Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли дуввум
андар муолаҷаи бемориҳои бадмизоҷӣ

Аммо андар бахше аз онҳо, ки модда надоранд, мо танҳо бадмизоҷиро дигаргун созем ва агар бо модда буванд, мо [моддаро] истифроғ хоҳем кард. Гоҳе моро як худи истифроғ, агар модда ба сабаби пеш омаданаш бадмизоҷиро [чун оқибат] аз худ ба ҷой намегузошта бошад, кифоят аст ва гоҳе азбаски [модда] бадмизоҷиро ба ҷой гузорад, вай моро кифоят нахоҳад кард, балки баъд аз озод шудан аз истифроғ ба дигаргун сохтани мизоҷ эҳтиёҷ ба миён ояд.
Мо гӯем: муолаҷаи бадмизоҷӣ бар се синф аст, зеро бадмизоҷӣ ё устуворшудааст, ки андар ин ҳол илоҷи он ба таври мутлақ бо чизи зидди [он] бошад ва ин «табобати мутлақ» аст; ё андар ҳадди падид омадан аст ва ислоҳи он аз тариқи табобат ва пешгирӣ кардан аст, то сабаби [он] боздошта шавад; ё падид омадан бихоҳад, ки андар ин ҳол фақат ба пешгирӣ намудани сабаби [он] эҳтиёҷ асту халос ва инро «бо нигоҳдорӣ пешгирӣ кардан» хонанд.
Мисоли табобат бо тарёк муолаҷа намудани гандагии таби чаҳоррӯзӣ ва ҳангоми таби рӯзафкан барои таскин оби сард додан аст. Мисоли табобат ва пешгирӣ кардан ҳангоми таби чаҳоррӯзӣ бо харбақ ва ҳангоми таби рӯзафкан бо сақмуниё истифроғ овардан бувад, зеро мо бо ин кор оғоз ёфтани навбатеро пешгирӣ кардан бихоҳем, ки ба амал омаданист. Мисоли пешгирӣ кардани танҳо ин бо харбақ истифроғ кардани касест, ки ба иллати ғалабаи савдо омодаи пазируфтани таби чаҳоррӯзист ва бо сақмуниё истифроғ кардани касест, ки ба иллати ғалабаи сафро омодаи пазируфтани таби рӯзафкан бувад.
Агар ягон беморие ба ту мушкиломада, надонӣ, ки сабабаш гармист ё сардӣ ва агар онро санҷидан бихоҳӣ, зинҳор санҷишро ба ҳадди ифрот нарасон ва ҳушёр бош то таъсире, ки ба араз аст, туро фирефта нагардонад. Бидон, ки муддати сард кардану гарм намудан ҳар ду баробар аст, вале хатар андар сардифизоӣ бештар бошад, аз баҳри он ки гармӣ дӯсти табиат аст. [Низ бидон], ки хатар андар тарифизоӣ ва хушксозӣ якхела аст, лекин муддати тарифизоӣ дарозтар бошад.
Тарӣ ва хушкӣ ҳар кадом бо тақвият ёфтани сабаби хеш худро нигоҳ дорад ва бо тақвият ёфтани сабаби чизи зиддаш дигар шавад. Гармӣ бо ёрии сабабҳое тақвият ёбад, ки мо аз ёд намудани онҳо фориғ шудем ва [низ] бо ёрии василаҳои бедорсозандаи он, яъне бо афшондани фазлаҳову [чизи] пуршуда ва бо кушодани суддаҳо [тақвият хоҳад ёфт].
Сипас бо чизе, ки онро ҳифз кунад, яъне бо тарии муътадил [тақвият хоҳад ёфт]. Сардӣ бо тақвият ёфтани сабабҳои худ, бо дамгир шудани гармӣ ва бо чизе қавӣ гардад, ки [гармиро] беш аз андоза ҳал кунад ва ин ба зот хушкӣ ва ба араз гармӣ бувад.
Касе, ки бо кушодани судда гармии беандозаро муолаҷа кунад, бояд аз сард кардани ба ифрот эҳтиёт намояд, то сангшавии судда аз он зиёд шуда, бадмизоҷии гармро афзоиш надиҳад. Бояд эҳтиёт намуда, нахуст бо чизе муолаҷа кард, ки зудояд. Агар зудояндаи сардкунанда аз қабили оби ҷав ва оби коснӣ кифоят кунад, айни муддао ва хуб аст, вале агар он басанда набошад, бояд бо чизе [муолаҷа кард], ки муътадил бошад ва агар ин [ҳам] кифоят накунад, пас, бояд бо чизе [муолаҷа кард], ки гармии латифе

дорад. Аз ин боке нест, зеро фоидаи кушодани [судда] ҳангоми сардифизоӣ беш аз зиёни гармифизоии зуд хомӯшшавандаест, ки баъди кушодан ба амал ояд.
Бисёр бошад, ки беандоза хомӯшкунӣ аз пухтани хилтҳои гарм боз дорад, вале баъзе касон ба бекор сохтани ин ақида исрор доранд. Эшон намедонанд, ки хомӯш сохтани қавӣ қувватро, хусусан агар ба сабаби беморӣ нотавон шуда бошад, аз по биафтонад. [Хомӯш кардан] ҳарчанд моддаро то андозае ислоҳ кунад, вале он боиси падид омадани бемориҳои дигаре хоҳад шуд, ки ё аз бадмизоҷии сарди муфрад бошад ва ё [аз мизоҷе], ки ҳамроҳи моддаҳои зидди моддаҳои аз [сардкунӣ] ислоҳшуда бошад.
Гарм сохтани мизоҷи сард, ҳар гоҳ мустаҳкам шуда бошад, душвор ба назар бирасад, вале ҳангоми оғоз ёфтан ниҳоят осон аст. Умуман гарм сохтани [мизоҷи] сард андар оғози кор осонтар аз сард сохтани [мизоҷи] гарм андар оғози он бувад. Лекин сард сохтани [мизоҷи] гарм андар анҷом ҳарчанд душвор аст, вале осонтар аз гарм кардани [мизоҷи] сард андар поёни [кор] бошад, аз баҳри он ки сардии бағоят ин марги ғариза ва ё ба мурдан наздик расидани он бувад.
Бидон, ки сард сохтан гоҳе муқорини хушксозист, гоҳе муқорини тарсозӣ ва гоҳе аз ҳар ду холӣ бошад. Хушксозӣ сардиеро бештар устувор кунад, ки падид омадааст ва тарсозӣ бештар сардии падидояндаро ҷалб кунад. Ҳар гоҳ ҳамаи сабабҳои гармӣ аз ҳад бигзаранд, (192) мумкин аст хушксозиро ёрӣ диҳанд ва ҳар гоҳ ҳамаи сабабҳои сардӣ ба ҳадди ифрот бирасанд, тарсозиро кумак хоҳанд намуд.
Андар [тарсозӣ] ҳеҷ чиз ба дараҷаи осудагӣ, ҳамеша гармобаи сабук кардан ва андар обзан нишастан нарасад ва инро андар зимни [гуфтаҳои] гузашта ёд кардем. Шароби омехта ошомидан андар тарсозӣ чизи қавист.
Бидон, ки пир ҳар гоҳ ба сардсозию тарсозӣ ниёзманд бошад, ӯро ин миқдор сардсозие, ки ба эътидол бибарад, кифоят нест, балки бояд онро ба андозаи мизоҷи сарди тари ӯ, ки вайро воқеъ аст, расонда шавад, зеро ин ҳарчанд аразист, вале барои вай мисли табиӣ бувад.
Бояд донист, ки бисёр вақт ҳангоми дигар сохтани ягон мизоҷе чунин эҳтиёҷ афтад, ки чизи он мизоҷро қависозанда [123] омехта бо чизе [ба кор бурда шавад], ки зидди он аст. Масалан, эҳтиёҷ ба он биафтад, ки ҳамроҳи доруҳои гармкунандаи ягон андом сирко ба кор бурда шавад, то ки қуввати онҳо андар вай фурӯ равад ва [ё] масалан, андар доруҳои сардкунандаи дил эҳтиёҷ ба истеъмоли заъфарон биафтад, то ки вай онҳоро ба он ҷо бирасонад.
Бисёр вақт дору андар дигар кардани мизоҷ сахт таъсир дорад, вале он ба сабаби тунукии худ ба қадре истодан натавонад, ки то кора кунад. Андар ин ҳол вайро бо чизе омехтан зарур аст, ки он чиз ҳарчанд муҷиби зидди феъли вай аст, вале вайро зич намуда, нигоҳ дорад. Масалан, бо равғани баласон, мум ва ғайра ҳамроҳ кунанд, то ки онро бар рӯи андом то муддати анҷом додани кораш нигоҳ дорад.
Фасли севвум андар баёни он ки чӣ гуна ва кай бояд истифроғ намуд

Чизҳое, ки ба дурустии ҳукми истифроғ далолат кунанд,
даҳтоанд: пурӣ; қувват; мизоҷ; аразҳои мувофиқ, масалан, табиатеро, ки исҳол овардан бихоҳанд, бояд инро исҳол ориз нашуда бошад, зеро исҳол овардан бар болои исҳол хатарнок аст; намуди зоҳирӣ; син; фасл; ҳолати ҳавои шаҳр; хӯи истифроғ доштан; ва пеша.

пешина
аз 1215
навбатӣ