Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар ин, агар тарӣ ғолиб бошад, худованди онро андар поёни синни барноӣ ҳол беҳ шавад ва андар ҳар ду [кайфият] муътадил бигардад ва чун синнаш рафтан гирад, тарии бегона афзоиш ёфта, гармӣ бикоҳад.
Мо гӯем, ки хулосаи тадбири гарммизоҷон ба ду ғараз вобаста аст. Якум ба эътидол овардани [мизоҷи] эшон ва дуввум нигоҳ доштани тандурустии эшон ба тавре, ки шоистаи он бувад. [Ғарази] нахустин касонеро арзонӣ бигардад, ки эшон андар муддати ба тадриҷ боз омадан ба сӯи эътидол [осудагиро] падруд гуфта, хештанро андар баробари сабри дуру дароз хор созанд, чаро ки бе тадриҷ тадбири эшон кардан боиси бемории баданҳояшон хоҳад шуд.
Аммо ғарази дуввум чунин аст: тадбири эшон бо ғизоҳое карда шавад, ки ҳамранги мизоҷашон буванд, то тандурустии мавҷудаи эшон нигоҳ дошта шавад.
Касоне аз гарммизоҷон, ки мизоҷашон андар ду [кайфияти] феълпазир муътадил бошад, эшон аз ибтидои кор ба ғояти тандурустӣ буда, мизоҷашон барои зуд баромадани дандонҳову мӯй ёрӣ диҳад ва зуд соҳиби баён, гуфтор ва ҳатто роҳ гаштан бигарданд. Сипас чун ба синни барноӣ бирасанд, гармӣ ба ифрот расида, хушкӣ афзоиш ёбад ва эшонро мизоҷи сӯзон падид ояд ва андар бисёре аз эшон зардаи зиёд ба амал ояд.
Тадбири инҳо андар синни нахустин чун тадбири касони муътадил бувад. Ҳар гоҳ аз ин [син] гузаранд, тадбири касеро пеш гиранд, ки пешоб рондан ва зардаро аз ҷиҳате, ки фазлаҳояш бад-он ҷиҳат майл доранд, яъне аз ҷиҳати исҳол ва қай, истифроғ кардан бихоҳад.
Агар табиат ба танҳоӣ хилтро ба сӯи истифроғ равон кардан натавонад, онро бо чизҳои сабуке ёрӣ расонанд: аз роҳи қай, масалан, бо бисёр ошомидани оби гарми холис ва ё ҳамроҳи набиз ва аз роҳи исҳол, масалан, бо бунафшаи парварда, хурмои ҳиндӣ, ширхишт ва тарангубин онро [ёрӣ диҳанд].
Бояд варзишҳои эшон кам карда шаванд ва ғизои хушкимус бихӯранд. Гоҳе воҷиб ояд, ки андар як рӯз се бор гармоба кунанд. Бояд аз ҳар як сабабгоре бипарҳезанд, ки гармиовар бувад. Агар пас аз таом гармоба кардан боиси азҳамкашидагӣ ва гаронӣ андар ноҳияи ҷигар ва шикам нагардад, бояд ин [корро] бо итминон бикунанд, вале агар чизе аз ин [ҳолатҳо] падид ояд, бояд суддакушояндаҳое аз қабили оби таркардаи афсинтин, доруи сабр, розиёнаи румӣ ва бодоми талх бо сикангубин ба кор бибаранд ва пас аз таом гармоба карданро бас кунанд. Ин доруҳои кушояндаро ба эшон бояд баъд аз гувориши таоми якум ва қабл аз хӯрдани таоми дуввум бидиҳанд, балки бояд ҳангоме бидиҳанд, ки миёни якум ва миёни таоми дуввум хӯрдан як муддате фосила бошад.
Ин [муддатест[, ки аз ҳангоми пагоҳӣ аз хоб хестан то ҳангоми гармоба кардани эшон бошад.
Бояд равған молиданро давом бидиҳанд ва шароби сафед биошомонанд. Оби сард [низ] эшонро суд дорад. Ҳамаи инҳо барои худовандони мизоҷи хушки гарм андар оғози кор бартарӣ дорад.
Аммо худовандони мизоҷи гарми тар бошанд, андар маърази гандидан ва фурудоии моддаҳо ба сӯи андомҳо қарор доранд. Бинобар ин, бояд варзиши эшон бештар таҳлилфизо ва нарм бошад, то ки гармӣ наоварад [ва] изофа ба он

[бояд] аз ҳаракате парҳез кунанд, ки боиси ба шӯр омадани хилтҳо бигардад. Касоне, ки аз миёни эшон ба варзиш хӯ накардаанд, аз ҳама бештар бояд аз он иҷтиноб варзанд. Беҳтар он аст, ки баъд аз истифроғ кардан варзиш кунанд, пеш аз таом гармоба кунанд ва ба берун сохтани ҳамаи фазлаҳо инояти [махсус] бидиҳанд. Чун баҳор омад, бо раг задану истифроғ овардан чораи эҳтиётӣ бинанд.
Фасли дуввум андар ба ислоҳ овардани мизоҷе, ки сардияш беш аз андоза бувад

Синфҳои ин [мизоҷ] низ сеанд. Касонеро, ки мизоҷашон андар ду [кайфияти] феълпазир муътадил аст, бояд оҳанги он кунанд, ки бо ғизоҳои гарми андар тарию хушкӣ муътадил, бо равғанҳои тафсонанда, [бо] маъҷунҳои бузург, истифроғҳои ба тариҳо хос, гармобаҳои арақовар ва [бо] варзишҳои [116] дуруст гармии хешро боло бардоранд, чаро ки ҳарчанд ингоҳ тарии эшон муътадил аст, вале бар асари ҷой доштани сардӣ эшон андар маърази падид омадани рутубатҳо қарор доранд.
Аммо онҳое, ки ба изофаи ин хушкӣ доранд, тадбири эшон ба айнӣ чун тадбири пирон бувад.
Фасли севвум андар тадбири баданҳое, ки бемориро зуд бипазиранд

(181) Эшон ё аз сабаби пурӣ пазирои онанд, андар ин сурат бояд миқдори хилтҳояшон муътадил гардонида шавад ва ё аз сабаби хилтҳои хоми андар танашон ҷойдошта [чунинанд], ки андар ин ҳол бояд кайфияти онҳо ба эътидол оварда шавад ва ин бад-ин гуна бошад, ки миқдори ғизоро муътадил бигардонанд ва агар одат дошта бошанд, пеш аз гармоба варзишу молиш ба таври зиёд, агар одат надошта бошанд, ба таври сабуктар ба кор баранд. Ғизо бояд ба онҳо қисм-қисм дода шавад ва якбора ба серӣ набояд дод. Агар тани эшонро зуд арақ кардан одат бошад, гоҳ-гоҳе арақоварӣ кунанд. Агар дер хӯрдани ғизо боиси андар меъда рехтани зарда намешуда бошад, бояд то ба баъди гармоба мавқуф гузошта шавад ва агар не, пеш аз он дода шавад.
Агар ягон монеае набошад, вақти муътадил баъд аз соати чаҳори нимрӯзист. Агар рехтани зарда ба меъда, чунон ки гуфтем, муҷиби пеш хӯрдани таом гардад ва сипас агар андар ҷигар нишонаҳои судда пай бурда шавад, бояд илоҷи онро бо [доруҳои] кушояндаи ёдшудае дид, ки бо мизоҷ созгоранд. Агар аз ин [чизҳо] сари [бемор]-ро зиёне бирасад, онро бояд бо пиёда гаштан тадбир кунанд.
Агар таом андар меъда табаҳ гардад ва агар худ ба худ фуруд ояд, ин ғанимате бошад, агар фуруд наояд, онро бо [гувориши] зираӣ ва анҷири бо хасакдона сиришта, ки сифати он ёд шуд, фуруд овар.
Фасли чаҳорум андар лоғар сохтани каси фарбеҳ

Тадбири вай он бошад, ки таом аз меъда ва рӯдаҳо зуд бигзаронад, то ки ҷӯйҳои [рагҳо] онро пурра макидан натавонанд ва чизҳои зерин ба кор барад: таоми миқдораш зиёди
камғизо хӯрдан; думодум пеш аз таом гармоба кардан; варзиши тез кардан; равғанҳои ҳалкунанда; аз маъҷунҳо итрифали хурд, доруи лок ва тарёк; ношито сирко бо обкома хӯрдан; ва он чи ки мо андар Китоби оростагӣ ёд хоҳем кард.

пешина
аз 1215
навбатӣ