Қонуни тиб

Валекин [хӯрдани] ғизои серғизои дергуворро ба касоне муносиб ҳисобем, ки агар эшонро қавӣ гардонидан ва барои варзишҳои қавӣ омода сохтан бихоҳем ва ғизои каммояро барои касе ихтиёр кунем, ки ӯро зуд-зуд фишурда шудани масом ориз бигардад.
Аммо бо дору муолаҷа карданро се қонун аст: яке аз онҳо қонуни ихтиёр намудани кайфияти даво аст, яъне ё гарм, ё сард, ё тар ва ё хушки онро ихтиёр намудан; дуввум қонуни ихтиёр намудани камияти [доруст] ва ин қонун бар қонуни андозагирии вазни дору ва қонуни муайян кардани андозаи кайфияти он, яъне дараҷаи гармӣ, сардӣ ва ғайри он, тақсим бигардад; севвум қонуни тартиби вақти [истеъмоли] доруст.
Аммо қонуни ба таври мутлақ ихтиёр кардани кайфияти дору бошад, мо онро вақте метавонем дуруст бидонем, ки бар навъи беморӣ воқиф бошем. Чунки ҳар гоҳ чигунагии беморӣ дониста шавад, воҷиб ояд аз миёни доруҳо онҳое ихтиёр карда шаванд, ки андар кайфияти худ ба [кайфияти беморӣ] мухолифанд, чаро ки бемориро бо зидди он дармон кунанду тандурустиро бо ҳамранги он муҳофизат.
Муайян кардани камияти дору аз ҳар ду ҷиҳат якҷоя аз тариқи тахмини пешаваронаи табиати андом, андозаи беморӣ ва чизҳое дониста шавад, ки аз қабили ҷинс, син, хӯ, фасл, шаҳр, пеша, қувва ва намуди зоҳирии [андом] бо мувофиқат ва созгории хеш далолат кунандаанд.
Донистани табиати андом аз маърифати чаҳор чиз иборат аст: 1) мизоҷи андом; 2) офариниши он; 3) ниҳоди он; 4) қуввати он. Аммо мизоҷи андом бошад, [чунин аст, ки] ҳар гоҳ мизоҷи табиии он дониста шавад ва мизоҷи [ҳоли] бемории он [низ] шинохта гардад, аз тариқи тахмин дониста хоҳад шуд, ки ин [мизоҷ] аз мизоҷи табиии он чӣ андоза дур аст ва саранҷом дониста гардад, ки онро ба кадом миқдор бояд баргардонда шавад. Мисоли он чунин аст: агар мизоҷи ҳоли тандурустӣ сард бошад ва мизоҷи ҳоли беморӣ гарм, пас, андом аз мизоҷи хеш бисёр дур рафта бошад ва ба сардгардонии зиёде ниёзманд хоҳад буд. Агар ҳар ду [мизоҷ] гарм бошанд, андар ин ҳол сардсозии андаке кифоят кунад.
Аз ҷиҳати офариниши андом бошад, мо гуфта будем, ки «офариниш» бар чанд маънӣ шомил аст ва инро аз он ҷой тааммул бикун. Сипас бидон, ки бархе аз андомҳо аз гоҳи офариниш мавриди осонгузарӣ буда, ё андарун ва ё аз беруни худ мавзеи тиҳӣ доранд ва аз он роҳ фазлаҳо бо ёрии давои латифи муътадил берун карда шаванд. Бархе аз онҳо чунин нестанд ва бинобар он, ниёзманди доруҳои қавитаре буванд. Ҳамчунин бархе аз онҳо ковок ва бархе зичанд. Ковоки онро доруҳои сабук кифоят аст, вале зичи он ба доруҳои қавӣ ниёзманд бувад.
Андомҳое, ки аз ҳама беш ба доруҳои қавӣ ниёз доранд, онҳоеанд, ки аз ҳар ду сӯ на тиҳигӣ доранд ва на фазое, сипас он андомест, ки ин чизҳоро аз як сӯ дорад, (189) баъди он андоме истад, ки чун гурда аз ҳар ду сӯ фазои холӣ дорад, вале фишурдаи сахт ва зич аст ва сипас андоме истад, ки чун шуш аз ду сӯ холигӣ дорад, вале худ камторупуд аст.
Аммо ниҳоди андом бошад, чунонки медонӣ, вай ё [донистани] ҷои [андом] ва ё анбозии онро тақозо кунад. [121] Фоидаи донистани анбозӣ хусусан аз он иборат аст, ки
самти кашидани дору ва бад-он сӯ майл додани онро ихтиёр хоҳӣ кард. Мисолаш чунин аст: Агар модда андар кӯжии ҷигар бошад, онро аз роҳи пешоб биронем ва агар андар фурӯрафтагии ҷигар бошад, онро бо исҳол берун орем, зеро кӯжии ҷигар бо андомҳои пешоб анбозӣ дорад ва фурӯрафтагии он бо рӯдаҳо. Аммо фоидаи донистани ҷойгоҳи [андом] аз се сӯй аст: 1) яке аз сӯи дурӣ ва наздикии он. Агар [андом], масалан, чун меъда наздик бошад, доруҳои муътадил [бе тағйир] ба он бирасанд ва кори хеш кунанд ва агар мисли шуш дур бошад, қувваҳои доруҳои муътадил пеш аз расидан бад-он ҷой табаҳ гарданд. Аз ин ҷо лозим ояд, ки қувваҳои онҳо зиёд карда шаванд ва қувваи доруҳое, ки ба андоми наздик рафта бирасанд, бояд ба андозае бошад, ки ба иллат муқовимат кардан тавонад. Агар миёни ҳар ду масофае ва дурие бошад ва ниёзмандӣ бадон бошад, ки бояд дору бо қувваи тамом бад-он ҷой бирасад, андар ин ҳол лозим аст, ки қувваи дору беш аз эҳтиёҷ бошад. Мисоли ин ҳол андар зимодҳое ҷой дорад, ки бар қавин ва ғайра биниҳанд; 2) ваҷҳи дуввум ин, ки бояд донист, чӣ чиз боистӣ бо доруҳо омехта намуд, то ки онҳо ба андом зуд бирасанд, чунонки бо доруҳои андомҳои пешоб [чизҳои] пешобоваранда ва бо доруҳои дил заъфарон биомезанд; 3) ваҷҳи севвум он аст, ки бояд донист дору аз кадом сӯй бад-он фиристода шавад. Масалан, агар бидонем, ки реш андар рӯдаҳои фурӯсӯвин аст, даворо бо ҳуқна ба вай бирасонем ва ё агар тахмин кунем, ки он андар рӯдаҳои забарин аст, [доруро] аз роҳи ошомондан бадон ҷой бифиристем.
Гоҳе аз риоя намудани ҳам ҷойгоҳ ва ҳам анбозӣ якҷоя фоида бардоранд. Ин ҳангомест, ки чун кореро бояд кунанд, модда пурра ба андом фуруд омада бошад ва ё чун кореро бояд кунанд, модда ҳоло андар фуруд омадан ба сӯи андом бувад. Агар [модда] андар ҳолати фуруд омадан бошад, онро бо мурооти чаҳор шарти [зерин] аз ҷояш бикашем: 1) яке аз он [шартҳо] мухолифати ҷиҳат аст, чунон ки аз паҳлуи рост ба чап ва аз боло ба зер кашида шавад; 2) дуввум мурооти анбозӣ бошад, чунонки хуни ҳайз бо гузоштани кадуи ҳиҷомат бар пистон ва ба сӯи [андоми] анбоз кашидани он боздошта шавад; 3) севвум мурооти баробарист, чунон ки ҳангоми иллатҳои ҷигар аз босалиқи рост ва ҳангоми иллатҳои испурч аз босалиқи чап раг бизананд; 4) чаҳорум мурооти дурии он бувад, то маҳалле, ки ба сӯи он [моддаро] бикашанд, ба маҳалле, ки аз он ҷой [моддаро] бикашанд, сахт наздик набошад. Аммо агар модда [андар андом] фуруд омада бошад, андар ин аз ҳар ду кор аз он ҷиҳат фоида бардорем, ки мо онро ё аз худи андом берун орем ва ё онро ба андоми наздик ва анбоз гузаронида, сипас аз он ҷой берунаш орем, чунонки ҳангоми бемориҳои заҳдон [раги] софин ва ҳангоми муолаҷаи варами ду бодомаки [гулӯ] рагеро бизананд, ки андар зери забон аст.
Ҳар гоҳ бихоҳӣ, ки [моддаро] бар хилоф бикашӣ, нахуст дарди андомеро ором бикун, ки аз он [модда] кашида шавад ва бояд бингарӣ, ки [модда] аз назди ягон[ андоми] сарвар нагузарад.
Аммо аз ҷиҳати қувваи андом баҳра бурдан бошад, аз се роҳ аст: 1) якум ин ки бояд сарварӣ ва мабдаияти [андом] муроот карда шавад. Мо ҳар андоза, ки мумкин бошад, андомҳои сарварро бо доруҳои қавӣ ба ташвиш нагузорем, зеро саранҷом бар тамоми тан зиён хоҳем овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё