Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фанни чаҳорум
АНДАР МУОЛАҶА,
ки шомили сию як фасл аст
Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар илоҷ

Мо гӯем: кори илоҷ ба яке аз се чиз анҷом ёбад: [120] якум тадбир ва ғизодиҳӣ; дуввум ба кор бурдани доруҳо ва севвум ба кор бурдани дасткорӣ.
Бо «тадбир» мо тасарруферо бихоҳем, ки андар шаш сабаби зарурии баршумурда пеш гирифта шавад [ва ин шаш сабаб] ба равиши одатӣ буда, ғизо хӯрдан аз ҷумлаи онҳост. Ҳукмҳои тадбир аз ҷиҳати кайфияти хеш мувофиқи ҳукмҳои доруҳоанд. Лекин аз ин ҷумла ғизоро ҳукмҳоеанд, ки андар бобати камият [фақат] ба худаш хосанд, аз баҳри он ки ғизо гоҳе боз дошта шавад, гоҳе коҳиш дода шавад, гоҳе муътадил гардонда шавад ва гоҳе афзоиш дода шавад.
Ҳар гоҳ пизишк бихоҳад, ки табиат ба пухтани хилтҳо машғул бошад, ғизо манъ карда шавад. Агар ба изофаи он ғарази нигоҳ доштани тандурустӣ андар миён бошад, ғизоро кам кунанд. Бинобар ин, бо ин ки ғизо дода шавад, тарафи қувват риоя гардад ва бо он ки [аз миқдори он] кам кунанд, тарафи модда риоя карда шавад, то ки табиат аз [хилтҳо] рӯ гардонда, [танҳо] ба гуворидани ғизои бисёр машғул нагардад.
Ҳамеша муҳимтари ин ду риоя карда шавад ва он ё қувва ба ҳангомест, ки агар ниҳоят нотавон бошад ва ё беморӣ ба ҳангомест, ки агар ниҳоят қавӣ бошад.
Ғизоро аз ду рӯй бикоҳанд: яке аз сӯи камият ва дигаре аз сӯи кайфият. Ту бояд аз ба ҳам омадани ҳар ду сӯ бахши севвуме фароҳам оварӣ. Фарқ миёни ду сӯ – камият ва кайфият, он аст, ки гоҳе мумкин аст, ғизоро камият бешу [қобилияти] ғизобахшӣ кам бошад, масалан, тараҳо ва меваҳо чунинанд. Бинобар ин, бисёр хӯрдан аз онҳо камияти ғизоро биафзояд, на кайфияти онро. Гоҳе мумкин аст ғизоро камият каму [қобилияти] ғизобахшӣ беш бошад. Масалан, хояи мурғ ва хояи хурӯс чунинанд.
Мо гоҳе ба костани кайфият ва афзудани камият эҳтиёҷ пайдо кунем. Ин ҳангоме бошад, ки иштиҳо ғолиб ояду андар рагҳо [ҳанӯз] хилтҳои хом ҷой дошта бошанд ва бихоҳем, ки иштиҳоро бо пур кардани меъда таскин бидиҳем, вале рагҳоро аз [расидани] моддаи бисёр боз дорем, то ки нахуст чизи андар онҳо буда бипазад ва ба изофаи он ғаразҳои дигаре ба амал оянд.
Мо гоҳе ба афзудани кайфият ва костани камият ниёзманд бошем. Ин гоҳе бувад, ки қувватро қавӣ кардан бихоҳем, вале табиати ба меъда вобаста аз уҳдаи гуворидани чизи бисёр баромадан натавонад.
Бештар вақт мо кам хӯрдани ғизо ва аз он боз истоданро ҳангоме бифармоем, ки агар бемориҳои тезравро муолаҷа мекарда бошем. Аммо андар бемориҳои деррав низ гоҳе ғизоро бикоҳем, вале коҳиш ба андозаи камтар аз (188) он миқдоре бошад, ки андар бемориҳои тезрав лозим аст, аз баҳри он ки инояти мо ба қувват андар бемориҳои деррав бештар аст. Чунки мо медонем, ки буҳрони онҳо ҳанӯз дур ва поёни онҳо нопайдост ва агар қувват нигоҳ дошта нашавад, то фаро расидани буҳрон истодагарӣ кардан натавонад ва натавонад он чизеро бипазад, ки муддати пухтанаш тӯлонист. Аммо бемориҳои тезрав бошанд, буҳрони онҳо наздик буда, умед дорем қувват пеш аз анҷом ёфтани онҳо аз по нахоҳад афтод, вале агар аз он бим дошта бошем, андар костани ғизо муболаға нахоҳем кард.
Агар беморие аз онҳо ҳар қадар ба ибтидо наздик бошаду аразҳо ором гирифта бошанд, ҳамон андоза қувватро бо ғизо додан тақвият хоҳем кард. Агар беморӣ ҳар андоза афзудан гирад ва аразҳо низ андар афзоиш бошанд, ҳамон андоза ғизоро мувофиқи он чи, ки гуфта омад, коҳиш бидиҳем, то қувваро ҳангоми ҷиҳоди хеш сабукие бошад ва ба наздики поёнёбӣ тадбирро хуб нарм хоҳем кард.
Беморӣ ҳар андоза тезтар ва буҳронаш наздик бошад, ҳамон андоза тадбирро нармтар хоҳем намуд, вале мумкин аст сабабҳое падид омада, моро аз ин кор боз доранд, чунонки мо инро андар китобҳои [бемориҳои] ҷузъӣ ёд хоҳем кард.
Ғизоро аз сӯи он, ки мо аз вай ғизо бигирем, ду нуктаи дигар аст: [яке] зуд гузаштан, масалан, ҳоли хамр ва дер гузаштан, чун ҳоли чизҳои бирён ва қаляҳо; дигар сахт будани қивом ва часпида мондани он хуне, ки аз вай бизояд, чунонки аз ҳоли ғизои гӯшти хук ва ҷавонаҳо чунин барояд ва ё тунук будан ва зуд ҳал шудани он [хун], чунонки аз ҳоли ғизои аз шаробу анҷир иборатбуда чунин падид ояд.
Мо вақте ба ғизои зуднуфузкунанда эҳтиёҷ дорем, ки агар афтидани қувваи ҳайвониро пешгирӣ кардан бихоҳем ва онро бар пой дорем, вале муддат ва ё қувва ба андозае набошад, ки барои гуворидани ғизои дергуворанда кифоят кунад.
Мо аз [хӯрдани] ғизои зудгуворе боз дорем, ки агар пеш аз он ғизои дергувор иттифоқ афтода бошад, чаро ки бими он дорад, ки онҳо омехта шуда, чунон бигарданд, ки баёни он оварда шуд. Мо ҳангоми падид омадани суддаҳо аз [хӯрдани] ғизои ситабр боз дорем.

пешина
аз 1215
навбатӣ