Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бад-ин сабаб аз мағз ва ҷигар миқдори барои истифроғ зарурии [моддаро] ба як бор истифроғ накунем ва на [низ] онҳоро, албатта, сахт хунук бисозем. Ҳар гоҳ ҷигарро бо доруҳои ҳалкунанда зимод кардан хоҳем, онҳоро холӣ аз [доруҳои] гирандаи хушбӯ зимод накунем, то ки қувват нигоҳ дошта шавад. Ҳангоми [доруро] барои ошомидан додан аз барои ин [ғараз] низ чунин кунем. Муҳимтарини андомҳо барои ин муроот дил аст, сипас мағз ва баъд аз он ҷигар биистад; 2) тариқаи дуввум мурооти корест, ки барои андом муштарак бувад, ҳарчанд ки вай аз қабили меъда ва шуш буда, [андоми] сарвар нест. Бад-ин сабаб ҳангоми табҳои ҳамроҳ бо нотавонии меъда [ба бемор] оби сахт сард нахоҳем дод. Бидон, ки ба кор бурдани [доруҳои] сирф сусткунанда барои [андомҳои] сарвар ва андомҳое, ки аз паси онҳо оянд, зиндагиро хатари сахте дорад; 3) тариқи севвум мурооти тезӣ ва кундии ҳис аст, зеро андомҳои ҳиссашон тези асабнокро бояд эҳтиёт кард, то андар онҳо доруҳои бадкайфият, сӯзон ва дардовар аз қабили гиёҳҳои ширдор ва ғайра ба кор бурда нашаванд.
Доруҳое, ки (190) аз истеъмоли онҳо сахт боз дорем, се синфанд: доруҳои ҳалкунанда, доруҳои ба қувват сардкунанда ва доруҳое аз қабили зангор, сафедаи арзиз, миси сӯхта ва дигар чизҳои бад-инҳо монанд, ки кайфияти мухолиф доранд.
Ин буд тафсили ба сабаби табиати андом ихтиёр намудани дору.
Аммо андозаи беморӣ бошад, [чунин аст]: беморие, ки масалан, гармии аразияш сахт бошад, бо доруе хомӯш кардани он лозим аст, ки бештар сардкунанда бувад ва беморие, ки сардии аразияш сахт бошад, бо доруе гарм кардани он лозим ояд, ки бештар гармкунанда бувад. Агар он ҳар ду қавӣ набошанд, ба доруи камқувваттар кифоят кунем.
Аммо вақти беморӣ бошад, бояд донист, ки беморӣ андар кадом аз марҳалаҳои худ аст. Масалан, агар омос андар оғоз бошад, бар вай чизе бимолем, ки вайро фақат бигардонад, агар андар анҷом ёфтан бошад, чизе бимолем, ки танҳо ҳал кунад ва агар андар миёни ин ду ҳол бошад, ҳар ду [тадбирро] бо ҳам биомезем. Агар беморӣ гарм ва андар марҳалаи оғоз бошад, тадбири ба қадри муътадил нарм ба кор барем, агар рӯ ба анҷом ёфтан бошад, нарм карданро бисёр бигардонем, агар деррав бошад, андар оғоз на чандон ва ҳангоми поён ёфтан ба таври муътадил нармифизоӣ кунем, зеро бисёре аз бемориҳои деррав, ба ғайр аз табҳо, бо тадбири нармсозанда ба таҳлил бираванд. Низ, агар бемориро бисёрии модда бишӯронад, аз ибтидо мо ба пухтани он интизор нашуда, истифроғ кунем ва агар муътадил бошад, нахуст пазонда, сипас онро истифроғ кунем.
Аммо огоҳӣ пайдо кардан аз чизҳое, ки бо мувофиқати худ далолат кунанд, чунон аст, ки маърифати ин бар ту душвор нест. Аз ҷумлаи онҳо ҳаво аз ҳама беш созгори он аст, ки бояд кори вай риоя карда шавад ва [бояд нигарист], ки он оё барои дору ёрӣ мерасонад ё барои беморӣ.
Мо гӯем: бемориҳое, ки дорои хатаранд ва ҳангоми дер расидани тадбири лозима ва ё сабук будани он аз афтидани қувва амон нест, воҷиб аст, ки андар ин ҳол нахуст аз муолаҷаи қавӣ оғоз намуд ва андар бемориҳое, ки ягон

хатар нест, агар муолаҷаи сабуктар суд набахшад, бояд тадриҷан ба [муолаҷаи] қавитаре гузашт. Ҳушёр бош, то аз ҷодаи савоб ба сабаби дер расидани таъсираш берун наоӣ ва роҳи хаторо ба сабаби номаълум будани зиёнаш пеш нагирӣ. Ба изофаи он воҷиб нест, ки як муолаҷа фақат ба як дору асос ёфта бошад, балки мумкин аст илоҷ як бошаду доруҳо иваз шаванд, зеро [доруи] хӯшуда таъсир надорад. Ҳар як тан, балки ҳар як андом, балки гузашта аз он айни як тан ва айни як андом гоҳе аз як дору мутаассир гардад ва гоҳе не.
Агар [муайян кардани] иллат мушкил бошад, онро ба табиат вогузор ва шитоб накун. Ё табиат иллатро мағлуб созад ва ё иллат худ зоҳир бигардад.
Агар беморӣ бо [122] дард ё бо сабаби дард ва ё бо эҷобкунандаи дард якҷоя бошад, чун захм задан ва ё афтидан, андар ин ҳол нахуст ба ором кардани дард бипардоз.
Агар барои карахт намудан, масалан, ба кӯкнор [эҳтиёҷ] афтад, аз ҳад нагузарон, чаро ки он ба изофаи карахтӣ овардан чизи хӯшуда ва хӯрданист.
Агар бидонӣ, ки ҳисси андом қавӣ аст, [беморро] ғизое бидеҳ, ки чун ҳарисаҳо хунро ситабр намояд. Агар бими сардшавӣ набошад, ӯро чизҳои сардиоварандае, аз қабили коҳу ва ғайра бидеҳ.
Бидон, ки аз ҷумлаи муолаҷаҳои хуби судбахш ин ёрӣ гирифтан аз чизе бошад, ки чун хушнудӣ, дидори чизҳои маънус ва ҳамнишинӣ бо каси дилхушкунанда қувваҳои нафсонӣ ва ҳайвониро қавӣ гардонад. Гоҳе нишастан бо касони бо ҳишмат ва бо касоне, ки аз эшон шарм ояд, судманд бувад, зеро ин беморро аз чизҳое боз дорад, ки вайро зиёнваранд. Аз қабили чизҳое, ки ба ҳамин синфи муолаҷаҳо наздикӣ доранд, ин аз шаҳре ба шаҳре ва аз ҳавое ба ҳавое рафтан, аз як [навъи] ҳайатҳо ба навъи дигари онҳо гузаштан ва ба [бемор] ҳайат ва ҳаракатҳое таклиф намудан аст, ки бо ёрии онҳо андом рост шавад ва ё мизоҷ дигаргун гардад. Масалан, бачаи аҳвалро таклиф кунанд, ки ба чизи дурахшанда беист бингарад ва [ё] масалан, худованди лақваро таклиф кунанд, ки ба оинаи чинӣ назар биафканад, чаро ки ин [кор] боиси он бигардад, ки вай бо такаллуф рӯй ва чашми худро рост кунад ва бисёр бошад, ки аз тариқи такаллуф ба ислоҳ ояд.
Аз ҷумлаи он қонунҳое, ки ҳифзаш воҷиб аст, ин аст, ки ҳар андоза, ки битавонӣ бояд андар фаслҳои қавӣ, масалан, ҳангоми тобистон ва зимистон исҳоли сахт, доғ мондан, ҷарҳ задан ва қай барин муолаҷаҳои қавиро ба кор набарӣ.
Аз ҷумлаи чизҳое, ки андар муолаҷаи онҳо ба борикбинӣ ниёзмандем, ин аст, ки андар як беморӣ ду лузумияти ба ҳам муқобил ҷамъ омада, беморӣ, масалан, ба сардсозӣ эҳтиёҷ дораду сабаби он ба гармсозӣ, чунончи, таб сардсозӣ тақозо кунад ва судда, ки сабаби ба амал омадани таб аст, гармсозӣ ва ё баръакс. Низ чунин шавад, ки беморӣ, масалан, сазовори гармсозист (191) ва аразаш сазовори сардсозӣ, чунончи, моддаи қулинҷ сазовори гармсозӣ ва бурида шудан аст ва сахтии дардаш сазовори сардсозӣ ва карахт кардан бувад ва ё баръакс.
Бидон, ки на ҳар пурӣ ва на ҳар бадмизоҷӣ бо зидди он, яъне бо истифроғ ва муқобала муолаҷа карда шавад, балки беҳ сохтани тадбире кифоят бошад, ки барои пурӣ ва бадмизоҷӣ муҳим аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ