Қонуни тиб

Ҷумла
АНДАР тадбири мусофирон,
ки аз ҳашт фасл иборат аст
Фасли нахустин
андар пешгирӣ кардани аразҳое, ки
аз бемориҳо огоҳӣ диҳанд
Ҳар киро доим хафақон бошад, бояд чораи кори вай сохт, то ногаҳон намирад. Агар кобус ва гижа бисёр рӯй диҳанд, бояд кори онҳоро бо берун рондани хилти ситабр тадбир намуд, то ки худованди онҳо ба саръ ва сакта наафтад ва агар паридани тамоми тан бисёр бигардад, бояд кори онро бо истифроғи балғам чора кард, то ки худованди он ба ташаннуҷ ва сакта гирифтор нагардад. Ҳамчунин, агар кундии ҳисҳо ва нотавонии корҳо ҳамроҳи пурӣ ҷой дошта бошанд ва агар ҳамаи андомҳо ба карахтшавии сахт оғоз кунанд, бояд бо берун сохтани балғам чораи онҳо карда шавад, то ки худованди онҳо ба фалаҷ гирифтор нагардад.
Агар руй бисёр паридан гирад, бояд бо пок кардани мағз илоҷи он карда шавад, то ки он боиси падид омадани лақва нагардад. Агар рӯй ва чашм аксар вақт сурх шаванд ва [чашм] ба обрав шудан шурӯъ намуда, аз равшанӣ бикебад ва дарди сар ҷой дошта бошад, бояд бо раг задан, исҳол овардан ва ғайра илоҷи онҳо карда шавад, то ки ба саросом гирифтор нагардад.
Агар бе ягон сабаб андӯҳи бисёр ва бими бисёр ба амал оянд, бояд кори онҳоро бо берун рондани хилти сӯхта тадбир кард, то худованди онҳо ба молехулиё гирифтор нашавад.
Низ, агар рӯй (183) сурх шуда, бидамад ва сурхияш ба тирагӣ зада, давом кунад, бими ҷузомро дорад. Агар тан гарону монда шуда, аз рагҳо [хун] бисёр гузарад, бояд раг зада шавад, то ки рагҳо кафида, сакта ва марги ногаҳонӣ ба амал наоянд. Агар андар рӯй, пилкҳо ва дасту пойҳо осори варам падид ояд, бояд ҳоли ҷигарро чорабинӣ кард, то худованди он ба истисқо гирифтор нашавад.
Агар бӯи бироз сахт бошад, барои бардоштани гандидагӣ аз рагҳо чора бибин, то худованди он андар табҳо наяфтад ва далолати пешоб ба он аз ҳама беш бошад.
Агар мондагӣ ва шикастагӣ бинӣ, аз падид омадани таб эҳтиёт бош.
Агар иштиҳои таом биафтад ва ё биафзояд, аз беморӣ гувоҳӣ диҳад. Умуман, ҳар чизе аз одати ҳамешагии иштиҳо, ё бироз, ё пешоб, ё шаҳвати ҷимоъ, ё хоб, ё арақ кардан, ё хоридани тан, ё тезии зеҳн, ё мазаи даҳон ва ё одати иҳтилом дигаргун шуда, беш ва ё кам бигардад ва ё аз ҷиҳати кайфият дигаргун шавад, аз беморӣ огоҳӣ диҳад. Низ одатҳои ғайритабиӣ, мисли рехтани хуни бавосир, ё ҳайз, ё қай кардан, ё хуни бинӣ омадан ва ё одати иштиҳои чизе, ки фосид бошад, ҳама ҳамин тавранд. Зеро чизи одатшуда чун табиат аст. Бинобар он, ба ҷуз [одати] ниҳоят бад чизе тарк карда нашавад ва онро ҳам ба тадриҷ тарк бикунанд.
Гоҳе умури ҷузъӣ бар умури ҷузъии [дигар] далолат кунанд. Бинобар он, давом ёфтани дарди сар ва шақиқа бими бемории интишор ва фуруд омадани об ба сӯи чашмро дорад.
Агар чашм пеши назари худ чун пашша ва ғайра чизҳоеро пиндорад ва агар ин ҳамешагӣ шуда, давом ёбад ва ба изофаи он биниш кунд шудан гирад, огоҳӣ аз фурӯд омадани об ба сӯи чашмро дорад.
Агар гаронӣ ва хала андар бари рост дер давом кунанд, аз иллате гувоҳӣ диҳанд, ки андар ҷигар аст. Гаронӣ ва тамаддуд агар аз миён поён ва андар тиҳигоҳ ҷой дошта, ба изофаи он ҳоли пешоб аз ҳамешагии худ бигардад, ин аз иллате гувоҳӣ диҳад, ки андар гурдаҳост.
Бирози берун аз одат беранг аз ярақон гувоҳӣ диҳад.
Агар сӯзонии пешоб дер бикашад, аз решҳое огоҳӣ диҳад, ки андар обгаҳ ва нара падид оянд. Исҳоли сӯзонандаи мақъад аз саҳҷ хабар диҳад. Афтидани иштиҳо ва ба замми он қай ва дамиш овардан ва дард кардани андомҳои атрофӣ аз кулинҷ огоҳӣ диҳанд.
Хоридани мақъад, агар кирмҳои хурд андар он набошанд, аз бавосир огоҳӣ диҳад.
Бисёр баромадани думмалҳо ва домғулҳо аз падид омадани кафгираки бузург огоҳӣ диҳад.
Парюн (қубо) аз бараси сиёҳ ва баҳаки сафед аз бараси сафед огоҳӣ диҳанд.
Фасли дуввум гуфтори ҳамагонӣ андар тадбири мусофир
Мусофир мумкин аст, аз чизҳое канда шавад, ки ҳангоми андар миёни аҳли хеш будан ба онҳо хӯ кардааст ва ба дарду ранҷ гирифтор ояд. Бинобар ин, бояд ба мурооти ҳоли хеш сахт диққат диҳад, то ба бемориҳои зиёде гирифтор нагардад. Беш аз ҳама бояд ғами кори ғизо ва кори мондагиро бихӯрад. Бояд ғизояшро дуруст кунад ва бояд ғизои хубгавҳар ва ба андозаи начандон бисёр [бихӯрад], то ки он нек гуворида гашта ва андар рагҳо фазлаҳо ҷамъ наоянд. Бояд бо шиками сер савор нашавад, то ки таоми хӯрдааш табаҳ шуда, эҳтиёҷ ба ошомидани об наафтад, зеро аз он ҷунбидани [таом андар меъда] беш гардида, [зарурати] қай оварда, осуда шудан ба миён ояд. Балки бояд ғизо хӯрданро то вақти [ба манзил] фуруд омадан ба таъхир гузошт, вале агар ягон сабабе ба хӯрдан водор намояд, ки мо онро баъд баён хоҳем кард ва агар чорае набошад ва роҳ рафтан хоҳ шаб бошад ва хоҳ рӯз, бояд ба андозаи кам, ба тариқи ношито ва ба қадре ғизо хӯрд, ки эҳтиёҷ ба ошомидани об наафтад.
Барои мондагии хеш бояд он тадбирҳоеро ба кор барад, ки андар боби мондагӣ гуфта шуданд.
Ҳангоми пурхунӣ ва ё ғайри он набояд ба сафар баромад, балки нахуст танро пок намуд ва сипас сафарро пеш гирифт.
Агар андар меъда таом хом монда бошад, бояд гурусна хоб равад ва хомиро ҳал кунад, сипас ба сафар барояд.
Яке аз вазифаҳои мусофир он аст, ки ба тадриҷ ва камкам беш аз одат варзиш кунад ва агар андар роҳ бехобӣ кашиданро чашмдор бошад, кам-кам ба бехобӣ хӯ кунад.
Ҳамчунин, агар тахмин кунад, ки ӯро гуруснагӣ ё ташнагӣ ва ё ғайри он пеш меояд, бояд ба онҳо худро одат кунонад. Бояд ба ғизое хӯ гирад, ки мехоҳад андар сафар чунин ғизо бихӯрад. Ғизояшро бояд чизи каммиқдору серғи зо бигардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё