (195) аз хун бувад. Бинобар ин, андар пок сохтани тан ӯро раг задан мавриди эҳтиёҷ аст, на исҳол. Агар зарурат раг задан ва бо харбақ ва бо доруҳои қавӣ истифроғ карданро воҷиб гардонад, бояд нахуст раг бизанад. Ин аз андарзҳои Буқрот аст, ки андар китоби «Эпидемиё» омадааст ва ҳақ ба ҷониби ӯст. Агар хилтҳои балғамӣ бо хун омехта бошанд, низ чунин [бояд кард]. Лекин агар хилтҳо часпаки сард бошанд, бисёр бошад, ки аз раг задан ситабртар ва часпактар бигарданд. Пас, [андар ин ҳол] воҷиб он аст, ки нахуст исҳол оварда шавад.
Умуман, агар хилтҳо баробар бошанд, раг заданро муқаддам доранд ва агар баъди он ягон хилте фузунӣ гирад, нахуст фузуниро бо истифроғи хоси он истифроғ бояд кард, то баробар шавад ва сипас раг бизананд. Касе, ки доруро пеш аз раг задан хӯрдааст, вале мебоист пеш аз он раг бизанад, бояд [125] рагзаниро якчанд рӯз ба таъхир андозад.
Агар касе ба наздикӣ раг зада бошад ва ба истифроғ эҳтиёҷ пайдо кунад, ӯро ошомидани дору беҳтар бувад. Бисёр вақт ошомидани доруи зарурӣ, ки баъди он раг зада бошанд, боиси падид омадани таб ва ошуфтагӣ бигардад. Агар бо доруҳои таскиндиҳанда ором нагардид, пас, бидон, ки пеш аз [истеъмоли дору] раг задан воҷиб будааст.
На ҳар як истифроғ ба сабаби пурӣ мавриди эҳтиёҷ аст, балки гоҳе бузургии иллат ва пурие боиси он бигардад, ки ба ҳасби кайфият бувад, на камият.
Бисёр бошад, ки ҳусни тадбир аз раг задане бениёз бигардонад, ки андар вақти хеш воҷиб аст.
Бисёр вақт зарурат тақозои истифроғ кунад, вале монеае аз он боз дорад, андар ин ҳол ба ҷуз рӯза доштан, хоб рафтан ва чораи бадмизоҷиеро дидан, ки ба муҷиби пурист, дигар роҳ нест.
Бархе аз истифроғ ба тариқи пешгирӣ бошад, масалан, агар касе ба истифроғ эҳтиёҷ дошта бошад, ки ниқрис, ё саръ ва ё дигар [бемориҳои] одатидошта андар вақтҳои муайян, хусусан андар баҳор падид меомада бошанд, ин эҳтиёҷи ӯ барои пеш аз вақт пешгирӣ кардан буда, он шахс истифроғе кунад, ки хоҳ раг задан бошад, хоҳ исҳол хоси беморияш бувад.
Гоҳо ба кор бурдани доруҳои хушкифизо аз берун ва доруҳои ҷабанда ҳамчун истифроғ бувад, чунонки ба худовандони истисқо ҳамин тавр кунанд.
Гоҳе ҳолат туро водор ба истеъмоли доруе намояд, ки аз ҷиҳати кайфият ҳамҷинси хилти фориғшаванда бошад, чунонки сақмуниё ҳангоми эҳтиёҷ пайдо карданат ба истифроғи сафро чунин бошад. Андар ин ҳол бояд бо он чизе омехта карда шавад, ки мисли ҳалила аз ҷиҳати кайфият мухолифи он буда, вале андар исҳол овардан мувофиқ бошад ва онро аз исҳол овардан боз надорад ва бояд бадмизоҷиеро чорабинӣ намуд, ки бар асари он мумкин аст падид ояд.
Исҳол ва қай овардан андар худовандони омосҳои дарунӣ душвор аст. Агар ба ин кор ноилоҷ бошӣ, барои эшон печак, хасакдона, оби баспоя, хиёршанбар ва монанди онҳоро ба кор бибар. Буқрот гуфтааст: ҳар кӣ лоғар бошад [ва]

табиаташ ба осонӣ қай оварад, андар пок сохтани [тани] вай ба кор бурдани қай беҳтар аст ва бояд он андар тобистон ё баҳор ва ё хазон бошад, на андар зимистон. Касе, ки симои муътадил дошта бошад, ӯро исҳол беҳтар аст. Вале агар ягон сабабе аз вай бо қай истифроғ кардан тақозо кунад, бояд то расидани тобистон интизор шуд ва бояд ӯро аз ғайри ҳангоми ҳоҷат аз ин [кор] нигоҳ дошт.
Бояд пеш аз исҳол ва қай овардан хилтеро, ки истифроғ кардан бихоҳанд, тунук намуд ва гузаргоҳҳоро фарох ва кушода сохт, чаро ки ин кор танро аз ранҷ эмин бидорад.
Бидон, ки табиатро хӯи нармӣ ва чунин одат додан, ки пеш аз истеъмоли доруҳои қавӣ ба осонӣ исҳол ва ё қаи хосташавандаро пазиро бошад, ин яке аз тадбирҳои наҷотдиҳанда бувад. Исҳол ва қай овардан барои худовандони мароқҳои лоғар душвор, ранҷовар ва хатарнок аст.
Гоҳе доруи қайовар [андар ҳолатҳои зерин] ба шикаморанда табдил ёбад: агар меъда қавӣ бошад; ё андар гуруснагии сахт ошомида шавад; ё ошомандаро табиат ба навъе нарм бошад; ё одати қай надошта бошад ва ё агар дору гаронгавҳар ва зуд фурӯраванда бошад. Доруи исҳоловаранда ба сабаби нотавонии меъда ё шиддати хушкии бироз, ё ба сабаби нохуш будани дору ва ба нопухтани ғизо гирифтор будани ошомандаи он [низ] қайоваранда бигардад.
Ҳар доруи исҳоле, ки агар исҳол наоварад ва ё чизи нопухтаро берун оварад, пас, вай он хилтеро, ки боистӣ бо исҳол берун орад, аз ҷой ҷунбонда, андар тан пароканда кунад. Ин [хилт] бар тан фармонраво шуда, хилтҳои дигар бар вай табдил биёбанд ва бар асари ин он хилт андар тан бисёр гардад.
Баъзе хилтҳо андар бештари ҳол қайро зудтар пазирад, чунонки сафро [ҳамин тавр аст], бархе аз қай рӯй бигардонад, чунонки савдо чунин бошад ва бархе ҳам бад-ин ва ҳам бад-он ҳол бошад, чунонки балғам ҳамин тавр бувад.
Каси ба таб гирифторро исҳол хубтар аз қай аст. Касонеро, ки хилташон (196) фурудоянда аст, мисли худовандони лағзиши рӯдаҳо қай овардани эшон муҳол бошад.
Бадтарини доруҳои исҳоловар он бошад, ки аз доруҳои замони исҳолашон ниҳоят гуногун таркиб ёфта бошад. Андар ин ҳол исҳол ошуфта буда, яке пеш аз дигарӣ исҳол хоҳад овард ва гоҳе мумкин аст, ки якумӣ дуввумиро ба исҳол берун созад.
Ҳар касе, ки ба исҳол ва қай гирифтор ояд ва баданаш пок бошад, ӯро ночор гижа, печиши ноф ва тоса падид оянд ва чизи ба истифроғ беруноянда ниҳоят ба душворӣ истифроғ шавад. Умуман дору то вақте ки фазлаҳоро фориғ мекунад, ошуфтагӣ онро ҳамроҳӣ накунад, ҳамин ки ба ошуфтан оғоз намояд, ғайри фазларо берун орад.
Ҳар гоҳ хилти бо ёрии қай ва ё исҳол истифроғшаванда ба хилти дигаре бигардад, ин далели он бошад, ки тан аз хилти истифроғаш мурод пок шудааст. Ҳар гоҳ вай ба тароша ва чизи сиёҳи бадбӯе бигардад, ин бад хоҳад буд.
Агар пас аз исҳол ва қай хоби сахт бибарад, далели он бошад, ки истифроғ танро хуб пок кардааст ва суд овардааст.
Бидон, ки агар ҳангоми исҳол ва қай ташнагӣ зиёд шавад, нишони он бошад, ки [истифроғ] ба дараҷаи баланд ва ба ғояти худ расидааст ва [тан] хуб пок гаштааст.
Бидон, ки доруи шикаморанда он чизро, ки ба исҳол орад, бо қувваи ҷозибае ба исҳол оварад, ки худи он хилт ро бикашад.

пешина
аз 1215
навбатӣ