Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ инҳо бар хилофи ҷиҳати далолате бошанд, ки тақозои истифроғ дорад, аз истифроғ боз доранд: 1) хало ночор аз истифроғ боз дорад; 2) нотавонии яке аз се қувва кадомаш, ки набошад, низ чунин аст, вале мо гоҳе нотавонии ягон қувваро бар зиёне муқаддам гузорем, ки аз тарки истифроғ падид ояд ва ин ба қувваи ҳиссӣ ва қувваи ҳаракат дахл дорад, зеро мо умедворем он хатареро, ки аз ин [кор] ба амал ояд, пешгирӣ кардан битавонем. Ин [ҳол] андар ҳамаи қувваҳо чунин бошад; 3) мизоҷи гарми хушк боздорандаи истифроғ аст ва [мизоҷи] сарди тари бе гармӣ ва ё андак гарм низ аз он боз дорад. Аммо [мизоҷи] гарми тар истифроғро ба таври васеъ раво дорад; 4) намуди зоҳирӣ агар беҳад лоғар ва ковок бошад, истифроғро боз дорад, чаро ки бими ба таҳлил харҷ шудани қувват аст.
Бинобар ин, туро воҷиб аст, ки барои тадбири каси нотавони лоғар, ки андар хун зардаи зиёд дорад, дору бидиҳӣ, истифроғ накунӣ ва ӯро ғизоҳое бидиҳӣ, ки хуни хуби моил ба сардӣ ва тарӣ бизоянд, зеро ба ин тариқ бошад, ки мизоҷи хилти вай дуруст бигардад ва [ё] бошад, ки [бемор] қувват гирад ва ба истифроғот тоб овардан тавонад, ҳамчунин бояд ба истифроғи касе, ки одати камхӯрӣ дорад, агар роҳи аз баҳри истифроғ гузаштан ёбӣ, иқдом накунӣ.
Шахси беандоза фарбеҳро низ аз истифроғ манъ кунанд, чаро ки бими фаро гирифтани сармо ва бими он аст, ки гӯшт рагҳоро ҳамин ки тиҳӣ дарёфт, фишурда, пахш бикунад ва саранҷом гармиро дигар кунад ва ё фазлаҳоро фишурда, ба сӯи андомҳои дарунӣ биронад; 5) аразҳои бад, мисли пазирои захм задану ташаннуҷ будан низ аз истифроғ боз дорад; 6) синне, ки то ба рӯзгори пурраи болиш нарасидааст ва ё аз он гузашта, ба ҳадди фартутӣ расида бошад, боздорандаи истифроғ аст; 7) ҳангоми гармо ва сармои сахт [низ] истифроғ мумкин нест; 8) шаҳри ҷанубии ниҳоят гарм аз қабили чизҳоест, ки аз истифроғ маҳрум созад. Чунки бештари доруҳои исҳол гарм буда, ҷамъ омадани ду чизи сахт гарм тоқатфарсост, аз баҳри он ки қувваҳо андар ин ҳолат нотавон ва суст хоҳанд шуд ва низ аз баҳри он ки гармии беруна моддаро ба берун ва дору онро ба андарун кашида, саранҷом кашидашавие ба амал ояд, ки боиси андар як ҷой истодани [модда] бигардад. [Шаҳри] шимолии ниҳоят сард [низ] истифроғро боз дорад; 9) кам будани одати истифроғ кардан [низ] монеъи истифроғ аст; 10) пешае, ки андар он бисёр истифроғ рӯй диҳад, чун хидмати гармоба, ҳаммолӣ кардан ва умуман ҳар пешае, ки вазнин аст, монеъи истифроғ бувад.
Бояд бидонӣ, ки ғараз андар ҳар истифроғе ба амал овардани яке аз панҷ чиз аст:
Якум истифроғ намудани он чизе, ки бояд истифроғ бишавад. Аз паси ин гуна [истифроғ] ночор як осудагие ҳосил гардад, вале баъди он мондагии зарфҳо ё шӯридани гармӣ, ё таби якрӯза ва ё бемории дигаре, ки лозими он аст, аз қабили (193) аз исҳол хуншор шудани рӯдаҳо ва аз пешоб овардан реш шудани обгаҳ ба амал хоҳад омад. Баъд, агар [истифроғ] фоида бахшида бошад, ин фоида ҳис карда нашавад, балки ин дарҳол ба ҷое расад, ки оризаро бибарад.

Дуввум бояд ҷиҳати майли онро таҳаммул кард. Масалан, агар маниши гаштан дошта бошад, бо қай ва агар печиши ноф бошад, бо исҳол пок созанд.
Севвум андомеро [бояд ихтиёр намуд], ки баромадаш аз ҷиҳати майли [истифроғ] бошад. Масалан, барои иллатҳои ҷигар босалиқи дасти ростро [ихтиёр кунанд], на [раги] қифоли дасти ростро. Чаро ки андар ин ҳол хатое равад, мумкин аст боиси ба амал омадани хатаре гардад. Бояд андоме, ки ба воситаи он истифроғ карда шавад, фурӯмоятар аз андоме бошад, ки аз он [моддаи] истифроғ берун ояд, то ки модда рӯ ба сӯи андоми гиромитар надошта бошад.
Бояд андоме, ки аз тариқи он истифроғ кунанд, чун андомҳои пешоб барои кӯжии ҷигар ва чун рӯдаҳо барои фурӯрафтагии он [роҳи] табиӣ бошад.
Гоҳе андоме, ки аз тариқи он истифроғ бикунанд, айни андоме бошад, ки аз он истифроғ бояд кунанд, лекин агар вай ба иллат ва ё беморие гирифтор буда, гузаштани хилтҳо аз он хавфнок бошад, андар ин ҳол лозим аст истифроғро ба сӯи ғайри он, яъне ба сӯи [андоми] мувофиқтаре равона кунанд.
Гоҳе бими он бошад, ки аз ғалабаи хилтҳо андар ин [андом] беморӣ падид ояд, чунончи, он чизе, ки аз чашм ба сӯи гулӯ ронда шавад, бисёр вақт бими ба амал омадани хуноқро дорад. Бинобар он, андар мисли ин ҳолат бояд ба оҳистагӣ рафтор кард. Гоҳе табиат худ ҳамин гуна коре кунад ва барои муҳофизати он андом ҳангоме, ки нотавон бошад, [хилтро] аз роҳи ғайри одатӣ берун орад.
Гоҳе он чиро, ки табиат аз ҷиҳати дури муқобил истифроғ кунад, дорои ишкол аст. Масалан, он чи ки аз сар ба сӯи мақъад ё ба сӯи соқ ва панҷаи пой истифроғ бигардад, ба ҳақиқат маълум нест, ки он аз тамоми мағз ояд ва ё аз як шиками [он].
Чаҳорум [тааммул бояд кард], ки вақти истифроғ аст [ё не]. Ҷолинус қатъӣ гӯяд, ки фақат ҳангоми бемориҳои деррав пухтани [хилтро] бояд интизор шуд. Ту чӣ будани пухтанро медонӣ. Пеш аз истифроғ ва пас аз пухтан ҳангоми ин [бемориҳо] ба [бемор] бояд аз доруҳои латифкунанда, мисли оби зуфо, ҳошоъ ва [дигар] тухмиҳо ошомонида шавад. Аммо ҳангоми бемориҳои тезрав, хусусан агар [модда] ором бошад, низ беҳтар он аст, ки пухтанро интизор бишаванд. Вале агар [модда] андар ҷунбиш бошад, хусусан агар хилтҳо тунук бошанд ва хусусан агар онҳо андар ковокиҳои рагҳо буда, андар андомҳо пароканда набошанд, пас, ба истифроғи модда шитофтан авлотар бувад, аз баҳри он ки зиёни ҷунбиши он беш аз зиёни он аст, ки пеш аз пухтан истифроғ карда шавад. Ҳар гоҳ хилт андар як андом ҷамъ бошад, то агар напазад ва онро қивоми муътадил, ба тавре ки андар ҷояш инро донистӣ, ба амал наояд, ба ҳеҷ ваҷҳ онро набояд ҷунбонид. Ҳамчунин, агар мо ба устувор мондани қувват то ҳангоми пухтан бовар надошта бошем, баъд аз эҳтиёткорона донистани тунукию ситабрии [хилт] онро истифроғ хоҳем кард. Агар [хилт] нимхоми ситабр бошад, туро раво нест, ки онро биҷунбонӣ, магар баъди тунук шудан.
Тунукии онро аз тариқи хоммониҳои пештар рӯйдода, дарди зери сарҳои паҳлуҳо, ки аз кашидагӣ бошад ва падид омадани омосҳо андар андомҳои дарунӣ маълум созанд. Андар мисли ин ҳолат аз ҳама муҳим ин аст, ки бояд ҳоли гузаргоҳҳо риоя шаванд, то банд набошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ