Қонуни тиб

Фасли панҷум андар тадбири фарбеҳ сохтани каси лоғар
Қавитарини иллатҳои лоғарӣ, чунонки баъд васф хоҳем кард, хушкии мизоҷу мосориқо ва хушкии ҳаво бувад.
Агар мосориқо бихушкад, ғизоро нахоҳад пазируфт. Бинобар ин, хушкӣ ва лоғариро бояд бо молише пеш аз гармоба муолаҷа кард, ки миёни дуруштию нармӣ буда, то сурх шудани пӯст давом кунад. Сипас молишро сахт карда, баъд аз он тилои зифт бимоланд ва аз паси он ба эътидол варзиш ва сипас бе дарангӣ гармоба кунанд. Баъд аз он [танро] бо рӯймолҳои хушк хушк бикунанд, сипас каме равған молида, баъди он ғизои мувофиқ бихӯранд.
Агар син, фасли [сол] ва одати ҳамешагияш оби сардро бардошт кунанд, бар хеш [оби сард] бирезад. Молиши пеш аз зифтмолӣ омадаро ҳангоме ба поён бирасонанд, ки [тани] лоғар ба дамидан оғоз кунад. Ин қариб ҳамон чизест, ки мо андар [боби] бузург кардани андоми хурд гуфтем ва гуфтори пурра андар ин бора андар китоби оростагии бахши Китоби чаҳорум омадааст.
Таълими панҷум
АНДАР ГУЗАРИШҲО [АЗ ФАСЛЕ БА ФАСЛЕ ВА АЗ ҶОЕ БА ҶОЕ],
ки аз як фасл ва як ҷумла иборат аст
фасл
андар тадбири фаслҳои [сол]
Андар оғози баҳор ба ҳасби зарурат ва одат ба раг задан ва исҳол овардан бишитобанд. Андар он хусусан қай оваранд ва аз ҳар гуна гӯштҳову шаробҳои гармифизо ва тарифизо парҳез кунанд. Ғизои латиф бихӯранд ва варзиш ба эътидол ва беш аз тобистон кунанд. Таом пур нахӯранд, балки баҳра-баҳра бихӯранд. Шаробҳо ва руббҳои ташнагишикан биошоманд ва аз [чизҳои] гармкунанда ва аз ҳар чизи талх, тез ва шӯр парҳез кунанд.
Андар тобистон бояд аз [миқдори] шаробҳо, ғизоҳо ва варзиш коста шавад, оромию фароғат гузинанд, [чизҳои] гармишикан истеъмол кунанд, касоне, ки битавонанд, қай оваранд ва сояву ҷои беофтоб ихтиёр кунанд.
Аммо андар хазон ва хусусан хазоне, ки ҳаво тагйирёбанда бошад, бояд беҳтарин тадбир ихтиёр карда ва аз тамоми чизҳои хушкифизо парҳез кунанд. Бояд аз бисёр ҷимоъ кардан, ошомидани оби сард, бар сар рехтани он ва хобидан андар ҷойҳои сарде, ки танро аз онҳо фарошо падид ояд, эҳтиёт шуд. Бояд аз гармии пешиниҳо ва сардии пагоҳиҳо худро нигоҳ дошт. Андар сармое, ки аз он танро фарошо падид ояд, шаб ва рӯз сарро пӯшида бояд дошт. [Андар хазон] бо шиками пур набояд хуфт. (182) Аз меваҳои хазонӣ ва бисёр хӯрдани онҳо эҳтиёт шуд. Танҳо бо оби нимгарм гармоба бояд кард. Андар [хазон] чун шабу рӯз баробар шуданд, бояд истифроғ намуд, то ки андар зимистон фазлаҳо афсурда нашаванд, вале бисёре аз баданҳоро андар хазон беҳтар он аст, ки ба шӯронидан ва ҷунбонидани хилтҳои онҳо напардозанд, балки ором будани онҳо барои эшон судмандтар бувад. Андар хазон аз баҳри он қайро манъ намудаанд, ки он боиси падид омадани таб бигардад. Шароб андар [хазон] бояд бисёр омехта ва на ба исроф бихӯранд. Бидон, ки бисёрии борон андар хазон аз зиёни он эмин бигардонад.
Андар зимистон бояд бештар ранҷ кашид ва ғизо бебаркаш бояд хӯрд. Вале агар зимистон ҷанубӣ бошад, бояд варзиш афзун кард ва ғизо кам хӯрд. Бояд гандуми нони зимистон беш аз гандуми нони тобистон қавитар ва бештар хушмаза бошад. Гӯштҳо, қаляҳо ва ғайра низ ба ҳамин қиёсанд.
Тараҳои [зимистон] бояд масалан каранб, чугундар ва карафс бошанд, на қатаф, дахинаҷ, хурфа ва коснӣ.
Бисёр кам рӯй диҳад, ки ягон тани дуруст андар зимистон бемор шавад. Агар бемор шавад, бояд зуд ба муолаҷа ва агар лозим ояд, ба истифроғ шитофт. Вале ба таҳқиқ андар [зимистон], хусусан агар [одам] гарммизоҷ бошад, чунин намешавад, ки ягон беморӣ ба амал ояд, магар ягон сабаби бузурге андар миён бошад, хоссатан ки гармии модарзодӣ худ тадбиркунанда буда, андар зимистон ба сабаби аз ҳалшавӣ эмин будан ва аз тариқи иҳтиқон ҷамъ шудан бисёр қавӣ бигардад ва тамоми қувваҳои табиӣ кори худро ба хубӣ анҷом бидиҳанд. Буқрот андар он исҳол оварданро дуруст ҳисобидааст, на раг заданро ва қайро андар он бад дида, вале андар тобистон савоб донистааст, зеро хилтҳо ба тобистон дар гардиш буда, ба зимистон ба тагшин шудан бигароянд. Бояд ба ӯ пайравӣ кард.
Агар ҳаво табаҳ шуда, вабоӣ гардад, бояд онро бо хушкӣ фузудани тан ва муътадил гардондани бошишгоҳ истиқбол намуд. [Чунин корҳо] бо ёрии чизҳое ба амал оварда шавад, ки онҳо бо қуввати хеш сардӣ ва тарӣ бахшанд. Ин ҳангоми вабои [ҳаво] аз ҳама беш зарур аст. Ё гармиро афзоиш дода, бар хилофи чизе рафтор карда шавад, ки мӯҷиби табаҳ шудани ҳаво гашта бошад. Хушбӯиҳо судмандтарин чиз андар ин ҳангом аст, хусусан агар хушбӯие зада шавад, ки бархилофи [бад]мизоҷӣ бошад.
Ҳангоми [вабои] ҳаво бояд аз ҳоҷати худ ба ҳавои бисёр кашидан коҳиш дод ва ин аз роҳи осудагию истироҳат ба амал оварда шавад.
Бисёр вақт табаҳ гардидани ҳаво аз замин бошад, бинобар ин, бояд бар тахтҳо нишаст ва бошишгоҳҳои ниҳоят баланд ва ҷойҳои бодрас ихтиёр намуд. Бисёр бошад, ки [117] сарчашмаи табаҳ шудан худи ҳаво бошад, ба ин тариқ ки табаҳии ҳавоҳои бо он ҳамсоя ба вай гузарад ва ё ба сабаби ҳодисаи осмоние [табаҳ гардад], ки кайфияти он бар мардум пӯшида бошад. Андар мисли ин ҳолатҳо бояд ба заминканҳо, хонаҳои чаҳор тарафаш бо девор иҳоташуда ва ба ганҷинаҳо паноҳ бурд.
Аммо бахурҳое, ки гандагии ҳавоҳоро дуруст кунанд, онҳо мушки замин, кундур, мурд, гул ва сандал буванд.
Ҳангоми вабои [ҳаво] сирко истеъмол кардан аз газанди он наҷот хоҳад дод. Мо андар китобҳои [бемориҳои] ҷузъӣ он чизеро, ки андар ин хусус бояд гуфт, ба тамомӣ ёд хоҳем кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё