Қонуни тиб

Агар мусофир ҳангоми сармо ба манзиле ба ҳоле фуруд ояд, ки гурусна монда бошад ва агар чизи гарме бихӯрад, ӯро гармие чун таб ва шигифтовар падид ояд. Мусофиронро ғизоҳоест, ки кори сарморо ба эшон осон бигардонанд ва онҳо ғизоҳоеанд, ки андар онҳо сир, гавз, хардал ва ангужад бисёр бошанд. Гоҳе андар он тарф биафкананд, то сир ва гавз хушбӯ шаванд. Равғани зард низ барои эшон хуб аст ва хусусан агар аз болои онҳо шароби холис биошоманд, [суд бахшад].
Мусофир ҳангоми сармо эҳтиёҷ ба он дорад, ки шиками тиҳӣ ба сафар набарояд, балки бояд аз ғизо шикам сер кунад ва ба ҷои об шароб биошомад ва сипас андаке сабр бинамояд, то ки он андар шикам қарор гирифта, гармӣ оварад, он гоҳ ба роҳ барояд. Ангужад аз қабили чизҳоест, ки каси андар сармо хунук хӯрдаро гарм кунад, хусусан агар онро бо шароб ошомида бошанд. Як ошомидании тамом [аз он] як дирам ангужад бо як ратл шароб бувад. Мусофиронро ҳангоми сармо андуданиҳоест, ки тани эшонро аз таъсири сармо ҳимоят кунанд. Аз ҷумла равғани зайтун ва ғайра бувад. Сир барои касоне, ки андар ҳавои сард ба манзиле фуруд омадаанд, беҳтарин чиз бувад.
Фасли панҷум андар нигоҳ доштани дасту пой аз зиёни сармо
Мусофир бояд онҳоро нахуст то гарм шудан бимолад ва баъд аз он бо равғани гарме, аз қабили равғанҳои хушбӯ, мисли равғани савсан ва равғани бон чарб кунад. Майсавсан барои эшон молидании хубест. Агар инҳо набошад, равғани зайтун бимолад ва хусусан агар андар он мурч, ё оқирқарҳо, ё фурбиюн, ё ангужад ва ё гунди бедастар биафкананд, [беҳтар бошад].
Аз зимодҳое, ки дасту пойро муҳофизат кунанд, бояд борзад ва сир бар онҳо зимод намуд, зеро ин боиси наҷот хоҳад шуд. Агар набошад, қатрон ба кор барад.
Раво нест, ки мӯза ва дастпона ба тавре бошанд, ки [андоми] андар онҳо буда ҷунбидан натавонад, зеро ҷунбидани андом яке аз сабабҳои бартараф кардани сармост.
Андоми дамгиркардаро сармо сахт таъсир хоҳад кард.
Агар |пойро| бо коғаз, [пораи] мӯй ва сипас пойтобаи пашмӣ бипечад, онро беҳтар нигоҳ дорад.
Агар пой ва ё масалан, даст тавре бигардад, ки сарморо ҳис накунад, аз ғайри он ки сармо сабук шуда бошад ва аз ғайри он ки барои ҳифзи он чораи дигаре дида шуда бошад, бидон, ки ин ҳис рӯ ба нестӣ дорад ва сармо кори худро кардааст. Андар ин ҳол бояд чораеро дид, ки ҳоло баён хоҳем кард. Агар сармо андар андом кора карда бошад, гармии модарзодие, ки андар вай аст, мурда бошад ва [119] он чиро, ки андар гавҳараш таҳлил меёфт, ҳабс намуда, онро ба гандидан дучор карда бошад, ин эҳтиёҷ бад-он чорабиниҳое дорад, ки андар бобати решҳо, хусусан [реши] хӯраи палид, гуфта омад. Аммо агар сармо зада, вале нагандида бошад, балки андар тариқи [гандидан] бошад, беҳтар он аст, ки он сари [андомро] ё махсусан андар оби шалғам бигиранд ва ё андар обе, ки андар вай анҷир ҷӯшонида бошанд. Оби каранб, оби райҳонҳо, оби шибит ва оби бобуна ҳама хубанд. Тарадӯғ андудании хуб бувад. Оби дермана, оби наммом ва бастани шалғам доруи хубе бошанд,
ки онро суд бидиҳанд.
[Шахси сармозада] бояд аз оташ дур истад ва ба он наздик наояд. Бояд филҳол роҳ равад, пой ва дастро биҷунбонад, варзиш намуда, молиш диҳад ва сипас равған молида, бо чизе чарб кунад, ки мо гуфтем.
(186) Бояд донист, ки дасту пойро овезон, ором ва беҳаракату варзиш андар сармо нигоҳ доштан яке аз қавитарин сабабҳои сармо задани дасту пой бувад.
Касоне, ки тарафи [сармогирифтаро] андар оби сард гиранд, чунин манфиат бинанд, ки дард аз онҳо дур гардад, чунонки меваи яхбастаро агар андар оби сард биандозанд,
чунон бишавад, ки гӯӣ ях аз вай баромада, болои вайро гирифта бошад ва нарм шуда, бипазад ва агар ба оташ наздикаш оваранд, табаҳ гардад. Аммо чигунагии он аз чизҳоест, ки пизишкро эҳтиёҷ ба донистани он набошад.
Агар сари [андомро] ранг бигардад, бояд онро ҷарҳ зананд, то аз он хун биравад ва андомро андар оби гарм бигиранд, то ки андар даҳонаи ҷои ҷарҳзада хун сахт шуда, аз рафтан боз наистад. Балки онро бигузоранд, то ба феъли худ ист кунад ва сипас гили арманӣ бо сирко сиришта, бимоланд, чунки ин вайро аз табаҳ гардидан боз дорад.
Қатрон [ҳам] пеш аз [сармо] ва баъд аз он фоида дорад.
Агар [ранги андоми сармозада] ба сиёҳӣ ва сабзӣ бизанад ва онро пӯсида дарёбанд, бояд дигар ба ҳеҷ коре машғул нашаванд ва бахши пӯсидаро зуд бибуранд, то ки бахши дурусти андар паҳлуи он буда низ напӯсад. Нагузоранд, ки пӯсиш ҳаракат кунад, балки чунон бикунанд, ки мо андар бобати он гуфтаем.
Фасли шашум андар нигоҳ доштани ранги [тан] ҳангоми сафар
Бояд бар рӯй чизҳои часпак ва чизҳое молид, ки дорои часпакианд, масалан, луоби тухми аспғул; луоби хурфа; касирои андар об гудохта; маҳлули самғ; сафедии хояи мурғ; [нони] кок ва нони сафеди андар об таркарда ва қурсе, ки Қаритун эҷод кардааст.
Агар пӯсти рӯй аз бод ё аз сармо ва ё аз офтоб бикафад, тадбири онро аз гуфторе ҷустуҷӯ бинамо, ки андар [боби] оростагӣ омадааст.
Фасли ҳафтум андар эҳтиёт кардани мусофир аз зиёни обҳои гуногун
Гардиши обҳо мусофирро бештар аз гардиши ғизоҳо ба бемориҳо гирифтор созад. Бинобар ин, бояд он риоя карда шавад ва барои кори обҳо чораҳо дида шавад. Аз ҷумлаи чораҳо ин аст, ки бояд хуб равшан карда шавад ва аз [зарфи] сафолии полоянда хуб полида шавад. Ҷӯшонидани об, чунонки иллати он баён карда шуд, гоҳе боиси равшан шудани об гардад ва гавҳари оби холисро аз чизҳои омехтаи он ҷудо созад.
Аз ҳамаи ин беҳтар он аст, ки обро аз тариқи арақкашӣ қатрон кунанд. Гоҳе фатилае аз намад кунанд ва як сари онро андар яке аз ду зарф, ки пуроб аст, ниҳанд ва сари дигари онро андар зарфи тиҳӣ ниҳанд. Об қатра-қатра ба зарфи тиҳӣ бигузарад. Ин яке аз роҳҳои хуби равшан кардани об бувад, хусусан ҳангоме ки об тира бошад. Ҳамчунин, агар оби талхи бадро биҷӯшонанд ва андар ҳоли ҷӯшидан порае аз гили холис ва гулӯлаҳое аз пашм андар он биафкананд, сипас онро гирифта бифишоранд, оби дигаргуне беҳтар аз аввала ҳосил гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё