Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Баъд аз ҳамаи ин ту метавонӣ пеш аз пухтан исҳол оварӣ.
Панҷум муайян кардани микдори он чизест, ки истифроғ карда шавад. Ин аз тариқи нигаристан ба камияти модда, [124] аз тариқи нигаристан ба қувват ва аз тариқи нигаристан ба аразҳое муяссар хоҳад шуд, ки баъд аз истифроғ боқӣ бимонанд. Агар аз ин ҷумла аразе бошад, ки аз паси он ягон истифроғ ҷой дошта бошад, мо аз истифроғи он чи ки истифроғ карданаш мехоҳем, ба миқдоре бикоҳем, ки он арази аз паси худ истифроғдошта онро пурра кунад, чунонки ҳангоми ташаннуҷи аз пурӣ ба амаломада чунин кунанд.
Бидон, ки истифроғ ва баркандани модда аз ҷои хеш бар ду рӯй бувад: яке аз роҳи кашидан ба сӯи муқобил ва дур ва дигар аз роҳи кашидан ба сӯи муқобил, вале наздик.
Беҳтарин ҳангоми [истифроғ] он аст, ки андар бадан пурӣ набошад ва аз моддаҳо таваҷҷуҳе ба амал наояд. Фарз кардем мардеро аз бахши болои даҳон хуни зиёд меояд ва ё занеро ҷорӣ шудани [хуни] бавосир ба ифрот аст, мо онро ё бо майл додани он ба сӯи муқобил ва наздик истифроғ намоем ва дар ин ҳол воҷиб аст, ки майл додани модда андар аввалӣ аз тариқи хуни бинӣ овардан ба сӯи бинӣ бошад ва андар дуввумӣ аз тариқи ҳайз овардан ба сӯи заҳдон. Агар мо бихоҳем, ки [моддаро] ба сӯи муқобил, вале дур бикашем, андар аввалӣ хунро аз рагҳо ва ҷойҳое истифроғ кунем, ки андар бахши фурӯсӯвини тан воқеанд ва андар дуввумӣ аз рагҳо ва мавзеъҳое истифроғ намоем, ки андар бахши барсӯвини тан ҷой доранд.
[Тарафҳои] муқобили дур на бо ду қутр, балки бояд бо як қутре аз ҳам дур бошанд, ки он қутри дуртарин бошад.
Бинобар ин, агар модда андар бахши барсӯвин аз тарафи рост бошад, набояд аз фурӯсӯ аз тарафи чап кашида шавад, балки ё аз фурӯсӯ ва аз худи тарафи рост онро бикашанд, ки ин бештар зарур аст ва ё ба сӯи чап аз барсӯ ба шарте бикашанд, ки агар аз ин ҷо ба андозаи дурии миёни ду китф дур бошад ва ҳолаш чун ҳолати ду бари сар набошад. Чунки агар модда андар бари рости сар бошад, ба сӯи фурӯсӯ майл дода хоҳад шуд, на ба бари чапи сар.
Ҳар гоҳ бихоҳӣ, ки моддаро (194) ба масофаи дур бикашӣ, нахуст дарди маҳалро ором кун, то музоҳамати аз кашидан падидоянда кам шавад, зеро дард [худ] кашанда аст. Агар [хилт] ба сӯе, ки кашида мешавад, наравад, сахтгирӣ накун, чунки бисёр вақт сахтгирӣ вайро ба ҷунбиш оварда, тунук бинамояд ва он кашида нашуда, зуд ба сӯи маҳалли дарднок шитобад.
Гоҳе аз ғайри истифроғ кашидани он туро кифоят бошад, зеро худи кашиш онро берун наорад, вале аз таваҷҷуҳ намудан ба сӯи андом боз хоҳад дошт. Пас, бо як худи кашидан, агарчи ҳамроҳи истифроғ набошад ҳам, ба ғараз ноил шудан мумкин аст, балки метавонӣ бо бастани андомҳои муқобил ё бо гузоштани миҳҷамаҳо ва ё бо доруҳои сурхкунанда ва умуман бо он чи ки дардовар аст, кифоят кунӣ.
Аз ҳамаи моддаҳо истифроғаш осонтар онест, ки андар рагҳост, сипас оне, ки андар андомҳо ва пайвандгоҳҳост, вале гоҳе берун овардан ва истифроғи он душвор аст ва ночор ҳангоми истифроғ ҳамроҳи вай дигар [моддаҳо] берун оянд. Каси истифроғкарда бояд ба хӯрдани ғизои бисёр ва нимхом нашитобад, чаро ки табиат онро ногуворида хоҳад кашид. Агар чизе аз он хӯрдан воҷиб бошад, бояд кам-кам ва пай дар пай бихӯрад, то ба тадриҷ бошад ва он чи ки андаруни тан ояд, хуб гуворида бошад.
Раг задан истифроғест, ки хилтҳои ба нисбати баробар зиёдро хос аст. Аммо истифроғе, ки ба хилти танҳо худ аз ҷиҳати камият зиёд ва ё андар кайфият табаҳ хос аст, ғайри раг задан бувад.
Ҳар истифроғе, ки ба ифрот бошад, аксар вақт боиси падид омадани таб хоҳад шуд. Касеро, ки аз қатъ шудани исҳоли одатӣ иллате падид ояд, агар он исҳол такрор гардад, аксар вақт шифо ёбад. Масалан, агар касеро омадани чирки гӯш ва ё хилми бинӣ қатъ гардад ва он боиси судда бишавад, дубора фуруд омадани онҳо ин [суддаро] бибарад.
Бидон, ки бадии боқӣ мондани бақияи моддае, ки эҳтиёҷ ба истифроғ дорад, камтар аз он аст, ки пок истифроғ карда шавад ва ин то нотавонии қувват бирасад. Аксар вақт ин бақияро табиат ба таҳлил харҷ кунад.
Модом ки хилт аз ҷинсест, ки бояд [истифроғ] бишавад ва бемор тоби онро дошта бошад, аз ба ифрот истифроғ кардан натарс ва агар лозим ояд, то беҳуш шудани [бемор] истифроғро давом бидеҳ.
Ҳар гоҳ ягон касро қувват ғайри қавӣ ва андар вай моддаи хилтҳои бад зиёд бошад, онро кам-кам истифроғ кун.
Ҳамчунин, агар модда сахт часпак ва бо хун сахт омехта бошад, онро якбора истифроғ кардан мумкин нест, чунонки андар қавин, дарди деррави пайвандгоҳҳо, саратон, гари деррав ва думмалҳои деррав ҳамин тавр бувад.
Бидон, ки исҳол аз барсӯ бикашад ва аз фурӯсӯ биканад.
Ин бо ду кашиш мувофиқ аст – яке [кашиши] мувофиқ ва дигарӣ [кашиши] мухолиф ва баъд аз қарор ёфтани моддаҳо низ мувофиқ бошад. Агар моддаҳо аз зер бошанд, кашиши онҳо ба сӯи мухолиф бошад ва канданашон низ аз ҷое бошад, ки андар он ҷоянд. Қай кашиш ва канданро баръакс созад. Ҳоли раг задан бошад, ба ҳасби мавзеъҳое гуногун бошад, ки чунонки медонӣ, аз он ҷойҳо хун гирифта шавад.
Камтарин касе, ки ҳоҷат ба истифроғ дорад, касест, ки хушғизо ва хушгувориш бувад.
Худовандони шаҳрҳои гарм ба истифроғ кам ниёзманданд.
Фасли чаҳорум андар қонунҳое, ки миёни қай ва исҳол муштараканд ва ишора ба чигунагии кашиши доруи шикаморанда ва доруи қай

Касе, ки исҳол овардан ва ё қай кардан бихоҳад, бояд таоми худро чанд бахш кунад ва чанд бор ба андозае таом бихӯрад, ки барои як рӯз кифоят бошад. Бояд таому [шароби] худро аз таомҳои гуногун ва ошомиданиҳои мухталиф тартиб диҳад, зеро андар мисли ин ҳолат меъдаро чунин рӯй диҳад, ки муштоқи ба боло ва ё ба поин андохтани чизи доштааш хоҳад шуд.
Агар таом гуногун ва бар болои дигар таом воридшуда набошад ва хусусан агар миқдораш кам бошад, меъда ба он часпида, вайро ба худ бигирад ва андар худ сахт бидорад. Аммо касеро, ки табиат нарм бошад, ҳоҷати мисли ин корҳо кардан нест.
Бидон, ки каси хубтадбирро ба қай, исҳол ва монанди он ҳоҷат набошад, [балки] вай эҳтиёҷ ба чизе дорад, ки аз ин ҳар ду сабуктар бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ