Қонуни тиб

Агар гили холиси бемазаи бад, хусусан гили офтобсӯхтаро андар об кунанд ва сипас онро равшан созанд, яке аз роҳҳое бошад, ки табаҳии обро бибарад. Обро бо шароб ошомидан низ яке аз роҳҳоест, ки табаҳии обро, хусусан агар аз ҷинси кам гузаштан бошад, дур созад.
Ҳар гоҳ об, хусусан андар тобистон, кам ва ноёб бошад, бояд омехта бо сирко ошомида шавад, чаро ки он аз бисёр ошомидани об бениёз гардонад.
Оби шӯр бояд бо сирко ва бо сикангубин ошомида шавад ва бояд андар он харнуб, мурддона ва дӯлона афканда шавад. Аз болои обҳои зогии тундмаза чизе бояд истеъмол кард, ки табиатро нарм кунад ва аз болои он ошомидани шароб низ фоида дорад. Аз болои оби талх чизҳои равғанӣ ва шириниҳо истеъмол кунанд ва онро бо гулоб [низ] биомезанд. Пеш аз оби талх ва он чи ки ба вай монад, ошомидани нахӯдоб аз қабили чизҳоест, ки зиёни онро бибарад. Хӯрдани нахӯд [низ чунин бошад].
Пеш аз оби истодаи нохуш, ки дорои уфунат аст, набояд ғизоҳои гарм[мизоҷ] хӯрд ва бояд аз болои он гирандаҳое, аз қабили меваҳои сард[мизоҷ] ва тараҳо, мисли биҳӣ, себ ва ревоҷ хӯрда шаванд.
Аз болои обҳои ситабри тира сир хӯранд. Аз ҷумлаи чизҳое, ки онро равшан кунад, замчи яманӣ аст. Он чизе, ки табоҳии обҳои гуногунро бибарад, пиёз аст. Ба ростӣ, пиёз, хусусан бо сирко, барои ин кор ҳамчун тарёк бувад ва сир низ чунин бошад. Аз чизҳои сард коҳу [судманд] аст.
Яке аз тадбирҳои хуб барои касе, ки (187) ба обгардишҳо дучор ояд, ин аст, ки ӯ бояд аз оби шаҳри хеш ҳамроҳ бибарад, онро бо оби баъдаш оянда биомезад ва аз [оби]
ҳар манзиле гирифта, ба [оби] манзили баъдӣ биомезад. Ҳамин тариқ, то ба ғояти мақсадаш расидан ин корро давом бидиҳад. Ҳамчунин бояд аз хоки ватанаш бигирад ва онро бо ҳар обе, ки дучор ояд, биафканад ва нек биомезад ва сипас бигузорад, то он [об] равшан гардад.
Бояд обро аз паси обполак биошомад, то ба ғалат девча ба гулӯяш наравад ва хошокеро, ки аз қабили омехтаҳои бад бошад, фурӯ набарад.
Ҳамроҳи худ бурдани руббҳои туруш, то ки ба ҳар як обе аз обҳои мухталиф омехта карда шаванд, тадбири хубест.
Фасли ҳаштум андар тадбири дарёнавард
Дарёнавардро сар бигардад, [ҳама чиз] гирди ӯ бигарданд ва ӯро маниши гаштан ва қай оянд. Ин андар рӯзҳои аввал чунин бошад ва сипас фурӯ нишаста, ором бигардад.
Бояд бар фурӯ нишондани маниши гаштан ва қайи худ пофишорӣ накунад, балки бигузорад, то қай кунад. Вале агар ба ифрот ояд, бояд, ки нигоҳ бидорад.
Аммо омода шудан барои он, ки то ӯро қай падид наояд, боке надорад. Ба ин кор ӯ аз тариқи хӯрдани меваҳое, аз қабили биҳӣ, себ ва анор метавонад ноил гардад. Ҳар гоҳ маниши гаштан авҷ гирад, агар тухми карафс биошомад, онро бигардонад ва фурӯ нишонад. Афсинтини румӣ низ чунин бувад.
Аз ҷумлаи тадбирҳое, ки онро боз дорад, бояд чизҳои туруше бихӯрад, ки даҳони меъдаро қавӣ гардонанд, то вай бухорҳоро аз рафтан ба сӯи сар боздорад. Ин гуна [қавикунандаҳо] мисли наск бо сирко, ғӯра ва каме пудина ё ҳошоъ ва ё ноне бошад, ки андар шароби райҳонӣ ва ё андар оби сард тарид карда бошанд ва гоҳе андар он ҳошоъ низ биафкананд. Инчунин бояд бинияшро аз дарун сафеда бимолад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё