Қонуни тиб

Бояд аз тараҳо, меваҳо ва ҳар чизе, ки хилти хом бизояд, парҳез кунад, магар ҳангоме ки муолаҷа кардан бо онҳо зарур шавад, чунонки андар поён баён хоҳад шуд.
Гоҳе мусофир ночор ниёзманди он бошад, ки барои бар гуруснагӣ сабр намудан ва коҳиш додани иштиҳо худро омода созад. Он чизе, ки ӯро андар ин кор ёрӣ расонад, таомҳоест, ки аз ҷигарбирён ва ғайра омода созанд. Гоҳе (184) аз онҳо ва аз чизҳои часпак, пиҳҳои гудохтаи қавӣ, бодом ва равғани бодом куббаҳо созанд. Аз пиҳҳо, масалан, пиҳи гов [ба кор бибаранд]. Агар аз инҳо як бор бихӯрад, якчанд вақт бар гуруснагӣ тоб овардан битавонад.
Гуфтаанд, ки агар одам ба андозаи як ратл равғани бунафшае биошомад, ки андар вай каме мум гудохта бошанд ва чун мумравған гардида бошад, даҳ рӯз таом нахоҳад.
Ҳамчунин гоҳе эҳтиёҷ бад-он пайдо кунанд, ки бояд барои ба ташнагӣ сабр намудан омода бошанд. Бинобар ин, бояд ҳамроҳи хеш доруҳои ташнагишикане бигиранд, ки мо андар Китоби севвум андар боби ташнагӣ ёд кардем. Хусусан бояд аз тухми хурфа ба миқдори се дирам бо сирко биошоманд, аз ғизоҳои ташнагифизой, мисли моҳӣ, кабар, чизҳои намакин, шириниҳо парҳез кунанд ва сухан кам гӯянд ва оҳиста роҳ бираванд. [118] Агар андар ҷое, ки об зиёд набошад, об бо сирко ошоманд, андаке аз об андар шикастани ташнагӣ кифоят кунад. Ошомидани луоби тухми аспғул низ чунин бошад.
Фасли севвум андар паноҳ бурдан аз гармӣ, хусусан ҳангоми сафар ва тадбири касоне, ки андар [гармо] сафар кунанд
Ин гуна [мусофирон] агар чораи кори хеш насозанд, охируламр нотавон бигарданд ва ё қувваҳояшон ба таҳлил рафта, барҷомонда шаванд ва ё ташнагӣ ба эшон ғолиб ояд. Гоҳе офтоб ба мағзашон зиён бирасонад. Бинобар ин, бояд бар тамоман пӯшонидани сар аз офтоб сахт диққат диҳанд. Ҳамчунин мусофир бояд синаи худро аз он паноҳ дорад ва онро ба мисли луоби тухми аспғул ва фишурдаи хурфа тило кунад.
Мусофирон ҳангоми гармо гоҳо ба чизе, аз қабили писти ҷав, шароби меваҳо ва ғайра эҳтиёҷ доранд, то ки пеш аз ба роҳ баромадан бихӯранд. Чунки эшон ҳар гоҳ бо шиками тиҳӣ савор шаванд, ҳал шудан эшонро ба ғоят нотавон кунад, зеро андар тани эшон чизи ҳалшударо бадале нест. Бинобар он, бояд эшон ягон чизе аз он чизҳои ёдкардаи моро бихӯранд ва сипас каме биистанд, то он аз меъда фурӯ равад ва ҷунбиш нахӯрад.
Бояд андар роҳ ҳамроҳи худ равғани гул ва бунафша дошта бошанд, то ҳар соате аз инҳо бар тораки сар бимоланд.
Бисёр касоне, ки эшонро андар сафар ҳангоми гармо чун газанде бирасад, бо оббозӣ кардан андар оби сард ба ҳоли аввала бозоянд, лекин беҳтар он аст, ки андар ин кор шитоб накунанд. Балки бояд каме сабр кунанд ва сипас ба тадриҷ андар [об] дароянд.
Касе, ки аз гармсел бим дорад, ӯро воҷиб аст бинию даҳони худро бо дастор ва даҳонбанд бибандад ва бар душвории он бардошт кунад. Бояд пеш аз он пиёз бо дӯғ бихӯрад ва хусусан агар пиёзи андар он парварда ва ё як рӯз таркарда монда бошад, пиёзро бихӯрад ва дӯғро дам кашад. Бояд пиёз
пеш аз афкандан андар дӯғ хурд реза карда шавад.
Бояд андар бинӣ равғани бодом ва равғани кадудона бикашанд ва [низ] равғани кадудона дам кашанд, чаро ки ин аз ҷумлаи чизҳоест, ки зиёни аз гармсели андар пеш бударо бартараф хоҳад кард. Агар шахсеро гармсел бизанад, бояд бар дасту пои худ оби сард бирезад, бо он рӯяшро бишӯяд, аз тараҳои сардмизоҷ ғизо кунад, бар сараш равғанҳои сардкунандае аз қабили равғани гул, бед ва фишурдаҳои сардкунандае, аз қабили фишурдаи ҳамешабаҳор, бимолад ва сипас шустушӯй кунад. Бояд аз ҷимоъ парҳез кунад. Чун ҳолаташ барқарор гардад, моҳии шӯр ӯро нофеъ бошад. Шароби омехта низ вайро фоида дорад. Шир беҳтарин ғизо барои ӯст, агар гирифтори таб набошад, вале агар гирифтори таб бошад ва табаш на аз табҳои ганда, балки ҳаррӯза бошад, дӯғи туруш ба кор бибарад. Агар ба сабаби гармсел ташна монад, бояд бо он даҳон тар кунад ва бисёр наошомад, ки ҷо ба ҷо хоҳад мурд. Балки бояд ба даҳон тар кардан иктифо варзад ва агар аз ошомидан гузире набошад, як қултӣ биошомад. Баъд чун ҳолаташ ором ёбад ва шӯриши ташнагияш фурӯ нишинад, метавонад биошомад. Агар нахуст пеш аз ошомидан равғани гулро бо об омехта биошомад, беҳтар бувад.
Умуман касони гармизадаро бояд андар макони сард ҷой бидиҳанд, пояшонро бо оби сард бишӯянд, агар ташна бошанд, ба эшон кам-кам оби хунук биошомонанд ва ғизоҳои зудгувориш бидиҳанд.
Фасли чаҳорум андар тадбири касе, ки ҳангоми сармо сафар кунад
(185) Сафар кардан ҳангоми сармои сахт, ки бо вуҷуди истионат варзидан ба чандин василаву пӯстинҳо, боз хатари бузург дорад, пас, чӣ гуна мумкин аст, ки бе чунин истионат сафар карда шавад? Чандин мусофиронеро, ки ҳар қадар мумкин буд, худро печида буданд, сармо ва боддама ба ташаннуҷ, кузоз, ях бастану сакта гирифтор намуда, бикушт ва онҳо чунон бимурданд, ки гӯӣ аз ошомидани афюну ябруҳ мурда бошанд. Агар ҳоли эшон то ба мурдан нарасад ҳам, бисёр вақт ба гуруснагие гирифтор оянд, ки «булимус» ном дорад. Мо андар ин ҳол ва андар бемориҳои дигар чӣ бояд карданро ба ҷои худ ёд кардаем.
Беҳтарин кор барои эшон он бошад, ки масомҳоро бибанданд, бинию даҳонро аз даромадани ҳавои якбора хунук нигоҳ доранд ва дасту пойро бо чизе муҳофизат кунанд, ки ёд хоҳем кард.
Мусофир ҳангоми сармо чун ба манзиле фуруд ояд, набояд зуд худро гарм кунад, балки ба тадриҷ кам-кам гарм кунад. Ӯ набояд ба назди оташ бинишинад, балки агар ба вай наздик нашавад, боз ҳам беҳтар бошад. Агар ноилоҷ бошад, ба тадриҷ ба он наздик шавад. Вақте ки андар он бояд беш аз ҳар вақт ба оташ наздик нашавад, ин ҳангомест, ки андар ҳол оҳанги сафар кардан ва ба ҳавои сард баромадан дорад.
Ин вақте бошад, ки сармо мусофиронро ба дараҷаи нотавонию афтидани қувват нарасонда бошад. Вале агар он андар эшон кора карда бошад, бояд ба гарм кардану равғанҳои гармкунанда молидан шитофт. Хусусан бояд чизе [молида шавад], ки чун равғани савсан [хосияти] тарёкӣ дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё